Султонмуҳаммади Нур
Таърихи таваллуд: | 1472 |
---|---|
Таърихи даргузашт: | 1534 |
Шаҳрвандӣ (табаият): | |
Навъи фаъолият: | хушнавис |
Забони осор: | форсӣ |
Парвандаҳо дар Викианбор |
Султонмуҳаммади Нур (форсӣ: سلطان محمد نور; 1472 — 1534) — хаттот ва настаълиқнависи форс-тоҷик, аз шогирдони Султоналии Машҳадӣ.
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Аслан аз Ҳирот, котибидарбори Султон Ҳусайни Бойқаро буд. Ҳамасронаш Султонмуҳаммади Нурро дар ранганависӣ (истифодаи якчанд ранг) ва таҳрир мумтоз донистаанд. Муаллифи китоби «Мурооту-л-олам» дар ин хусус навиштааст; «Хатшиносони он замон муътақиданд, ки хафиро беҳ аз ӯ касе нанависад». Султонмуҳаммади Нурро баъзеҳо «Азҳари сонӣ» лақаб додаанд. Аз нусхаҳои китобати Султонмуҳаммади Нур як нусха «Зафарнома»-и Шарафуддин Алии Яздӣ (санаи китобаташ соли 1628, дар Китобхонаи датлатии Эрон, Теҳрон), «Мунтахаби ашъор»-и Саъдии Шерозӣ ва Абдурраҳмони Ҷомӣ (1518, ҳамон ҷо), девони Ҳофизи Шерозӣ (дар Китобхонаи мачлиси шӯрои миллӣ, Теҳрон), «Бӯстон» ва «Гулистон»-и Саъдии Шерозӣ (ҳамон ҷо) мебошад. Султонмуҳаммади Нур шеър ҳам менавиштааст, ки намунаҳояш боқӣ мондаанд.
Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Султонмуҳаммади Нур / А. Нуров, И. Калонов // Сақофӣ — Ховалинг. — Д. : СИЭСТ, 1987. — (Энциклопедияи Советии Тоҷик : [дар 8 ҷ.] / сармуҳаррир М. Д. Диноршоев ; 1978—1988, ҷ. 7).