Сюита

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Jump to navigation Jump to search

Сюита — (фар. suite-пайдарпаӣ), шакли даврагии мусиқии созӣ (овозӣ), ки аз якчанд пиесаҳои бо ҳам мухолифи якдигар иборат аст.

Таърих[вироиш | вироиши манбаъ]

Истилоҳи Сюита дар а. XVI-XVIII чунон ки мегӯянд, Сюитаҳои қадима аз 4 рақс шакл гирифтанд: аллеманда-дар суръати муътадил, хушҳолона - куранта, сусти сарабандӣ ва жигаи шӯх, серҳаракат. Ба сюитаҳои қадима баъзан менуэт, говот, бурре ва пиесаҳои ғайрирақсӣ - прелюдия, ария, рондо, фуга ва ғ. ворид шудаанд. Ҳама қисмҳои сюитаҳои қадимаро дар як сози парда (тоналност) менавиштанд (сюитаҳои И. С. Бах). Дар асрҳои XIX-XX навъҳои нави сюитаҳо бо ҷилои равшани мухолифи якдигар васеъ паҳн гардида, дар онҳо бештар пиесаҳои ғайрирақсии ҳархела, ки дар сози пардаҳои (тоналност) гуногун навишта шудаанд (Сюитаҳо барои оркестри Чайковский, сюитаҳо барои 2 фортепианои С. Рахманинов). Бисёрии аз сюитаҳо хислати барномавӣ доранд: «Карнавал»-и Р. Шуман, «Шехрезада»-и Н. Римский-Корсаков. Сюитаҳо аз порчаҳои опера, аз мусиқӣ ба драмаҳо, аз мусиқии кино таҳия шуда, васеъ паҳн гардидаанд.

Композиторони тоҷик низ дар ин жанри мусиқӣ асарҳои зиёде эҷод намудаанд, ки ганҷинаи мусиқии касбии тоҷикро ғанитар гардонидаанд: сюитаи рақсии «Лола»-и Х. Абдуллоев, «сюитаи рақсии тоҷикӣ»-и М. Ашрафӣ, «сюитаи тоҷикӣ» барои оркестри симфонии С. Баласанян, сюитаи хореографии «Хоҳарон»-Д. Дӯстмуҳаммадов, сюитаи «Тоҷикистон» барои оркестри созҳои халқии А. Камолов, «сюитаи тоҷикӣ» барои оркестри симфонии А. Ленский, С. барои оркестри тории А. Солиев, сюитаи симфонии Ф. Солиев, «сюитаи форсӣ» барои оркестри торӣ ва сюита аз балети «Марги судхӯр»-и Т. Шаҳидӣ; Сюитаҳо барои овозхонон: «сюитаи ҷавонӣ» (Ш. Б. Раҳимзода)-и З. Шаҳидӣ, «Чорзарб»-и А. Ҷӯраев ва ҳ. к. аз қабили онҳоянд.[1]

Нигаред[вироиш | вироиши манбаъ]

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

  1. Обидпур Ҷ. Луғатномаи тафсирии мусиқӣ / зери назари Б.Қобилова. – Душанбе: Аржанг, 2019. – С.374-375. – 480 с. ISBN 978-999-47-43-90-2(тоҷ.)