Jump to content

Султонхони Адо

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
(Тағйири масир аз Султонхон Адо)
Султонхони Адо
Адо
Зодгоҳ: Истаравшан
Таърихи даргузашт: 1834 -1835
Навъи фаъолият: шоир

Адо Султонхон, Султонхоҷаи Самарқандӣ (?, Истаравшан — 1834/35) — шоири тоҷик.

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Ҳаёт ва фаъолияти Султонхон Адо бештар дар Самарқанд гузаштааст. Маълумоти ибтидоиро дар зодгоҳаш Истаравшан назди падар гирифта, дар мадрасаи Кӯкалтоши Бухоро таҳсилро идома додааст. Баъди хатми таҳсил аз Бухоро ба зодгоҳаш баргашта дар доираи адабии Истаравшан фаъолона ширкат варзидааст. Адо ба хидмати амирони Хӯқанд Умархон (ҳукмронӣ 1808—1922) ва писараш Муҳаммадалихон (1828) дохил шуда, ба мартабаи маликушшуароӣ расид. Барои ҳалли масъалаҳои сатҳи давлатӣ ба амир Умархон ёрӣ мерасонд. Соли 1828 Амир Насруллоҳ (ҳукмронӣ 1827—1960) Адоро аз Хӯқанд ба Бухоро даъват карда, ба ӯ унвони шайхулисломро дод. Адо соҳиби 3 девон аст, ки яке дар Ганҷинаи дастхатҳои Институти забон, адабиёт, шарқшиносӣ ва мероси хаттии Академияи Илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дуюму сеюм дар Институти шарқшиносии Академияи Илмҳои Ҷумҳурии Ӯзбекистон маҳфузанд. Адо дар тамоми анвои шеър табъозмоӣ карда, бо ду забон — тоҷикӣ ва ӯзбекӣ шеър гуфтааст. Ғазалиёташ ишқӣ, қасидаҳояш мадҳиянд. Адо ба баъзе ғазалҳои устодони назми форс-тоҷик мухаммас, назира ва ё ҷавоб гуфтааст. Адо инчунин дар назираи «Гулзори Ирам»-и Мушфиқӣ достони «Нола ва афғон»-ро (иборат аз 312 байт) навиштааст. Дар достони мазкур 25 аъзои маҳбуба (аз кафи по то гардану ғабғаб, лаб, рӯ даҳон, чашму абру, кокулу гесӯ ва ғайра) бо санъати ташхис моҳирона тавсир шудаанд. Умуман, забони ашъори Адо содаву равон ва аз ҷиҳати бадеият баланд аст, вале дар баъзе шеърҳои ба сабки ҳиндӣ, дар тақлиди Бедил нигошташуда мушкилписандиҳо ба назар мерасанд. Намунае аз абёти Адо:

Хушо ринде, ки баъд аз мурданаш меросгири ӯ,
Ба ғайр аз пои тобуту асо чизе намегирад.
Бар сари турбати ман оиву шармандашавам,
Ҷон надорам, ки нисори қадамат мекардам.
  • Фазлии Намангонӣ, Маҷмӯат-уш-шуаро, Тошканд, 1902.,
  • Қорӣ Раҳматуллоҳи Возеҳ, Тӯҳфат-ул-аҳбоб фӣ тазкират-ул-асҳоб, Д., 1977;
  • Муҳаммад Ҳакимхон, Мунтахаб-ут-таворих (ба чоп ҳозиркунанда, А. Мухторов, дар 2 ҷилд), Д., 1983.