Jump to content

Султонмуҳаммади Хандон

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Султонмуҳаммади Хандон
Шаҳрвандӣ (табаият):
Навъи фаъолият: хушнавис
Солҳои эҷод: 1510[1]1584[1]
Забони осор: форсӣ
 Парвандаҳо дар Викианбор

Султонмуҳаммади Хандон (? — 1551, Ҳирот) — хаттот ва настаълиқнависи форс- тоҷик.

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Бештари умраш дар Ҳирот гузаштааст. Дар хати настаълиқ маҳорати зиёд дошт. Аз намунаи китобати Султонмуҳаммади Xандон ду нусха «Юсуф ва Зулайхо» ва як нусха «Сабҳату-л-аброр»-и Абдурраҳмони Ҷомӣ (китобат 1525), як нусга «Бӯстон»-и Саъдии Шерозӣ (1515), як нусха девони Ҳофизи Шерозӣ (1516, дар Осорхони Британиё, Лондон), як нусха «Қирону-с-саъдайн»-и Амир Хусрави Деҳлавӣ (1516, ҳамон осорхона) ва ғайра боқӣ мондааст.

  • Султонмуҳаммади Хандон / И. Калонов // Сақофӣ — Ховалинг. — Д. : СИЭСТ, 1987. — (Энциклопедияи Советии Тоҷик : [дар 8 ҷ.] / сармуҳаррир М. Д. Диноршоев ; 1978—1988, ҷ. 7).