Jump to content

Такаббур

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Такаббур, кибр (форсӣ: كبر‎ — кибр, ар. كِبْرٌ‎ — кибр) — ҳавобаландӣ, густохӣ, беадабӣ, аз ҳад зиёд мағрур будан.

Кибр дар Ислом[вироиш | вироиши манбаъ]

КИБР («бузургӣ, такаббурӣ») сифатҳои гунаҳкор аст. Кибрро нисбат ба одамони дигар дар ислом махкум ва зуҳуроти беадолатӣ мешуморанд. Бузургии ҳақиқӣ аз они Аллоҳ аст. Мағрурҳо кофирону мунофиқон ва ситамкоронанд, ки ҷойашон ҷаҳаннам аст. Мисоли касоне, ки мағрур буданд, Фиръавн, Намруд ва Қорун дар Қуръон зикр шудаанд, ки азоби Худоро диданд. Аллоҳ таъоло дар Қуръони карим мефармояд; Мардумро аз ин гуна одамон дур медорад. (Қуръон 7:146; 40:35). Дар ҳадиси саҳеҳ омадааст: «Касе, ки дар қалбаш (ҳадди ақал) заррае Кибр (такаббур) бошад, ба биҳишт дохил намешавад».

Дар истилоҳоти шариат[вироиш | вироиши манбаъ]

Дар истилоҳоти шариат кибр – напазируфтани ҳақ, баланд бардоштани нафси шахс, ситоиши фазилатҳои шахсӣ, беэътиноӣ (ҳуқуқ)-и мардум ва паст задани аҳамияти онҳо, инчунин такаббур дар назди онҳо нисбат ба ки бояд хоксорӣ зохир карда шавад.

‎اَلْكِبْرُ في الْاِصْطِلاحِ: "رَدُّ الْحَقِّ وَاسْتِعْظَامُ الْإِنْسَانِ نَفْسَهُ ، وَاسْتِحْسَانُ مَا فِيهِ مِنَ الْفَضَائِلِ، وَالْاِسْتِهَانَةُ بِالنَّاسِ، وَاسْتِصْغَارُهُمْ، وَالتَّرَفُّعُ عَلَى مَنْ يَجِبُ التَّوَاضُعُ لَهُ".

Дар Қуръон[вироиш | вироиши манбаъ]

Касоне, ки он дурӯғи бузургро сохтаанд, гурӯҳе аз шумоянд. Мапиндоред, ки шуморо дар он шарре бувад. На, хайри шумо дар он бувад. Ҳар марде аз онҳо ба он андоза гуноҳ, ки кардааст, ба ҷазо расад ва аз миёни онҳо, он ки бештарини ин бӯҳтонро (кибр) ба ӯҳда дорад ба азобе бузург гирифтор меояд.

Ва ба фариштагон гуфтем: «Одамро саҷда кунед!» Ҳама саҷда карданд ҷуз Иблис, ки рӯй гардонд ва бартарӣ ҷуст. Ва ӯ аз кофирон буд. Қуръон; 2:34

‎وَإِذْ قُلْنَا لِلْمَلَٰٓئِكَةِ ٱسْجُدُوا لِآدَمَ فَسَجَدُوٓا۟ إِلَّآ إِبْلِيسَ أَبَىٰ وَٱسْتَكْبَرَ وَكَانَ مِنَ ٱلْكَٰفِرِينَ

القرآن ؛ ٢:٣٤

Он касонеро, ки ба ноҳақ дар замин саркашӣ мекунанд, ба зудӣ аз оёти хеш рӯйгардон созам, чунон ки ҳар оятеро, ки бубинанд, имон наёваранд ва агар тариқи ҳидоят бубинанд, ба он нараванд ва агар тариқи гумроҳӣ бубинанд, бо он бираванд. Зеро онҳо оётро дурӯғ бароварданд ва аз он ғафлат карданд.

Қуръон; 7:146

‎سَأَصْرِفُ عَنْ ءَايَٰتِىَ ٱلَّذِينَ يَتَكَبَّرُونَ فِى ٱلْأَرْضِ بِغَيْرِ ٱلْحَقِّ وَإِن يَرَوْا۟ كُلَّ ءَايَةٍ لَّا يُؤْمِنُوا بِهَا وَإِن يَرَوْا۟ سَبِيلَ ٱلرُّشْدِ لَا يَتَّخِذُوهُ سَبِيلًا وَإِن يَرَوْا۟ سَبِيلَ ٱلْغَىِّ يَتَّخِذُوهُ سَبِيلًا ۚ ذَٰلِكَ بِأَنَّهُمْ كَذَّبُوا بِـَٔايَٰتِنَا وَكَانُوا عَنْهَا غَٰفِلِينَ

القرآ; ٧:١٤٦

Дар Ҳадис[вироиш | вироиши манбаъ]

Аз суханони Ибни Масъуд (р) ривоят аст, ки Расули Худо (с) фармуданд: «Касе, ки дар дилаш такаббури ба мисоли заррае хок вазн бошад, ба бихишт дохил намешавад.» Инро шунида як нафар пурсид: «Аммо одам мехохад, ки либосу пойафзолаш зебо бошад!». Дар мавриди он Паёмбар (с) фармудаанд: «Дар ҳақиқат, Худо зебост ва зебоиро дӯст медорад, аммо такаббур инкор кардани ҳақ ва зуҳури беэҳтиромӣ нисбат ба мардум аст». Дар Китоби Муслим зикр шудааст.

‎عن عبد الله بن مسعود رضي الله عنه عَنْ النَّبِيِّ صَلَّى اللَّهُ عَلَيْهِ وَسَلَّمَ قَالَ: "لا يَدْخُلُ الْجَنَّةَ مَنْ كَانَ فِي قَلْبِهِ مِثْقَالُ ذَرَّةٍ مِنْ كِبْرٍ". قَالَ رَجُلٌ: "إِنَّ الرَّجُلَ يُحِبُّ أَنْ يَكُونَ ثَوْبُهُ حَسَنًا، وَنَعْلُهُ حَسَنَةً"، قَالَ: "إِنَّ اللَّهَ جَمِيلٌ يُحِبُّ الْجَمَالَ، الْكِبْرُ بَطَرُ الْحَقِّ، وَغَمْطُ النَّاسِ". أخرجه مسلم.

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

Куръони Карим ва тарҷумаи маъонии он дар равиши тафсири Муяссар ба забони тоҷикӣ: https://d1.islamhouse.com/data/tg/ih_books/single/tg_Translation_of_the_Meanings_of_the_noble_quran_in_the_tagek_Language.pdf

Сарчашма[вироиш | вироиши манбаъ]

Пайвандҳо[вироиш | вироиши манбаъ]