Jump to content

Сэмюэл Ҳантингтон

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Сэмюэл Ҳантингтон
англ. Samuel P. Huntington
Таърихи таваллуд 18 апрел 1927(1927-04-18)[1][2][3][…]
Зодгоҳ
Таърихи даргузашт 24 декабр 2008(2008-12-24)[4][1][2][…] (81 сол)
Маҳалли даргузашт
Кишвар
Фазои илмӣ Равобити байналмиллалӣ
Ҷойҳои кор
Алма-матер
Шогирдон Франсис Фукуяма[d] ва Ҷон Миршаймер[d]
Ҷоизаҳо
 Парвандаҳо дар Викианбор

Сэ́мюэл Фи́ллипс Ҳа́нтингтон (англ. Samuel Phillips Huntington; 18 апрели 1927, Ню-Йорк, ИМА — 24 декабри 2008, Мартас Винеярд, Массачусетс, ИМА) — ҷомеашинос ва сиёсатшиноси амрикоӣ, муаллифи консепсияи тақсимоти қавмию фарҳангии тамаддунҳо, эъломшуда дар мақолаи «Бархӯрди тамаддунҳо?» (The Clash of Civilizations?), мунташиршуда соли 1993 дар маҷаллаи «Форин афферс» ва сипас соли 1996 дар китоби «Бархӯрди тамаддунҳо».

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Сэмюэл Ҳантингтон 18 апрели соли 1927 дар Ню-Йорк дар як хонаводаи муҳоҷири англис ба дунё омадаст. Дар донишгоҳҳои Йел ва Чикаго то марҳалаи коршиноси аршад таҳсил кардааст. Доктори улуми сиёсиро аз Донишгоҳи Ҳарвард гирифт ва дар ҳамон донишгоҳ ба тадрис пардохт. Аз соли 1989 то ҳафтодсолагӣ раёсати маркази мутолиоти стратегии Донишгоҳи Ҳарвардро уҳдадор буд.

Илова бар ин, масъулиятҳои мутааддиди дигареро ҳам бар уҳда доштааст, аз ҷумла:

  • Дастёри таҳқиқоти умури дифоъи дар муассисаи мутолиоти Брукингс (1953–1959)
  • Пажӯҳишгари Шӯрои таҳқиқоти улуми иҷтимоии Амрико(1957–1954)
  • Дастёри Муассисаи ҷанг ва сулҳ дар Донишгоҳи Колумбияи Ню-Йорк (1958)
  • Ҳамоҳангкунандаи дафтари тарҳ ва барномарезии шӯрои амнияти миллии Амрико дар давраи Бржинский (1978–1977)
  • Таҳлилгари умури дифоъӣ ва стратегӣ дар вазорати дифоъ ва хориҷаи Амрико (аз 1985 то кунун)
  • Раёсати Анҷумани мутолиоти улуми сиёсии Амрико (1987–1986)
  • Бунёнгузор ва сардабири маҷаллаи «Сиёсати хориҷӣ» (1977–1970)

Дидгоҳ ва корҳои асосӣ

[вироиш | вироиши манбаъ]
Харитаи тақсимбандии қавмию фарҳангии тамаддунҳо, бар пояи назарияи бархурди тамаддунҳои Сэмюэл Ҳантингтон:██ фарҳанги ғарб██ фарҳанги Амрикои Лотинӣ██ фарҳанги ҷопон██ фарҳанги чинӣ██ фарҳанг Ҳинд██ фарҳанги исломӣ██ фарҳанги православянӣ██ фарҳанги африқоӣ

Ҳантингтон — муаллифи осори сершумор дар заминаи навсозии сиесӣ, муносибатҳои байналмилалӣ, назарияи демократия ва муҳоҷират. Дар байни онҳо бояд ишора кард:

  • «Сарбоз ва давлат: назария ва сиёсати муносибатҳои маданӣ-низомӣ» (1957);
  • «Тартиботи сиёсӣ дар ҷомеаҳои тағйирёбанда» (1968);
  • «Мавҷи сеюм: Демократикунонӣ дар охири садаи XX,» (1991);
  • «Бархӯрди тамаддунҳо» (1993);
  • «Мо кистем? Чолишҳои ҳуввияти миллии Амрико» (2004).

Ҷаҳонишавӣ иқдоми амалии назарияи ҷанги тамаддунҳои Сэмюэл Ҳантингтон аст, ки ӯ тамаддуну фарҳанги Ғарбро ягона тамаддуни ҳақиқӣ меҳисобад ва хоҳони пирӯзии бечунучарои он бар дигар тамаддунҳост. Хантингтон вижагиҳои тамаддуни Ғарбро дар таҳаммулгароӣ, озодбаёнӣ, инсонӣ будан мебинад ва дигар тамаддунҳоро дар ҳалли мушкилоти башарият баставу ноком ва худраъю худсар муаррифӣ мекунад. Ин ҷомеашинос, ки тамаддуни Ғарбро мероси Юнон, католитсизму протестантизм, Ренессанс, ислоҳоти зидди Ренессанс ва забонҳои аврупоӣ медонад, натиҷа мегирад, ки ин тамаддун арзишҳоеро, аз ҷумлаи ҳокимияти қонун, озодибаёнии иҷтимоӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ҳуқуқи башар, доро мебошад, ки дар дигар тамаддунҳо аз ин арзишҳо хабаре нест[5].

  1. 1.0 1.1 Энциклопедия Брокгауз (нем.)
  2. 2.0 2.1 Bibliothèque nationale de France идентификатор BNF (фр.): платформаи додаҳои боз — 2011.
  3. Babelio (фр.) — 2007.
  4. http://www.telegraph.co.uk/news/obituaries/3999461/Samuel-Huntington.html
  5. Сайидзода Зафари Шералӣ. Тоҷикистони муосир: масъалаҳои мубрами истиқлоли миллӣ. – Душанбе: ҶДММ «Контраст», 2016. С.349 – 608 с. – ISBN 978-99947-49-89-8
Ба забони англисӣ
  • The Soldier and the State: The Theory and Politics of Civil-Military Relations (1957)
  • The Common Defense: Strategic Programs in National Politics (1961)
  • Political Order in Changing Societies (1968)
  • American Politics: The Promise of Disharmony (1981)
  • The Third Wave: Democratization in the Late Twentieth Century (1991)
  • The Clash of Civilizations and the Remaking of World Order (1996)
  • Who Are We? The Challenges to America’s National Identity (2004)
Ба забони русӣ
  • Хантингтон С. Третья волна. Демократизация в конце XX века. — М.: РОССПЭН, 2003
  • Хантингтон С. Столкновение цивилизаций. — М.: АСТ, 2003. — ISBN 5-17-007923-0
  • Хантингтон С. Политический порядок в меняющихся обществах. — М.: Прогресс-Традиция, 2004. — ISBN 5-89826-194-X
  • Хантингтон С. Кто мы? Вызовы американской национальной идентичности. — М.: АСТ, 2008. — ISBN 978-5-17-051209-6, ISBN 978-5-9713-8992-7