Талҳа ибни Тоҳир

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Талҳа ибни Тоҳир
ар. طلحة بن طاهر
822 — 828

Таваллуд
Даргузашт 828
Падар Тоҳир ибни Ҳусайн
 Парвандаҳо дар Викианбор

Талҳа ибни Тоҳир (ар. طلحة بن طاهر‎; Нишопур828, Хуросон) — амири тоҳирии Хуросон (822—828), писари Тоҳир ибни Ҳусайн.

Ҳукмронӣ[вироиш | вироиши манбаъ]

Халифа Маъмун писари Тоҳир ибни Ҳусайн Талҳаро ба ҷои падар амири Хуросон таъйин намуд. Бештари давраи аморати Талҳаи Тоҳир (822—828) сарфи даргирӣ бо хавориҷи Сиистон шуд. Талҳа аз сарнавишти падар ибрат гирифта, бо хилофат аз дари созиш даромад ва то поёни умри худ аз халифаву фармонҳои ӯ итоат мекард. Пас аз марги Талҳа писараш Алӣ қоиммақоми падар гардид, вале дар ҷанги дохилӣ бо шӯришиён кушта шуд.[1]

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

  1. Ҳотамов Н. Б., Довудӣ Д., Муллоҷонов С., Исоматов М. Таърихи халқи тоҷик (Китоби дарсӣ). — Душанбе, 2011. — С. 95.

Адабиёт[вироиш | вироиши манбаъ]