Султонмуҳаммад Удии Самарқандӣ
Зоҳир
Султонмуҳаммад Удии Самарқандӣ (? — қарни XV, Самарқанд) — мусиқидон, навозанда, хонанда ва оҳангсози форс-тоҷик.
Дар Самарқанд ба дунё омадааст. Султонмуҳаммади Удии Самарақандӣ чанд муддат дар ҳузури Абдурраҳмони Ҷомӣ таркиботи назарияи мусиқиро омӯхта, рисолае (то замони мо нарасидааст) ба ӯ бахшидааст. Вай барои уд чанд оҳанг («Пешрави Удӣ», «Кор ба савти Сегоҳ» «Нақши Ироқ», «Амали саҳро» ва ғайра) эҷод нардааст. Шуҳраташро шунида, ӯро ба дарбори ҳокими Бағдод даъват кардаанд. Султонмуҳаммади Удии Самарақандӣ чанд муддат дар Бағдод зиста, сипас ба зодгоҳаш баргашта ҳамон ҷо аз олам гузаштааст.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Султонмуҳаммад Удии Самарқандӣ // Сақофӣ — Ховалинг. — Д. : СИЭСТ, 1987. — (Энциклопедияи Советии Тоҷик : [дар 8 ҷ.] / сармуҳаррир М. Д. Диноршоев ; 1978—1988, ҷ. 7).