Субҳон Исломов
Субҳон Исломов | |
Таърихи таваллуд | 5 январ 1951 |
Зодгоҳ | ноҳияи Панҷакент, ҶШС Ӯзбекистон, ИҶШС |
Таърихи даргузашт | 23 феврал 2008 (57 сол) |
Маҳалли даргузашт | Душанбе |
Кишвар | Тоҷикистон |
Фазои илмӣ | педагогика |
Ҷойҳои кор | Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ |
Дараҷаи илмӣ: | номзади илмҳои педагогика |
Унвонҳои илмӣ | дотсент |
Алма-матер | Донишкадаи давлатии омӯзгории шаҳри Душанбе ба номи Т. Г. Шевченко |
Субҳон Исломов (тав. 5.01.1951, деҳаи Артучи ноҳияи Панҷакент – ваф. 23.02.2008, шаҳри Душанбе), педагоги тоҷик, номзади илмҳои педагогӣ (1987).
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Солҳои 1969–1974 дар факултети физикаю математикаи Донишкадаи давлатии омӯзгории шаҳри Душанбе ба номи Т.Г.Шевченко таҳсил кардааст. Солҳои 1974–1978 лаборанти калони кафедраи физикаи умумии донишкадаи номбурда, 1978–1979 таҷрибаомӯз-муҳақиқи Институти тадқиқоти илмии «Пластмассы» шаҳри Москва, 1979–1980 мудири лабораторияи кафедраи физикаи умумӣ, 1980–1981 ассистенти кафедраи методикаи таълими фанҳои умумитехникӣ, 1981–1984 аспирант, 1985 муаллими кафедраи методикаи таълими фанҳои умумитехникӣ, 1986–1989 муаллими калон, дотсенти кафедраи методикаи таълим фанҳои умумитехникӣ, 1995–2007 мудири кафедраи методикаи таълими технология ва соҳибкории Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ буд. Муаллифи зиёда аз 90 корҳои илмӣ, илмию методӣ, 3 барномаи таълимӣ барои донишҷӯёни донишгоҳҳои омӯзгорӣ, 9 дастури методӣ, китобҳои дарсии «Касбу ҳунар» барои синфҳои 5–2 мактабҳои таҳсилоти умумӣ, 5 китоби дарсии «Касбу ҳунар» (барои писарон) синфҳои 5, 6 ва 7, «Касбу ҳунар» (барои духтарон) синфҳои 6-7 мебошад. Солҳои 2000–2004 вакили Маҷлиси вакилони халқии шаҳри Душанбе буд. Бо ифтихорномаҳои донишгоҳи омӯзгорӣ сарфароз карда шудааст.
осор
[вироиш | вироиши манбаъ]- Профессионализм учителя общетехнических дисциплин и труда средней общеобразовательной школы, Д., 1983;
- Первокурснику о самостоятельной работе, Д., 1984;
- Слесарная обработка металлов, Д., 1989;
- Ҳифзи меҳнат (тавсияҳои методӣ), Д., 1990;
- Касбу ҳунар (барои синфҳои 5-9), Д., 2005;
- Технология (барои писарон, синфҳои 5-9), Д., 2006.
Пайвандҳо
[вироиш | вироиши манбаъ]- Pages using the JsonConfig extension
- Pages which use a template in place of a magic word
- Зодагони 5 январ
- Зодагони соли 1951
- Шахсиятҳо аз рӯи алифбо
- Зодагони ноҳияи Панҷакент
- Даргузаштагони 23 феврал
- Даргузаштагони соли 2008
- Даргузаштагони шаҳри Душанбе
- Номзадҳои улуми педагогика
- Олимон аз рӯи алифбо
- Маорифшиносони Тоҷикистон
- Омӯзгорон аз рӯи алифбо
- Омӯзгорони Тоҷикистон
- Олимони Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ