Суҳайлӣ Расулов
Суҳайлӣ Мирқозиевич Расулов | |
Таърихи таваллуд | 14 декабр 1973 (50 сол) |
Зодгоҳ | ноҳияи Айнӣ, ҶШС Тоҷикистон ИҶШС |
Кишвар | Тоҷикистон |
Фазои илмӣ | филология |
Ҷойҳои кор | Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ, Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон |
Дараҷаи илмӣ: | доктори илмҳои филология |
Унвонҳои илмӣ | профессор |
Алма-матер | Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ |
Ҷоизаҳо | Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон |
Суҳайлӣ Мирқозиевич Расулов (тав. 14.12.1973, д. Искодари ноҳ. Айнӣ) — олим, доктори илмҳои филология (2019), подполковники мустаъфии ВКД ҶТ, Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Хатмкардаи факултаи филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ (1995), факултаи ҳуқуқшиносии Донишкадаи андоз ва ҳуқуқ (2000) ва Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (2003). Баъди хатми Донишгоҳ дар вазифаҳои гуногун: ваколатдори фаврӣ, сарваколатдори фаврӣ, сарваколатдори фаврӣ оид ба корҳои махсусан муҳим, сардори Шуъбаи якуми Раёсати амнияти дохилии Саридораи полиси андози Вазорати даромадҳо ва пардохтҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дотсенти кафедраи фаъолияти фаврию ҷустуҷўии Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (1995-2011), сардори Раёсати муносибатҳои байналмилалӣ ва ҳамоҳангсозии барномаҳои Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, (2011-2013), муаллими кафедраи ҳуқуқ, мудири кафедраи методикаи таълими забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ (2013- 2015), муаллими фанҳои забону адабиёти тоҷик ва таъриху ҳуқуқи МДТ “Мактаби Президентӣ барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Ҳисор» (2015-2017), сардори Шуъбаи иттилоот ва нашрия, директори Китобхонаи илмӣ ва сардори Шуъбаи сифати таҳсилот, ҳамзамон профессори кафедраи забони тоҷикии Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон (2017-2021) кор кардааст. Рисолаи номзадиро таҳти унвони «Хусусиятҳои луғавӣ ва услубии ашъори Нақибхон Туғрали Аҳрорӣ» (2011) ва рисолаи докториро дар мавзуи «Вижагиҳои сохторӣ ва маъноии ибораҳои номӣ дар осори манзуми охири асри ХIХ ва ибтидои асри ХХ» (2019) дифоъ намудааст. Аз соли 2021 инҷониб дар кафедраи умумидонишгоҳии забони тоҷикии ДДОТ ба номи С. Айнӣ фаъолият дорад.
Пайвандҳо
[вироиш | вироиши манбаъ]- Зодагони 14 декабр
- Зодагони соли 1973
- Шахсиятҳо аз рӯи алифбо
- Зодагони ноҳияи Айнӣ
- Докторони улуми филология
- Олимон аз рӯи алифбо
- Олимони Тоҷикистон
- Филологони Тоҷикистон
- Омӯзгорон аз рӯи алифбо
- Омӯзгорони Тоҷикистон
- Олимони Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ
- Олимони Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи А. Сино
- Дорандагони нишони Аълочии маорифи Тоҷикистон