Намангон
ӯзбекӣ: Namangan/Наманган | |
Кишвар | [[|]] |
Таърих ва ҷуғрофиё | |
Таърихи таъсис | 1610 |
Масоҳат |
|
Баландӣ | 450 ± 1 м |
Вақти минтақавӣ | UTC+05:00 |
Аҳолӣ | |
Аҳолӣ | |
Шиносаҳои ададӣ | |
Нишонаи почта | 716000 |
Вебгоҳи расмӣ | |
Парвандаҳо дар Викианбор |
Намангон (ӯзбекӣ: Namangan) - маркази маъмурӣ ва бузургтарин шаҳри вилояти Намангон Ҷумҳурии Ӯзбекистон аст. Баъд аз шаҳри Тошканд, 2-умин шаҳри Ҷумҳурии Ӯзбекистон аз рӯи шумораи аҳолӣ.
Таърих
[вироиш | вироиши манбаъ]Номгузории шаҳр аз забони форсӣ «Намак кон» (نمککان) — «кони намак» гирифта шудааст. Аз рӯи ривоятҳо, дар ҷойи бошишгоҳ кӯле будааст, ки аз он намак истеҳсол менамуданд[2].
10 марти соли 1941 бо қарори Президиуми Шӯрои Олии СССР вилояти Намангон дар ҳайати ҶШС Ӯзбекистон ташкил карда шуд, ва шаҳри Намангон маркази он эълон шуд.
Соли 2003 ноҳияи Давлатободи ш. Намангон барҳам дода шуда ба хокимияти шаҳр тобеъ карда шуд.
Ҷуғрофия
[вироиш | вироиши манбаъ]Намангон дар қисми шимоли водии Фарғона воқеъ аст. Баланди аз сатҳи баҳр — 476 метр. Масоҳати шаҳр — 145 км²[3] аст.
Аҳолӣ
[вироиш | вироиши манбаъ]Соли 2017 шумораи аҳолии шаҳр — 597 400 нафарро ташкил медод.[4]
Ислом
[вироиш | вироиши манбаъ]Намангон — шаҳрест, ки бо анъанҳои исломӣ шинохта мешуд. То соли 1917 инҷо 400 масҷид фаъолият дошт. Ибтидои солҳои 90-ум дар шаҳр ҷонибдорони мазҳаби ваҳҳобия (роҳбар Тоҳир Юлдош) ва гурӯҳҳои ифротгароии «Ислом лашкарлари» ва «Товба» («Тауба») бо роҳбарии Ҷумъа Намангонӣ якчанд амалҳои зидди давлатӣ гузарониданд, ки хилофи Конститутсияи кишвар буданд. Ҳукумати Ӯзбекистон соли 1993 зидди гурӯҳҳои ифротгароӣ муборизаро сар кард, масҷиди Мулло Қирғиз ба тобеъияти давлат гузашт. Роҳбарони ифротгароён ба Афғонистон гурехтанд. Ҳоло шаҳр дар вазъияти ором қарор дорад.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ 1.0 1.1 1.2 http://www.citypopulation.de/Uzbekistan.html
- ↑ Хокимият Наманганской области
- ↑ Административно-территориальное деление Наманганской области(пайванди дастнорас)
- ↑ Численность населения на 1 апреля 2017 года. 1 Декабри 2019 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 21 октябри 2019.