Ҷаҳиш ба мӯҳтаво

Ҷумҳурии Шӯравии Федеративии Сотсиалистии Пасиқафқоз

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Ҷумҳурии Шӯравии Фетерадитивии Сотсиалистии Пасиқафқоз
русӣ: Закавказская Советская Федеративная Социалистическая Республика
озарбойҷонӣ: Zaqafqaziya Sovet Federativ Sosialist Respublikası
арманӣ. Անդրկովկասյան Սոցիալիստական Ֆեդերատիվ Դաշնային Հանրապետություն
гурҷӣ: ამიერკავკასიის საბჭოთა ფედერაციული სოციალისტური რესპუბლიკა
кишвари федеративии соҳибистиқлоли шӯравӣ (12.0330.12 1922)
Ҷумҳурии иттифоқӣ дар ҳайати ИҶШС (19221936)
 

 

 

12 марти 1922 15 декабри 1936


Парчами ҶШФС Пасиқафқоз Нишони ҶШФС Пасиқафқоз
Шиор
озарбойҷонӣ: !بوتون اؤلکه‌لرین پرولئتارلاری، بیرلشین, Bütün ölkәlәrin
proletarları, вirlәşiniz!

арманӣ. Պրոլետարներ բոլոր երկրների, միացե՛ք
гурҷӣ: : პროლეტარებო ყველა ქვეყნისა,
შეერთდით!

абх. :Апролетарцәа атәылақәа ӡегьы рҿы иҟоу, шәҽеидышәкыл!
русӣ: Пролетарии всех стран, соединяйтесь!
Пойтахт Тифлис
Шаҳрҳои бузургтарин Боку, Тифлис
Забон(ҳо) русӣ, озарбойҷонӣ, гурҷӣ, арманӣ
Дин Христианӣ, ислом
Воҳиди пул рубли Закавказия
Майдон 186,1 ҳаз. км2
Аҳолӣ 5861,6 ҳаз. наф. (1926)
Шакли ҳукмронӣ ҷумҳурии шӯравӣ
Котиби аввали Кумитаи РКП(б) — ВКП(б)-и давлати Пасиқафқоз
 - 19221926 Григорий Константинович Орджоникидзе (аввалин)
 - 19321936 Лаврентий Павлович Берия (охирин)

Ҷумҳурии Шӯравии Федеративии Сотсиалистии Пасиқафқоз (Закавказия)[1] (русӣ:Закавказская Советская Федеративная Социалистическая Республика, Закавказская Федерация[2][3], ЗСФСР; Федератсияи Пасиқафқоз, ҶШФСП) — ҷумҳурии иттифоқӣ, аз солҳои 1922 то 1936 дар ҳайати ИҶШС, яке аз ҷумҳироҳои ташкилкунандаи Иттиҳоди Шӯравӣ.

Фикри муттаҳидкунӣ аз тарафи Владимир Ленин барои рафъ намудани боқимондаҳои шоҳӣ ва беҳдошти сатҳи хоҷагии деҳот баъди анҷоми ҷанги шаҳрвандӣ пешниҳод гардид.

12 марти 1922 дар Тифлис ҷаласаи намояндаҳои КИМ-и ҶШС Озарбойҷон, КИМ-и ҶШС Гурҷистон ва КИМ'и ҶШС Арманистон қарорро дар бораи эҷоди Иттифоқи Федеративии Ҷумҳуриҳои Шӯравии Сотсиалисти Пасиқафқоз (ИФҶШСП) қабул кард.

13 декабри 1922 Анҷумани 1-уми даъвати советҳои Пасиқафқоз (Боку) ИФҶШСП-ро ба Ҷумҳурии Шӯравии Федеративии Сотсиалистии Пасиқафқоз бо сохтори қаблии ҷумҳуриҳояш мубаддал гардонд.[4] Анҷуман Конститутсияи ҶШФСП-ро қабул кард ва КИМ-и Закавказияро ва ҳукуматро ба Шӯрои комиссарҳои халқӣ иваз намуд, ки раисаш И. Д. Орахелашвилӣ шуд.[5]

16 декабри 1921 ҶШС Абхозистон ва ҶШС Гурҷистон чун субҳектҳои ҳуқуқи байналмилал Шартномаи союзӣ бастанд, ки дар натиҷа онҳо як шуданд. 13 декабри 1922 Абхозистон ба воситаи ӯ ба Федератсияи Закавказия дохил гардид.

30 декабри 1922 ҶШФСП бо ҶШФСР, ҶШС Украина ва ҶШС Белорус ба Иттифоқи ҶШС муттаҳид шуданд.

Соли 1931 вазъи дарёфтшудаи Абхозистон дар Шартномаи союзӣ аз даст рафт ва ӯ шомили ҶШС Гурҷистон чун ҷумҳурии мухтор шуд (ҶМШС Абхозистон).

Тибқи конститутсияи соли 1936-и СССР ҶФШС Пасиқафқоз аз байн рафт. ҶШС Арманистон, ҶШС Гурҷистон ва ҶШС Озарбойҷон ба ҳайати ИҶШС чун ҷумҳуриҳои ҷудогонаи бародарӣ дохил шуданд.

Тақсимоти ҳудудӣ-маъмурӣ

[вироиш | вироиши манбаъ]

Кишвар сохти федеролӣ дошт ва ба чанд ҷумҳурӣ тақсим мешуд:

Котибони якуми Кумитаи кишварии Пасиқафқоз РКП(б)—ВКП(б)

[вироиш | вироиши манбаъ]

Котибони 2-юм

[вироиш | вироиши манбаъ]

Аҳолӣ дар соли 1926:

ҶШФС Пасиқафқоз
Ҳамагӣ5 861 600 наф.100 %
Гурҷиҳо1 788 200 наф.30,5 %
Озарбойҷониҳо1 652 800 наф.28,2 %
Арманиҳо1 333 600 наф.22,8 %
Русҳо336 100 наф.5,7 %
Осетинҳо133 300 наф.2,3 %
Талишҳо77 000 наф.1,3 %
Курдҳо64 700 наф.1,1 %
Юнониҳо57 100 наф.1 %
Абхозҳо56 800 наф.1 %
Лезгинҳо40 700 наф.0,7 %
Украинҳо (дақиқнамоӣ)35 400 наф.0,6 %
Яҳудиён29 900 наф.0,5 %
Татҳо28 400 наф.0,5 %
Украинҳо (дақиқнамоӣ)18 200 наф.0,3 %
Тоторҳо9900 наф.0,2 %
Форсҳо9400 наф.0,2 %
Ассирийҳо3100 наф.0,05 %
Язидҳо2800 наф.0,05 %
Удинҳо2400 наф.0,04 %
ҶШС Озарбойҷон
Ҳамагӣ2 314 600 наф.100 %
Озарбойҷониҳо1 438 000 наф.62,1 %
Арманиҳо283 000 наф.12,2 %
Русҳо220 500 наф.9,5 %
Талишҳо77 000 наф.3,3 %
Курдҳо41 000 наф.1,8 %
Лезгинҳо37 300 наф.1,6 %
Татҳо28 400 наф.1,2 %
Яҳудиён20 600 наф.0,9 %
Украинҳо18 200 наф.0,8 %
Тоторҳо9900 наф.0,4 %
Форсҳо9400 наф.0,4 %
Удинҳо2400 наф.0,1 %
ҶШС Арманистон
Ҳамагӣ880 500100 %
Арманиҳо743 60084,45 %
Озарбойҷониҳо76 9008,73 %
Русҳо19 5002,21 %
Курдҳо15 7001,73 %
Юнониҳо30000,34 %
Украинҳо28000,32 %
Ассирийҳо22000,24 %
ҶШС Гурҷистон
Ҳамагӣ2 666 500 наф.100 %
Гурҷиҳо1 788 200 наф.67 %
Арманиҳо307 000 наф.11,5 %
Озариҳо137 900 наф.5,2 %
Осетинҳо133 300 наф.5 %
Русҳо96 100 наф.3,6 %
Абхозҳо56 800 наф.2,1 %
Юнониҳо54 100 наф.2 %
Украинҳо14 400 наф.0,5 %
Яҳудиён9300 наф.0,3 %
Курдҳо8000 наф.0,3 %
Лезгинҳо3400 наф.0,1 %
Язидҳо2800 наф.0,1 %
Ассирийҳо900 наф.0,03 %

Тибқи омори барӯйхатгирӣ тамоми гурҷиҳо дар Гурҷистон мезистанд. Дар Озарбойҷон 90% озариҳо, дар ҳоле ки дар Арманистон 55% арманҳои ҶШФСП мезистанд.

Ҳамчунин нигаред

[вироиш | вироиши манбаъ]
  1. Конституция СССР 1924 года
  2. Розенталь Д. Э. Большой справочник по русскому языку: Орфография. Пунктуация. Орфографический словарь. Прописная или строчная? / Отв. ред. С. О. Савчук. — М.: Оникс, 2011. — С. 806. — 1008 с. — 5100 экз. — ISBN 978-5-488-02204-1.
  3. Лопатин В. В., Нечаева И. В., Чельцова Л. К. Прописная или строчная? Орфографический словарь / Отв. ред. Н. Уварова. — М.: Эксмо, 2011. — С. 178. — 512 с. — (Библиотека словарей ЭКСМО). — 2500 экз. — ISBN 978-5-699-49001-1.
  4. Шаблон:Из
  5. Орахелашвили, Мамия Димитриевич
  6. Раҳнамои таърихи Ҳизби коммунист: Орҷоникидзе
  7. 1 2 Раҳнамои таърихи Ҳизби коммунист: Орахелашвили
  8. 1 2 Rulers.org — Soviet republics
  9. Раҳнамои таърихи Ҳизби коммунист: Кринитский
  10. Раҳнамои таърихи Ҳизби коммунист: Ломинадзе
  11. Раҳнамои таърихи Ҳизби коммунист: Картвелишвили
  12. Раҳнамои таърихи Ҳизби коммунист: Берия
  13. Меерзон Жозеф Исаакович
  14. Кудрявтсев Сергей Александрович