Султонзода Тоҷибой Султонӣ
Султонзода Тоҷибой Султонӣ | |
Таърихи таваллуд | 19 сентябр 1970 (54 сол) |
Зодгоҳ | Панҷакент, Тоҷикистон |
Кишвар | Тоҷикистон |
Фазои илмӣ | адабиётшинос |
Ҷойҳои кор | Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров, КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд |
Дараҷаи илмӣ: | номзади илмҳои филологӣ (2000), доктори илмҳои филологӣ (2019) |
Унвонҳои илмӣ | профессор |
Алма-матер | [[Институти давлатии педагогии Ленинобод ба номи С.М. Киров (ҳозира Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров (1988-1993))]] |
Султонзода Тоҷибой Султонӣ (Келдиёров Тоҷибой Султонович) — олими адабиётшинос, доктори илмҳои филология (2021), Узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, узви Конфедератсияи байналхалқии иттифоқҳои журналистӣ (2017), дорандаи медали Хизмати шоиста, Медали «30-солагии «Иттифоқи Чернобил» (2018), Ифтихорномаи маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон (2020), медали ҷашнии 20-солагии ҲХДТ (2021), медали 35-солагии «Иттифоқи Чернобил» (2021), медалҳои «Маърифатпарвар», «Нишони сухан»-и ИН Тоҷикистон (2023), «100-солагии РКСО» (2023), узви Иттифоқи байналмилалии нависандагон ва табибон (2023).
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Султонзода Тоҷибой Султонӣ (тахал. Тоҷибой Султонӣ)- адабиётшинос, доктори илмҳои филология (2021), профессори кафедраи адабиёти классикии МДТ «ДДХ ба номи академик Б.Fафуров» (аз соли 2022). 19-сентябри соли 1970 ба дунё омадааст. Пас аз хатми мактаби ҳаштсолаи деҳаи Ровадин ва мактаби миёнаи рақами 6 деҳаи Fӯсар (ҳоло ҷамоати ба номи Лоиқ Шералӣ) соли 1988 ба факултаи филологияи ИДПЛ ш. Ленинобод (ҳоло ДДХ ба номи академик Б.Fафуров) дохил шуда, онро соли 1993 хатм намудааст. Солҳои 1993-1995 фаъолияти кориро ба ҳайси муаллими кафедраи байнифакултетии забон ва адабиёти ДДХ (ҳоло ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров) оғоз намудааст. Солҳои 1995-1998 таҳсилро дар аспирантураи ДДХ идома додааст. Узви Шӯрои олимон ва муҳаққиқони вилояти Суғд (1997-2005), раиси Шӯрои олимон ва муҳаққиқони ҷавони вилояти Суғд (2001-2005). Солҳои 2009-2012 дар докторантураи ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров таҳсил намудааст. Котиби масъул (2013-2014) ва сармуҳаррири нашрияи ҲХДТ дар вилояти Суғд - «Сухани халқ» (майи 2014 то феврали 2016). Аз 14 декабри 2015 мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи Раиси вилояти Суғд.Дар шашумин Анҷумани байналмилалиии устодони забон ва адабиёти форсӣ (25-26 даймоҳи соли 1387 дар Теҳрон), ҳамоиши байналмилалии 1150-солагии Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ (Теҳрон, 1387 / 2008), ҳамоиши байналмилалии бузургдошти Алишери Навоӣ (Машҳад, даймоҳи 1393), семинари омӯзишии «Рушди ВАО-и ҷадид дар Тоҷикистон» (Ҷумҳурии Халқии Хитой, Пекин, 22-октябр-5 ноябри соли 2015), Конференсияи бузургдошти Абдураҳмони Ҷомӣ (2017) ва дар чандин конфронсҳои байналхалқӣ, вилоятӣ ва ҷумҳуривии кишвар ширкат ва суханронӣ кардааст. Давраи бозомӯзиро вобаста ба ихтисос дар Донишгоҳи Шаҳид Биҳиштии кишвари Эрон (ноябр-январи соли 2008-2009) сипарӣ намудааст.
Фаъолияти илмӣ
[вироиш | вироиши манбаъ]Риштаи таҳқиқоти Тоҷибой Султонӣ масоили маърифат ва шарҳи осори адабиро дарбар мегирад. Соли 2000-ум рисолаи номзадии хешро дар мавзӯи «Шарҳи қасоиди Хоқонӣ»-и Алавии Шодиободӣ ва масъалаҳои маърифати бадеии ашъори Хоқонӣ» таҳти роҳбарии профессор Абдуманнони Насриддин ба дифоъ расонидааст. Дар адабиётшиносии тоҷикӣ бори аввал роҷеъ ба шурӯҳи осори Хоқонии Шарвонӣ таҳқиқот анҷом дода, намунаҳои ашъори ӯро ба нашр расонидааст. Дар мавзӯи «Камолуддин Ҳусайни Хоразмӣ ва суннатҳои шарҳнависӣ бар «Маснавии маънавӣ»-и Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ» таҳқиқоти илмӣ анҷом дода, соҳиби дараҷаи илмии доктори илмҳои филология гардидааст.
Фаъолияти ҷамъиятӣ
[вироиш | вироиши манбаъ]Султонзода Тоҷибой Султонӣ аз соли 2016 котиби Комиссияи татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Тоҷикистон» дар вилояти Суғд мебошад. Мавсуф солҳои мухталиф котиби кумитаи тадорукоти ҷашнҳои сиёсию давлатии 25-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 5500-солагии шаҳри Саразми бостонӣ, 700-солагии шоири ғазалсарои тоҷик Камоли Хуҷандӣ, 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд буд ва барои дар сатҳи баланд доир гардидани ҷашнҳои болозикр ҳиссаи сазовор гузоштааст. Дар ин замина, дар нашри китобҳои зерин ҳамчун узви ҳайати таҳририя ва муҳаррир саҳм гузоштааст: 1. «Пешвои миллат ва 25 соли нусратҳо” Хуҷанд: Хуросон, 2017, -544 саҳ. (узви ҳайати таҳририя); 2. “Девон”-и Сайфи Исфарангӣ. Хуҷанд: Хуросон, 2017.-832 саҳ.(муҳаррир); 3. “Пешвои миллат – эҳёгари тамаддуни тоҷикон”.Маводи конфронси ҷумҳуриявии илмӣ- назариявии ДДҲБСТ.-Хуҷанд: Ношир, 2019.-604 с. (муҳаррир); 4. “Пешвои миллат ва рушди Тоҷикистони соҳибистиқлол”. Маводи конференсияи илмӣ- амалии ҷумҳуриявии “Президенти кафили рушди устувори иқтисодӣ ва зиндагии шоистаи мардум”.-Хуҷанд: Ношир, 2022.-509 саҳ.(муҳаррир); 5. «Сарвар, Президент, Пешво». -Хуҷанд: Ношир, 2022, -336 саҳ. (узви ҳайати таҳририя); 6. Иҷлосия: парвозгоҳи Пешвои миллат. -Хуҷанд: Хуросон, 2022, -330 саҳ. (узви ҳайати таҳририя).
Осор
[вироиш | вироиши манбаъ]Т. Султонӣ соҳиби зиёда 200 мақолаи илмӣ ва илмию оммавӣ оид ба масоили мухталифи адабию иҷтимоӣ мебошад. Ба масоили таҳқиқи шеъри муосир низ таваҷҷӯҳ дошта, дар ин замина зиёда аз 40 мақола таълиф намудааст. Мақолаҳояш дар маҷаллаҳои дар КОА-и назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Федератсияи Россия, Эрон ва Ҳиндустон ба нашр расидаанд. Осори таълифии Т. Султонӣ иборат аз «Шарҳи қасоиди Хоқонӣ»-и Алавии Шодиободӣ ва масоили маърифати бадеии ашъори Хоқонӣ», (Хуҷанд-2000); «Шарҳи «Миръоту-с-сафо»-и Хоқонӣ», (Хуҷанд-2000); «Таҳлили матни асари бадеӣ» (раҳнамои таълим), Хуҷанд – 2002; «Шарҳи қасоиди Носири Хусрав» (таҳия бо ҳаммуаллифӣ), Хуҷанд – 2003; "Таърихи адабиёт"(аҳди бостон), Хуҷанд, 2009; Нома ба падар. Хуҷанд, Нашриёти «Андеша», 2012. – 56 саҳ. (Нашри дуюм, бо иловаҳо), Хуҷанд: Меъроҷ.-2018.-98 саҳ; «Хони маънӣ» (Мунтахаби ашъори Анварии Абевардӣ, Адиб Собири Тирмизӣ ва Хоқонии Шарвонӣ). Таҳияи қасоид, ғазалиёт, қитъаҳо, ашъори мутафарриқаи Хоқонии Шарвонӣ, дар ҷилди 18-уми силсилаи «Ахтарони адаб», Душанбе, «Адиб», 2012); Китоби иншо. Душанбе: Ирфон.-2013. -196 саҳ.; «Қалъаи Ҳушрабо» (Шарҳи достони «Дижи Зотуссувар» аз дафтари шашуми «Маснавии маънавӣ»)(Хуҷанд, 2013.-143 саҳ.), маҷмӯаи мақолаҳои адабиёти муосири тоҷик бо номи «Сеҳри ҳалол». Хуҷанд: Меъроҷ, 2017, 117 саҳ., «Шарҳшиносии «Маснавии маънавӣ» (Иборат аз ду муҷаллад. Ҷилди 1., Хуҷанд: Хуросон, 2022.-296 с., Ҷилди 2., Хуҷанд: Хуросон, 2022.-300 с.) мебошад. Муҳимтарин сарчашмаҳо – «Шарҳи қасоиди Носири Хусрав» (Хуҷанд: Нури маърифат, 2004. – 250 с.) инчунин вобаста ба зиндагинома ва осори Мавлоно, аз ҷумла китобҳои зеринро таҳия ва таълиф намудааст: «Рисолаи Сипаҳсолор»-и Фаредуни Сипаҳсолор (қадимитарин сарчашма дар шинохти Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ), (Хуҷанд: Хуросон, 2015.- 205 саҳ.); «Гулшани тавҳид» (шарҳи манзуми «Маснавии маънавӣ») -и Иброҳим Шоҳидии Муғлавӣ (2015), ки аз нахустин шарҳи ин шоҳкори ирфонӣ дар кишвари Туркия мебошад; «Рисолаи ноия»-и Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ (Фаслномаи Камоли Хуҷандӣ, №(1)2015) ва «Ҷазираи маснавӣ»-и Юсуфи Синачок (Фаслномаи “Камоли Хуҷандӣ», № 2(2), 2015). Соли 2022 барои фаъолияти пурсамари хизмати давлатӣ бо мукофоти давлатии медали «Хизмати шоиста» сарфароз гардонида шудааст.
Китобҳо (Монографияҳо)
[вироиш | вироиши манбаъ]- Шарҳи «Миръот-ус-сафо»-и Хоқонӣ / Келдиёров Т. – Хуҷанд: Нашриёти ба номи Раҳим Ҷалил, 2001. – 80 с.
- Шарҳи қасоиди Носири Хусрав / Хуҷанд: Нури маърифат, 2004. – 250 с.
- Маҷмӯаи иншоҳо (ба ёрии кулли дохилшавандагони макотиби олӣ )/ Келдиёров Т. – Хуҷанд: Ношир, 2010. – 116 с.
- Маҷмӯаи иншоҳо(ба ёрии кулли дохилшавандагони макотиби олӣ ). – Душанбе: Ирфон 2011. – 122 с.
- Қалъаи Ҳушрабо. Шарҳи достони «Дизи Зотуссувар» аз дафтари шашуми «Маснавии маънавӣ»-и Мавлоно Ҷалолуддини Румӣ.-Хуҷанд: Ношир, 2011.-144 с.
- Китоби иншо / Келдиёров Т. Душанбе: Ирфон, 2012. -132с.
- «Хони маънӣ» (Мунтахаби ашъори Анварии Абевардӣ, Адиб Собири Тирмизӣ ва Хоқонии Шарвонӣ). / Султонӣ Т. Таҳияи қасоид, ғазалиёт, қитъаҳо, ашъори мутафарриқаи Хоқонии Шарвонӣ, силсилаи «Ахтарони адаб», ҷилди 18, Душанбе: Адиб, 2012, - С. 300-464)
- Нома ба падар / Султонӣ Т. - Хуҷанд: Меъроҷ.-2013.-80 саҳ.
- Китоби иншо / Келдиёров Т. - Душанбе: Ирфон.-2013. -196 саҳ.
- Иброҳим Шоҳидии Муғлавӣ. Гулшани тавҳид (шарҳи «Маснавии маънавӣ»). Муаллифи сарсухан ва тавзеҳи луғот Тоҷибой Султонӣ. Хуҷанд: Вектор-канд. - 352 саҳ.
- Фаредун ибни Аҳмади Сипаҳсолор. Рисолаи Сипаҳсолор Қадимитарин сарчашма дар шинохти Мавлоно Ҷалолуддини Румӣ. (Таҳия, тавзеҳ ва муқаддимаи Тоҷибой Султонӣ)–Хуҷанд: Хуросон, 2015.-208 саҳ.
- Сеҳри ҳалол (маҷмӯаи мақолаҳои адабиёти муосири тоҷик) / Султонӣ Т. – Хуҷанд: Меъроҷ, 2017.117 саҳ.
- Нома ба падар (бо такмилу иловаҳо)/ Султонӣ Т. - Хуҷанд: Ношир.-2018.-96 саҳ.
- Шарҳшиносии «Маснавии маънавӣ». Хуҷанд: Нури маърифат.-2019.-286 с.
- Камолуддин Ҳусайни Хоразмӣ ва «Ҷавоҳир-ул-асрор»-и ӯ. Хуҷанд: Нури маърифат.-2019.-292с.
- «Шарҳшиносии «Маснавии маънавӣ». Ҷилди 1., Хуҷанд: Хуросон, 2022., -296 с.
- «Шарҳшиносии «Маснавии маънавӣ». Ҷилди 2., Хуҷанд: Хуросон, 2022., -300 с.
Китобҳои дарсӣ
[вироиш | вироиши манбаъ]- Таҳлили матни асари бадеӣ (Раҳнамои таълим) / Келдиёров Т.(бо ҳаммуаллифӣ). Хуҷанд: Нури маърифат, 2003. – 120 с.
- Таърихи адабиёти тоҷик (Раҳнамои таълим) / Келдиёров Т.(бо ҳаммуаллифӣ). Хуҷанд: Нури маърифат, 2004.-126 с.
- Таърихи адабиёти тоҷик (аҳди бостон), (Раҳнамои таълим) / (бо ҳаммуаллифӣ), Хуҷанд: Нури маърифат, 2009. – 104 с.
Мукофотҳо ва ҷоизаҳо
[вироиш | вироиши манбаъ]Аъзои Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон (2017), узви конфедератсияи байналмилалии Иттифоқҳои журналистӣ (2017), Медали «Хизмати шоиста»(2021), Ифтихорномаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳуриии Тоҷикистон, Ифтихорномаи МИҲД вилояти Суғд; медали ҷашнии 20-солагии ҲХДТ, “30-солагии “Иттифоқи Чернобил”-и Россия, 35-солагии “Иттифоқи Чернобил”-и Россия, Нишони «Маорифпарвар» (2021), «Нишони сухан» (2023) мебошад.