Сӯхтори ҷангалзор дар Австралия (2019—2020)

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Jump to navigation Jump to search

Сӯхтори ҷангалҳо дар Австралия 2019-2020 - сӯхторҳои оммавӣ дар ҷангалҳои Австралия, асосан дар ҷанубу-шарқи кишвар. Миқёси сӯхторҳо аз ҳисоби миёна дар мавсими хушксолии солона, ки аз моҳи декабр то март, дар тобистон дар Австралия давом мекунад, хеле баланд аст. Оташҳо аз моҳи августи соли 2019 идома доранд . То 5 январи соли 2020, дар натиҷаи сӯхтор тақрибан 6,3 миллион гектар ҷангалҳо (63,000 км²), беш аз 2500 бино (аз ҷумла зиёда аз 1300 бинои истиқоматӣ) бо оташ нобуд карда шуданд ва 25 нафар ҳалок шуданд.[1][2][3][4][5][6] . Гумон меравад, ки сӯхторҳои мавсими 2019–2020 дар тамоми таърихи мушоҳидаҳо харобиовартарин буданд [7] . Дар моҳи декабри соли 2019, ҳукумати иёлати Уэлси Ҷанубии Нав бо сабаби ҳарорати рекордӣ, хушксолиҳои тӯлонӣ ва шиддат гирифтани оташсӯзии шадид дар ин кишвар вазъияти фавқулодда эълон кард [8][9] . Тахмин меравад, ки тақрибан се миллиард ҳайвонҳо аз сӯхторҳои давомдор [10][11] зарар дидаанд.

Тибқи иттилои Крис Дикман, экологи Донишгоҳи Сидней , 8 январи соли 2020, шумораи ҳайвонҳое, ки дар натиҷаи сӯхторҳо ҳалок шуданд як миллиардро ташкил доданд [12] .

Сабабҳои асосии сӯхтор гармии шадид ва хушксолӣ, зарбаи сахти барқ ҳангоми раъду барқ дар минтақа, ҳавзаи мусбии уқёнуси Ҳинд, оташи тасодуфӣ ва барқасдона ва дигарон мебошанд. Аз моҳи сентябри соли 2019, беш аз 100 сӯхтор ба минтақаҳои калони иёлоти Уэлси Ҷанубии Нав, аз ҷумла ба минтақаҳои соҳили шимолии Уэлси Ҷанубии Нав, соҳили миёнаи шимол, минтақаи Хантер, шаҳри Говкесбери, Волондилли, канори Сидней, кӯҳҳои Кабуд, Иллаварра, соҳили ҷанубӣ ва ғ. таъсир расонданд.

Ҷабрдидагон[вироиш]

24 нафар ва зиёда аз як миллиард ҳайвони ваҳширо ба коми оташ кашида шудаанд.

Амал[вироиш]

Австралия[вироиш]

Ҳунарпешаи шаҳрванди Австралия Маргот Робби аз мардуми Инстаграмаш даъват кард, ки барои кумак ба қурбониёни сӯхтор дар ҷангали Австралия пул хайрия кунанд.

Бекор кардани мусобиқоти Ҷоми ҷаҳон оид ба ралли[вироиш]

Аз сабаби сӯхтор давраи ниҳоии ҷоми ҷаҳон оид ба ралли 2019 бекор карда шуда. Мусобиқа бояд маҳз дар минтақае баргузор мешуд, ки офати табиӣ саркӯбаш кард [13] .

Эзоҳ[вироиш]

  1. Woman dies from bushfire smoke in Canberra after exiting planeAustralian bushfires: Twenty-eight missing in Victorian bushfire zones. www.9news.com.au. 3 январи 2020 санҷида шуд.
  2. Bushfires live updates: Troops prepare for emergency evacuations by sea, News.com.au (2 January 2020). Проверено 3 январи 2020.
  3. NSW and Victoria fires live: three more deaths confirmed in Australia bushfires and hundreds of homes destroyed – latest updates. The Guardian (31 December 2019). 1 январи 2020 санҷида шуд.
  4. More than 720 homes lost in NSW fires as Sydney told to brace for huge losses(англ.). The Sydney Morning Herald (10 December 2019). 12 Декабри 2019 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 11 Декабри 2019.
  5. Bushfire death toll rises as fires sweep across South Australia and NSW. 21 Декабри 2019 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 21 Декабри 2019.
  6. Australian bushfires burn more land than Amazon and California fires combined. Seven News. 4 январи 2020 санҷида шуд.
  7. Worst bushfire conditions ever seen: Unprecedented danger is 'a firefighter's nightmare'(англ.). News.com.au (12 November 2019). 1 январи 2020 санҷида шуд.
  8. Australia declares state of emergency as heatwave fans bushfires. www.aljazeera.com. 19 Декабри 2019 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 19 Декабри 2019.
  9. Australia all-time temperature record broken again (en-GB) (19 December 2019). Бойгонӣ шудааст 18 Декабри 2019  сол. Проверено 19 Декабри 2019.
  10. Harvey. Nearly Half A Billion Animals Feared Dead In Australian Wildfires, The Huffington Post (2 January 2020). Проверено 3 январи 2020.
  11. Australia fires: How do we know how many animals have died?, BBC. Проверено 4 январи 2020.
  12. В Австралії кількість загиблих при пожежах тварин перевищила мільярд
  13. Антон Костин. Отмена ралли Австралия принесла марке Hyundai титул чемпиона мира. Авторевю (12 ноября 2019). 13 ноября 2019 санҷида шуд.