Субҳон Кошонов
Таърихи таваллуд: | 10 июл 1953 |
---|---|
Таърихи даргузашт: | 22 январ 2020 (66 сол) |
Навъи фаъолият: | рӯзноманигор |
Субҳон Кошонов (10 июл 1953 — 22 январ 2020) — фалайсуф, рӯзноманигори тоҷик[1], номзади илмҳои сиёсатшиносӣ (1982), дотсент, раиси кумитаи иҷроияи Анҷумани тоҷикон ва форсизабонони ҷаҳон «Пайванд» (2014—2020).
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Субҳон Кошонов соли 1953 таваллуд шудааст. Хатмкардаи факултаи таърихи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон (1975).
Корнома
[вироиш | вироиши манбаъ]коромӯз ва аспиранти Пажӯҳишгоҳи фалсафаи Академияи Илмҳои ИҶШС (1976—1982) буд. Солҳо дар Донишгоҳи омӯзгории Қӯрғонтеппа ба сифати муаллими калон, мудири кафедраи фалсафа, ноиби ректор оид ба корҳои илмӣ (1984—1993) фаъолият доштааст. Аз соли 1993 дар вазифаҳои мудири бахши сиёсатшиносӣ ва фарҳангшиносии Институти иқтисоди ҷаҳонӣ ва муносибатҳои байналмилалии АИ ҶТ (1993—1996), машваратчии калони хадамоти матбуоти Президенти ҶТ (1996—1997), Ёрдамчии Президенти ҶТ (1997—2000), сармуҳаррири нашрияи расмии ҶТ «Ҷумҳурият» (2000—2005), Мушовири Президенти ҶТ оид ба сиёсати кадрҳо (2005—2007), Мушовири калони Президенти ҶТ оид ба рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа (2007—2014) ифои вазифа намудааст.
Субҳон Кошонов аз моҳи феврали соли 2014 то охири умр ба ҳайси Раиси Кумитаи иҷроияи Анҷумани тоҷикон ва форсизабонони ҷаҳон — Пайванд кор мекард.
Фаъолияти илмӣ
[вироиш | вироиши манбаъ]Субҳон Кошонов муаллифи чанд рисола, мақолаҳои зиёди илмӣ ва оммавӣ аст. Ба таври мунтазам оид ба ин ё он масъалаҳои ҷомеашиносӣ, ба хусус роҷеъ ба «Ташаккули зиёиёни тоҷик ва муносибати байни миллатҳо», «Тарбияи интернатсионалии ҷавонони деҳот» асарҳо таълиф намуда, дар чандин конфронсу семинарҳои байналмилалӣ дар кишварҳои Австрия, Булѓория, Қазоқистон, Қирғизистон, Лаҳистон, Олмон, Россия, Туркия, Фаронса ва ШМА иштирок ва сухаронӣ кардааст.
Даргузашт
[вироиш | вироиши манбаъ]Субҳон Кошонов 22январи 2020 дар синни 66-солагӣ даргузашт[2].
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ Салом алейкум, Таджикистан! Анонсы, день в истории, прогноз погоды на 10 июля http://news.tj/ru/news/salom-aleikum-tadzhikistan-anonsy-den-v-istorii-prognoz-pogody-na-10-iyulya-0 Бойгонӣ шудааст 13 июли 2014 сол.
- ↑ Субҳон Кошонов – собиқ сармуҳаррири “Ҷумҳурият” даргузашт. Pressa.tj. 3 Январ 2024 санҷида шуд.