Тазкирату-л-хавотин
Зоҳир
«Тазкирату-л-хавотин» — тазкираест, ки ноширу китобфурӯш Муҳаммад ибни Муҳаммадрофеъ Маликулкитоби Шерозӣ соли 1884—1885 таълиф кардааст.
«Тазкирату-л-хавотин» зикри ҳол ва намунаи ашъорн 286 шоираи оламро (аз Арабу Рум, Ҳинду Аҷам), ки аз асри 7 то замони таълифи китоб зистаанд, дар бар мегирад. Китоб мувофиқи алифбои арабиасоси тоҷикӣ сохта шудааст. Мураттиб ба ғайр аз воқеоти аслии таърихии зиндагии шоираҳо ҳикоёту ривоёти дар бораи онҳо вуҷуд доштаро низ овардааст. Яъне манбае, ки дар муқаддимаи «Тазкирату-л-хавотин» зикр шудааст, «Машоҳир-ун-нисо»-и Муҳаммадзеҳнии Афандист.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Тазкират-ул-хавотин / С.Алиев // Сақофӣ — Ховалинг. — Д. : СИЭСТ, 1987. — (Энциклопедияи Советии Тоҷик : [дар 8 ҷ.] / сармуҳаррир М. Д. Диноршоев ; 1978—1988, ҷ. 7).