Субҳон Амирқулов

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Субҳон Амирқулов

Субҳон Амирқулов (тав. 25 июни 1935, деҳаи Гулшани ноҳияи Ғузор, ҶШС Ӯзбекистон) — адабиётшиноси тоҷик, доктори илмҳои филология (1997), профессор (1999).

Зиндагинома[вироиш | вироиши манбаъ]

Институти давлатии педагогии Душанбе ба номи Т. Г. Шевченкоро хатм кардааст (1955). Муҳаррири Нашриёти давлатии Тоҷикистон (1955 – 57), аспирант (1957 – 60). Пас аз хатми таҳсил дар аспирантура дар кафедраи Таърихи адабиёти классикии факултети филологияи УДТ ба таълиму тадрис пардохт.

Фаъолияти илмӣ[вироиш | вироиши манбаъ]

Муаллифи бештар аз 150 рисолаву мақолаи илмӣ. Монографияи ӯ «Ҷунайдуллоҳи Ҳозиқ ва достони ӯ «Юсуф ва Зулайҳои ӯ» (1967) ва як силсила мақолаҳояш барои кашфу таҳқиқи таърихи адабиёти тоҷик дар садаи 18 ва нимаи аввали садаи 19 мусоидат кардаанд. Ӯ дар ҷараёни таҳқиқ ба масоили умуминазариявӣ ва методологии омӯзиши адабиёти ин давраҳо низ аҳамият дода, ба масъалаҳо ва муаммоҳои асосии он амиқ нигарис- тааст. А. доир ба эҷодиёти Аҳмади Дониш зиёда аз даҳ мақола ва як маърӯзаи илмӣ таълиф намудааст, ки дар онҳо паҳлуҳои гуногуни рӯзгор ва осори Аҳмади Дониш – шеъру шоирӣ аз назари ӯ, Аҳмади Дониш ва Мирзо Бедил, робитаи эҷодии ӯ бо гузаштагон таҳлилу баррасӣ шудаанд. А. дар рисолааш «Фирдавсӣ ва мактаби адабии Аҳмади Дониш» (1995) доир ба робитаи эҷодии Аҳмади Дониш ва бузургони адабиёти гузаштаи форс-тоҷик муфассал баҳс меорояд. А. ба омӯзиши чеҳраҳои дигари адабиёти форс-тоҷик (мас., Рӯдакӣ) низ машғул шудааст. А. ба омӯзиши масъалаҳои адабиёти муосири тоҷик низ таваҷҷуҳ намудааст. Мақолаҳои ӯ «Айнӣ ва Бедил» (1968), «Мулоҳизаҳо доир ба афкори адабӣ-эстетикии устод Айнӣ» (1982) «Қуллаи баланди шеъри сода» (оид ба иртиботи эҷодии М. Турсунзода ва Ҳофизи Шерозӣ; 1985) ва ғ. аз назари тадқиқи масоили ворисияти адабӣ, анъана ва навоварӣ, рушди адабиёт навишта шудаанд.

Осор[вироиш | вироиши манбаъ]

  • “Ҷунайдулло Ҳозиқ ва достони ӯ «Юсуф ва Зулайхо» / Муҳаррири масъул Т. Неъматзода. – Душанбе: Ирфон,1967. – 93 с.//Тақриз: Абдуллозода, А. Тадқиқоти достони шоир // Маориф ва маданият. – 1968. – 11 август.
  • Аҳмади Дониш ва Мирзо Бедил // Масъалаҳои филологияи тоҷик. – Душанбе, 1974. – С. 62-71.
  • Масъалаҳои филолгияи тоҷик / Муҳаррири масъул С. Амирқулов, Б. Камолиддинов. – Душанбе, 1974. – 171 с.
  • Адабиёти тоҷик дар нимаи якуми асри XIX: Дастур барои донишҷӯёни факултети филологияи тоҷик. – Душанбе, 1980. – 100 с.
  • Назаре ба инкишофи анъанаи реалистӣ дар адабиёти равияи пешқадами нимаи якуми асри XIX: Образ ва маҳорати бадеӣ. – Душанбе, 1980. – С. 62-71.
  • Пайванди «Холи ҳинду» ва «Ҳоли ҳинду: Порча аз рисолаи адабиётшинос оид ба муносибати М.Турсунзода ба эҷодиёти Ҳофизи Шерозӣ // Адабиёт ва санъат. – 1984. – 31 май.[1]

Мукофоту орденҳо[вироиш | вироиши манбаъ]

Бо медали «Собиқадори меҳнат» (1988), ордени Шараф (дараҷаи I; 1999), унвони фахрии Корманди шоистаи Тоҷикистон (2005) ва «Аълочии маорифи халқи Тоҷикистон» сарфароз гардидааст.

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

Сарчашма[вироиш | вироиши манбаъ]