Султон Қувват

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Султон Қувват
Таваллуд 27 март 1950(1950-03-27)
Даргузашт 14 ноябр 2011(2011-11-14) (61 сол)
Таҳсилот

Султон Қувват (27 марти 1950, Кӯлоб14 ноябри 2011, Тоҷикистон) — давлатмард ва сиёсатмадори тоҷик.

Зиндагинома[вироиш | вироиши манбаъ]

Султон Қувват 27 марти соли 1950 дар шаҳри Кӯлоб ба дунё омадааст[1]. Мактаби миёнаи № 4- и шаҳри Кӯлоб ва соли 1974 Институти хоҷагии қишлоқи Тоҷикистонро бо дипломи сурх хатм намудааст.

Корнома[вироиш | вироиши манбаъ]

Аз соли 1974 то соли 1984 ба ҳайси корманди қаторӣ то ба расидан ба вазифаи сардори шӯъбаи мубориза бо дуздии моликияти ҷамъиятӣ (ОБХСС)-и вилояти Кӯлоб адои вазифа намудааст. Аз соли 1984 дар Шӯъбаи корҳои махсусан муҳими Раёсати мубориза бо дуздии моликияти ҷамъиятии Вазорати корҳои дохилӣ, ки соли 1991 ба Раёсати мубориза бар зидди ҷиноятҳои иқтисодии ВКД ҶТ тағйири ном кардааст, кору фаъолият намуда, соли 1992 сардории ин Раёсатро бар уҳда дошт. Аз моҳи майи соли 1995 то августи соли 1998 ба ҳайси Раиси Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият намудааст.

Даргузашт[вироиш | вироиши манбаъ]

Султон Кувват 14 ноябри соли 2011 бар асари бемории қад ва дил дар синни 61-солагӣ даргузашт[2].

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

  1. КУВВАТОВ Султон. centrasia.org. ЦентрАзия. 14 ноябри 2023 санҷида шуд.
  2. Рао/Ро. Султон Қувват дар синни 61 солагӣ аз беморӣ даргузашт(тоҷ.), Радиои Озодӣ (14 ноябри 2011). Проверено 14 ноябри 2023.