Ҷаҳиш ба мӯҳтаво

Султоналии Машҳадӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Султоналии Машҳадӣ
Таърихи таваллуд тақрибан 1435 ё 1437[1]
Зодгоҳ
Таърихи даргузашт 1519 ё 1520[1]
Маҳалли даргузашт
Навъи фаъолият хушнавис, шоир, котиб, нависанда
 Парвандаҳо дар Викианбор

Султоналии Машҳадӣ (форсӣ: سلطان‌علی مشهدی‎; тақрибан 1435 ё 1437[1], Машҳад, Устони Хуросон — 1519 ё 1520[1], Машҳад, Устони Хуросон) — хушнавис, устоди хати настаълиқ, шоир ва музаҳиби форс-тоҷик.

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Дар давраи зиндагиаш бо лақабҳои «Қиблатулкуттоб», «Зубдатулкуттоб», «Султонулхаттотин», «Котибуссултони» машҳур гаштааст. Падараш Муҳаммад аз тоҷикони илмдӯсту ҳунарманди Машҳад буд. Султоналии Машҳадӣ то 20 солагӣ дар яке аз мадрасаҳои Машҳад таҳсил карда, ба хушвависи машҳур Азҳари Хаттот (вафот байни солҳои 1475—76) таълим гирифт. Баъд ба Ҳирот даъват шуда ба китобати осори саромадони адабиёти форс-тоҷик пардохт; баъдиба дасти Шаҳибеки Узбак гузаштани салтанат Султоналии Машҳадӣ маҷбур шуда, ба зодгоҳаш бармегардад. Дар ҳамон ҷо вафот мекунад. Қабраш дар Машҳад.

Зиёда аз сӣ асари китобаткардаи Султоналии Машҳадӣ ҳоло дар калонтарин китобхонаҳои Иттифоқи Советӣ ва хориҷа маҳфуз аст. Далели маҳорати ӯ дар кандакорӣ ва ҳаккоки (миқдори зиёди катибаи санги қабрҳо), инчунин навиштаҷоти пештоқу девори биноҳост. Миралии Ҳиравӣ, Султонмуҳаммади Хандоч, Султонмуҳаммади Нур, Зайнуддин Маҳмуд, Муҳаммади Абрешимӣ ва Шоҳмаҳмуди Нишопурӣ аз ҷумлаи машҳуртарин шогирдони ӯянд. Султоналии Машҳадӣ шоир низ будааст. Яке аз асарҳои манзуми Султоналии Машҳадӣ бо унвони «Сироту-с-сутур», «Сиротуул-хат», ва «Мидоду-л-хутут» («Рисолаи манзум дар илми хати настаълиқ») маъмул аст.

  1. 1 2 3 4 Deutsche Nationalbibliothek Record #1252430221 // Gemeinsame Normdatei (нем.) — 2012—2016.
  • Султоналии Машҳадӣ / Э. Оқилов // Сақофӣ — Ховалинг. — Д. : СИЭСТ, 1987. — (Энциклопедияи Советии Тоҷик : [дар 8 ҷ.] / сармуҳаррир М. Д. Диноршоев ; 1978—1988, ҷ. 7).