Тавофуқномаи оташбаси Қарабоғи Кӯҳӣ (2020)
Изҳороти Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон, Сарвазири Ҷумҳурии Арманистон ва Президенти Федератсияи Русия русӣ: Заявление Президента Азербайджанской Республики, Премьер-министра Республики Армения и Президента Российской Федерации[1] | |
---|---|
Акс ҳангоми имзои изҳорот аз тарафи Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин ва Президенти Озарбойҷон Илҳом Алиев | |
Дата подписания | 9 ноябри[2] Соли 2020 |
— место | Боку, Ереван, Москва |
Вступление в силу | аз соати 00:00 (ба вақти Москва) 10 ноябри соли 2020 |
Подписали | Илҳом Алиев Никол Пашинян Владимир Путин |
Стороны | Озарбойҷон Арманистон Русия |
Тавофуқномаи оташбаси Қарабоғи Кӯҳӣ (2020) — изҳороти сеҷонибаи оташбас аст, ки онро Президенти Озарбойҷон Илҳом Алиев[3], Сарвазири Ҷумҳурии Арманистон Никол Пашинян[4] ва Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин имзо кардаанд[5].
Замина
[вироиш | вироиши манбаъ]-
Қаламрави Вилояти Мухтори Кӯҳистони Қарабоғ дар замони фурӯпошии ҶШСС (СССР)
-
Қаламравҳои, ки он Ҷумҳурии эътирофнашудаи Қарабоғи Кӯҳӣ эълон шудааст
-
Қаламравҳои таҳти назорати Ҷумҳурии эътирофнашудаи Қарабоғи Кӯҳӣ пас аз хатми ҷанг дар соли 1994
-
Вазъият аз 9 ноябри соли 2020██ Қаламрави таҳти идораи Ҷумҳурии эътирофнашудаи Қарабоғ██ Қаламрави эъломшуда Ҷумҳурии эътирофнашудаи Қарабоғи Кӯҳӣ, аммо зери идораи Озарбойҷон (ба вазъи 27 сентябри 2020)██ Қаламраве, ки Озарбойҷон дар давоми низои срли 2020 ишғол кард
Дар охири солҳои 80, муноқишаи дарозмуддати байниҷамоавӣ байни озарбойҷониҳо ва арманиҳо дар солҳои азнавсозӣ шадидан авҷ гирифт.
Дар солҳои 1991—1994 ин муқовимат ба амалиёти густардаи низомӣ барои назорат бар Ҷумҳурии эътирофнашудаи Қарабоғи Кӯҳӣ ва баъзе қаламравҳои шафати он оварда расонд. 5 майи соли 1994 байни Арманистон ва Ҷумҳурии эътирофнашудаи Қарабоғи Кӯҳӣ аз як тараф ва Озарбойҷон аз тарафи дигар Протоколи Бишкек дар бораи яроқ ва оташбас ба имзо расид. Дар давраи аз 9 май 11 майи соли 1994 созишномаи оташбас аз 12 майи соли 1994 ба имзо расид. Дар натиҷаи ҷанг, аксари Вилояти Мухтори Кӯҳистони Қарабоғи пешини ҶШС Озарбойҷон ва минтақаҳои ҳамсоя, аз ҷумла онҳое, ки робитаи байни Қарабоғи Кӯҳӣ ва Арманистонро таъмин мекарданд, таҳти назорати ҶҚК монданд.
Дар моҳи сентябри соли 2020 ҷангҳои густарда аз сар оғоз ёфтанд, ки дар ҷараёни он Озарбойҷон як қисми назарраси қаблан таҳти назорати ҷониби Арманистон қарордоштаро дар тамоми марз бо Эрон забт карда, гирифт ва минтақаи таҳти идораи худро таъсис дод, 8 ноябри соли 2020 эълон шуд, ки шаҳри стратегии Шуша таҳти назорати қувваҳои мусаллаҳи Озарбойҷон гузашт.
Мазмуни изҳорот
[вироиш | вироиши манбаъ]Дар изҳорот аз соати 00:00 ба вақти Маскав, 10 ноябри соли 2020 оташбаси комил аз ҳама гуна амалиёти ҷангӣ дар минтақаи низои Қарабоғи Кӯҳӣ эълон шудааст.
- Пас аз оташбаси комил ва ҳама ҷангҳо дар минтақаи низои Қарабоғи Кӯҳӣ, аз соати 00:00 ба вақти Маскав, 10 ноябри соли 2020, Озарбойҷон ва Арманистон дар мавқеъҳои ишғол ишғолкардаи худ хоҳанд истод.
- Ноҳияи Ағдам ва қаламравҳое, ки ҷониби Арманистон дар ноҳияи Ғозохи Озарбойҷон дар ихтиёри он аст, то 20 ноябри соли 2020 ба Озарбойҷон баргардонида мешаванд.
- Дар хатти тамос дар Қарабоғи Кӯҳӣ ва дар долони Лачин як контингенти посдорони сулҳи Русия ҷойгир хоҳанд шуд.
- Контингенти посдорони сулҳи Федератсияи Русия дар баробари хуруҷи нерӯҳои мусаллаҳи Арманистон ҷойгир карда мешаванд.
- Маркази посдорони сулҳ барои назорати оташбас ҷойгир карда мешавад.
- Арманистон то 15 ноябри соли 2020 ноҳияи Калбаҷар ва то 1 декабри соли 2020 ноҳияи Лачинро ба Озарбойҷон бармегардонад, дар ҳоле ки долони Лачинро (бараш 5 км) боқӣ мегузорад, ки робитаи Қарабоғи Кӯҳиро бо Арманистон таъмин мекунад ва ҳамзамон ба шаҳри Шуша таъсир нахоҳад гузошт. Дар тӯли се сол нақшаи сохтани роҳи нави трафикӣ дар тӯли долони Лачин муайян карда мешавад, ки иртиботи Степанакерт ва Арманистонро фароҳам меорад. Бо тағйири минбаъдаи контингенти посдорони сулҳи Русия барои ҳифзи ин масир равона хоҳад шуд. Озарбойҷон бехатарии ҳаракати шаҳрвандон, воситаҳои нақлиёт ва молро, дар ҳарду самт дар тӯли долони Лачин (русӣ: Лачинский коридор) кафолат медиҳад.
- Муҳоҷирони дохилӣ ва гурезагон ба қаламрави Қарабоғи Кӯҳӣ ва минтақаҳои атрофи он таҳти назорати Дафтари Комиссари Олии СММ дар умури гурезагон, бармегарданд.
- Мубодилаи асирони ҳарбӣ ва дигар ашхоси боздоштшуда ва ҷасади мурдаҳо низ ба назар мерасад.
- Ҳама робитаҳои иқтисодӣ ва нақлиётӣ дар минтақа кушода хоҳанд шуд. Арманистон байни ноҳияҳои ғарбии Озарбойҷон ва Ҷумҳурии Мухтори Нахичевони Озарбойҷон робитаҳои нақлиётӣ фароҳам меорад. Назорати нақлиётиро мақомоти Хадамоти марзбонии ФСБ Русия амалӣ мекунанд.
Аксуламал
[вироиш | вироиши манбаъ]Озарбойҷон
[вироиш | вироиши манбаъ]Сокинони шаҳри Боку ғалабаро рӯзи 10 ноябри соли 2020 ҷашн гирифтанд.
- Президенти Озарбойҷон Илҳом Алиев гуфт, ки «ин созишнома — таслимшавии Арманистон мебошад
- Ин созишнома истилои чандинсоларо хотима бахшид». Дар Озарбойҷон имзорасии ин созишномаро бо хушҳолӣ пешвоз гирифтанд ва тамоми шаб ҷашн гирифтанд. Дар тамоми Озарбойҷон, асосан дар Боку ҳангоми эълони созишнома, тантанаҳои бошукӯҳ баргузор гардиданд.
Арманистон
[вироиш | вироиши манбаъ]- Баъди баимзорасии созишнома сарвазири Арманистон Никол Пашинян изҳор дошт, ки «ин ғалаба нест, ва мағлубият ҳам нест, то даме ки шумо худро мағлуб наҳисобидед, ва ин оғози давраи ҷадиди ваҳдат ва эҳёи миллии мо хоҳад буд». Дар Ереван баимзорасии созишномаи сулҳ ба бӯҳрони сиёсӣ ва ҳаракатҳои эътирозӣ оварда расонд. Эътирозгарон дар назди бинои ҳукумати Арманистон сухангӯи Маҷлиси миллӣ, Арарат Мирзоянро латукӯб кардаанд. Ва ҳамчунон эътирозгарон муҳофизонро низ зери латукӯб қарор дода, ба толори маҷлисгоҳ ворид шуданд ва аз болои минбар давом додани амалҳои ҷангиро дар Қарабоғ талаб карданд.
Байналмилалӣ
[вироиш | вироиши манбаъ]- Президенти Гурҷистон Саломе Зурабишвили Арманистон ва Озарбойҷонро бо ба хотима андохтани ҷанг табрик кард ва ба оилаҳои зарардидагон ҳамдардӣ баён кард, ва изҳор дошт, ки умед дорад, то дар Қафқози Ҷанубӣ даврони нав оғоз хоҳанд ёфт.
- Эрон аз имзои тавофуқнома истиқбол кард ва умедворӣ ҳосил кард, ки дар минтақа сулҳ оғоз хоҳад ёфт
- Вазири умури хориҷаи Покистон баёнияеро баён кард, ки дар он гуфта мешавад: «Мо ҳукумат ва мардуми бародарони Озарбойҷонро бо озодкунии сарзаминашон табрик мекунем.».
- Вазири умури хориҷаи Туркия Мавлуд Чавушоғлу Озарбойҷонро баъди баимзокунии созишнома табрик намуд.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ Заявление Президента Азербайджанской Республики, Премьер-министра Республики Армения и Президента Российской Федерации, Кремлин.Ру, 10.11.2020.
- ↑ Заявление Президента Российской Федерации, Кремлин.Ру
- ↑ Президент Алиев: в урегулировании нагорно-карабахского конфликта поставлена точка
- ↑ Война будет приостановлена: Пашинян сообщил о трудном для него решении
- ↑ Заявление Президента Российской Федерации
- Аҳдномаҳо аз рӯи алифбо
- Википедия:Саҳифаҳои дорои модули Hatnote бо пайванди сурх
- Шартномаҳои байналмилалии Русия
- Шартномаҳои байналмилалии Арманистон
- Шартномаҳои байналмилалии Озарбойҷон
- Ноябри соли 2020
- Соли 2020 дар сиёсат
- Арманистон дар соли 2020
- Озарбойҷон дар соли 2020
- Ҷумҳурии Қарабоғи Кӯҳӣ дар соли 2020