Jump to content

Забони ӯзбекӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
(Тағйири масир аз Ӯзбакӣ)
Забони ӯзбекӣ
Номи қавмӣ ӯзбекӣ: Oʻzbek tili
ӯзбекӣ: Ўзбек тили
ӯзбекӣ: ئۇزبېك تیلى
Кишварҳо
Созмони танзимкунанда Alisher Navo'i Tashkent State University of Uzbek Language and Literature[d]
Шумораи умумии гӯишварон
Вазъ дар ҳоли амн[d][11]
Таснифот
забонҳои туркӣ
забонҳои туркии ом[d]
Karluk[d]
забонҳои карлукӣ-хоразмӣ[d]
забони ӯзбекӣ
Хат Алифбои лотинӣ, алифбои сирилик ва алифбои арабӣ
Коди забонӣ
ГОСТ 7.75–97 узб 710
ISO 639-1 uz
ISO 639-2 uzb
ISO 639-3 uzb
WALS uzb
Ethnologue uzb
ABS ASCL 4306
IETF uz
Glottolog uzbe1247
Ниг. низ: Лоиҳа:Забоншиносӣ

Забони узбекӣ (Oʻzbekcha / Oʻzbek tili / Ўзбекча / Ўзбек тили / ئۇزبېك تیلى / ئوزبېچه) — яке аз забонҳои туркӣ мебошад. Забони давлатии Ҷумҳурии Ӯзбекистон аст, ҳамчунин забони расмии баъзе вилоятҳои шимолии Ҷумҳурии Исломии Афғонистон мебошад. Забони ӯзбекӣ — яке аз забонҳои гурӯҳи оилаи забонҳои туркӣ аст. Гӯяндаҳои забони узбекӣ дар ҷаҳон тақрибан 40 миллион ҳастанд. Дар ин забон асосан дар кишварҳои Ӯзбекистон (тақрибан 35 миллион мардум), Тоҷикистон (тақрибан 1,5 миллион мардум), Афғонистон (беш аз 2,5 миллион мардум), Қирғизистон (беш аз 850 000 мардум), Қазоқистон (беш аз 550 000 мардум) ва Туркманистон (беш аз 500 000 мардум) гуфтугӯ мекунанд. Ҳамчунин, дар кишварҳои Русия, Туркия, Чин, Покистон, ИМА ва дигар кишварҳо (масалан дар кишварҳои Аврупо) ҳам муҳоҷирони ӯзбекзабон зиндагонӣ мекунанд. Забони ӯзбекӣ — забони маъмултарин дар Осиёи Миёна мебошад.

Яке аз забонҳои туркӣ, дар гурӯҳӣ қарлуқии забонҳои туркӣ доҳил аст. Дар Ӯзбекистон барои забони ӯзбекӣ расман алифбои лотинӣ истифода мешавад, ва ҳамчунин алифбои кирилликӣ ҳам хуб истифода мешавад. Барои забони ӯзбекӣ, мардуми ӯзбекзабон дар Тоҷикистон, Қирғизистон, Қазоқистон ва Туркманистон асосан алифбои кирилликӣ истифода мебаранд. Дар ин кишварҳои ҳамсоя, барои забони ӯзбекӣ, асосан авлоди ҷавон ҳамчунин алифбои лотинӣ ҳам истифода мебарад. Дар Афғонистон, Покистон, Чин ва дигар кишварҳо (масалан дар Эрон ва кишварҳои Араб) ӯзбекзабонон алифбои арабӣ ва ё алифбои форсӣ истифода мекунанд.

Дар забони ӯзбекӣ асосан чор гурӯҳи лаҳҷаҳо мавҷуд аст: лаҳҷаҳои ӯзбекии шимолӣ, лаҳҷаҳои ӯзбекии ҷанубӣ, лаҳҷаҳои ӯзбекии ӯғузӣ, ва лаҳҷаҳои ӯзбекии қипчоқӣ.

Алифбои забони ӯзбекӣ

[вироиш | вироиши манбаъ]
Ҷадвали тарҷумавӣ
Алифбои арабӣ Алифбои лотинӣ Алифбои кирилликӣ Алифбои лотинӣ АФБ
Солҳои 1923—1930 Солҳои 1934—1940 Аз соли 1940 то ҳоло Аз соли 1995 то ҳоло
ئه, ه A a, Ə ə А а A a [a], [æ]
B ʙ Б б B b [b]
D d Д д D d [d]
ئي E e Е е, Э э E e [е]
F f Ф ф F f [f]
گ G g Г г G g [g]
H h Ҳ ҳ H h [h]
ی I i И и I i [ɪ]
ﺝ, ژ Ç ç, Ƶ ƶ Ж ж J j [ʤ], [ʒ]
K k К к K k [k]
L l Л л L l [l]
M m М м M m [m]
ن N n Н н N n [n]
ئا, ئو A a, O o О о O o [ɑ]
پ P p П п P p [p]
Q q Қ қ Q q [q]
R r Р р R r [r]
س S s С с S s [s]
T t Т т T t [t]
ئۇ U u У ӯ U u [u]
ۉ V v В в V v [v], [w]
X x Х х X x [χ]
ی J j Й й Y y [j]
ز Z z З з Z z [z]
ئو O o Ў ӯ Oʻ oʻ [o]
Ƣ ƣ Ғ ғ Gʻ gʻ [ɣ]
Ş ş Ш ш Sh sh [ʃ]
چ C c Ч ч Ch ch [ʧ]
ڭ Ꞑ ꞑ Нг нг ng [ŋ]
ء, ﺋ ʼ Ъ ъ ʼ [ʔ]