Суманак

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Сумалак

Суманак, Сумалак, Саманӯ — навъе аз хӯриши наврӯзист, ки аз сабзаи гандум пухта мешавад. Худи сабза рамзи эхёи табиъат ва зебоию осоиштагии ҳаёт ба шумор меравад. Ду хафта кабл аз чашни Наврӯз мардум дар хонаҳои худ, дар табакхо гандумхоро шуста ва месабзонанд ва рӯзи ид ба идгох меоранд. Он чо ҳамроҳ бо занҳои дигар дар деги калоне суманакпази мекунанд.

Пухтани сумалак

Ҷараёни суманакпазӣ як шабонарӯз давом мекунад ва занҳову духтарон ҳам сурудхонӣ, рақсу бозиҳо ва ҳазлу шӯхиҳо мекунанд. Зеро боваре ҳаст, ки соли навро агар бо хандаю хурсандию шодмонӣ пешвоз гирӣ, ҳамон сол пурра бо хуррамию шодӣ зиндагӣ хоҳи кард.

Ҳангоми кофтани дег таронаи «Суманак дар дег, мо кафча занем»-ро месароянд. Суруди маъруфи суманакпазӣ, ки ҳангоми пухтани ин ғизои рамзии Наврӯз бо доиранавозӣ ба тариқи умумӣ хонда мешавад, чунин аст:

«

Суманак дар ҷӯш, мо дафча занем,

Дигарон дар хоб, мо кафча занем.
Сумалак буйи баҳор аст,
Сумалак авҷу барор аст,
Мелаи шабзиндадор аст,
Иди Новрӯзӣ муборак!
Суманак дар ҷӯш, мо дафча занем,
Дигарон дар хоб, мо кафча занем.
»

[1]

Нигаред[вироиш | вироиши манбаъ]

Пайвандҳо[вироиш | вироиши манбаъ]

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

  1. Мероси фарҳанги ғайримоддӣ дар Тоҷикистон / Мураттиб: Д. Раҳимов; муҳаррир Ш.Комилзода. — Душанбе: Эр-Граф, 2017. — С. 87-88. — 280 с.