Jump to content

Тамаз Гамкрелидзе

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Тамаз Гамкрелидзе
гурҷӣ: თამაზ ვალერიანის ძე გამყრელიძე
Таърихи таваллуд 23 октябр 1929(1929-10-23)
Зодгоҳ
Таърихи даргузашт 10 феврал 2021(2021-02-10) (91 сол)
Маҳалли даргузашт
Кишвар
Фазои илмӣ забоншиносӣ
Ҷойҳои кор
Дараҷаи илмӣ: доктори илмҳои филология[d]
Алма-матер
Роҳбари илмӣ Игор Дяконов[d]
Ҷоизаҳо
 Парвандаҳо дар Викианбор

Гамкрелидзе Тамаз Валерианович (гурҷӣ: თამაზ ვალერიანის ძე გამყრელიძე, тав. 23 октябри 1929, Кутоисӣ) — забоншиноси гурҷистонӣ, шарқшинос, коршиноси забоншиносии ҳиндуаврупоӣ ва гурҷишиносӣ (картвелистика), доктори илмҳои филология (1963), проессор (1964), академики АИ ИҶШС (ҳоло Русия; аз соли 1984; узви вобаста аз соли 1974), академики АИ Гурҷистон (аз соли 1973 ва президенти АИ Гурҷистон (аз соли 2005).

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Хатмкардаи факултаи шарқшиносии Донишгоҳи Тифлис (1952). Ходими илмии Пажӯҳишгоҳи забоншиносии АИ Гурҷистон (1956-60), мудири кафедраи забоншиносии сохторӣ ва амалии Донишгоҳи Тифлис (1960-99), аз соли 1999 мудири кафедраи забоншиносии умумӣ ва амалии Донишгоҳи Тифлис. Солҳои 1988-94 сармуҳаррири маҷаллаи «Вопросы языкознания» буд.

Тамаз Гамкрелидзе мутахассиси варзида дар соҳаи забоншиносии ҳиндуаврупоӣ (ба ин ҷо забонҳои эронӣ ҳам дохил мешаванд), забонҳои бостонӣ, аз ҷумла забонҳои эронӣ, назарияи забоншиносӣ ва забоншиносии гурҷӣ мебошад. Дар пажӯҳиши «Забони ҳиндуаврупоӣ ва ҳиндуаврупоиён» (иборат аз ду ҷилд, 1972; ҳамроҳи В. В. Иванов) назарияи глотталӣ матраҳ гардидааст. Бо масоили забоншиносии муқоисавӣ, пайдоиши хат низ машғул шудааст. Узви Академияи миллии ИМА (2006), Академияи Британия, узви вобастаи АИ Австрия, узви АИ Саксония (1988), АИ Маҷористон (2007), Академияи Аврупо, Анҷумани забоншиносии ИМА (аз соли 1971), президенти Анҷумани забоншиносии Аврупо (1986-87).

  • Индоевропейский язык и индоевропейцы: Реконструкция и историко-типологический анализ праязыка и протокультуры. В 2 тт. Тбилиси, 1984 (в соавт. с В. В. Ивановым);
  • Алфавитное письмо и древнегрузинская письменность (Типология и происхождение алфавитных систем письма). Тбилиси, 1989;
  • Anatolian languages and the problem of Indo-European migration to Asia Minor, Studies in General and Oriental Linguistics. Tokyo, 1970.