Jump to content

Тамашк

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Тамашк
Тамашк
Меваи тамашк
Табақабандии илмӣ
Номи байнулмилалии илмӣ
Rubus idaeus L., 1753
Мутародифот

Тамашк, Марминҷони боғӣ, Тути фарангӣ (лот. Rúbus idáeus) — як навъ буттамева.

Тавсифоти ботаникӣ

[вироиш | вироиши манбаъ]
Тасвири ботаникӣ аз китоби «Köhler’s Medizinal-Pflanzen», 1887

Қадаш 1 – 3 м. Қисми зеризаминии тамашк бисёрсола буда, аз тирреша ва решаҳои зиёди паҳлӯӣ иборат аст. Қисми болоиашро навдаҳои як ва дусолаи сабз, сурх, бунафш ташкил медиҳанд. Баргаш мураккаб (аз 3 – 7 баргчаи байзашакл ё гирда иборат аст); дарозиаш 18 – 23 см, бараш 10 – 15 см; хӯшагулаш 10 – 20-то гул дорад. Гулаш сафед (диаметраш қариб 1 см), бори аввал апрел – июн ва бори дуюм август – сентябр мешукуфад. Мевааш (вазнаш 1,5 – 5,5 г) сурх, баъзан зард, хуштаъму хушбӯй, сершира буда, ба марминҷон ва тут монанд аст.

Дар Тоҷикистон тамашки худрӯй нест. Тамашкро бо роҳи рарғуч барои рӯёндани навъҳои нав истифода мебаранд. Барои шинондан решанавдаҳои яксолаи ғафсиашон 8 – 10 мм ва дарозиашон 15 – 20 см интихоб карда мешаванд. Аз ҳар буттаи тамашк 6 – 10 решанавда гирифтан мумкин. Баъди кофта гирифтан решанавдаҳоро ба навъҳо ҷудо ва бандча карда мемонанд. Замини барои тамашк пешбинишуда бояд ҳамвор ва шамолпанаҳ бошад. Тамашк дар хоки нарм, ҳосилхез ва намнок ҳосили хуб медиҳад. Сатҳи оби зеризаминӣ бояд аз 1,5 м боло набошад. Барои дар фасли баҳор шинондани тамашк заминро тирамоҳ тайёр бояд кард. Ба ҳар га 80 – 90 т пору ё компост медиҳанд. Навбаҳорон заминро шудгор ва мола карда, тамашкро мешинонанд.

Хосияти ғизоӣ

[вироиш | вироиши манбаъ]

Аз меваи тари тамашк мураббо, шарбат, мармелад, пастила, компот ва маснуоти гуногуни қаннодӣ, ҳар гуна нӯшокӣ тайёр мекунанд. Меваи тамашк серғизост. Дар таркибаш то 11% қанд, 1 – 2% кислотаи органикӣ, то 3% моддаҳои даббоғӣ, 9,1 – 14 мг% витамини С, витамини В, каротин (провитамини А), моддаҳои хушбӯй дорад.

Хосияти шифоӣ

[вироиш | вироиши манбаъ]
Десерти малина бо панири тару тоза ва асал

Дар тибби халқӣ хеле маъмул аст. Меваи хушк ё шохчаи барг ва гулу меваи тамашкро ҷӯшонида истеъмол мекунанд, барои табобати зангила, камхунӣ, исҳоли хунин ва илтиҳоб истифода мебаранд. Бо шарбати меваи тамашк таъми доруҳоро беҳтар мегардонанд. Тамашкро барои тархӯрӣ кор мефармоянд. Аз он мураббо, шарбат, мармелад, пастила, кампот, нӯшоба, маснуоти гуногуни қаннодӣ, машрубот (ликёр, май ва ғайра) тайёр мекунанд. Тамашк меваи серғизо буда, таркибаш аз қанд (глюкоза, фруктоза, пектоза), кислотаҳои органикӣ (ҷавҳари лиму, себ, ангур ва ғайра), витаминҳои С, А, В, РР иборат аст. Дар тибби халқӣ барои муолиҷа мева, барг ва гули тамашкро истифода мебаранд. Тамашк воситаи хуби арақовар мебошад. Бо он бемориҳои гуногуни илтиҳобиро табобат менамоянд. Мураббо ва нӯшобаи тамашк ҳангоми бемориҳои сироятӣ ва илтиҳобӣ (бронхит, дарди гулӯ, фарингит, илтиҳоби шуш) чун давои арақовар ва табшикан истифода мегардад. Барги тамашк ҳамчун воситаи зидди илтиҳоб дар мавриди газаки шадид ва куҳна, энтероколит, гулӯдард (ангина), стоматит, бронхит муфид аст. Нақеъи барги онро ҳангоми хунравии меъда, бинӣ ва диг. узвҳо чун воситаи хунбанд истеъмол менамоянд. Аз тамашк бештар чой дам карда, ҳамчун давои арақрон менӯшанд. Бо ин мақсад дар 3 истакон оби ҷӯш 5 – 6 қошуқ меваи хушки онро андохта, дар давоми як соат истеъмол кардан лозим аст. Беҳтар аст дар ин маврид дар ҷогаҳ хобида, рӯйро бо кӯрпа пушонд. Дар натиҷа одам арақи бисёр карда сабук мешавад. Хусусияти арақронии тамашк барои ашхоси гирифтори бемории гипертония муфид аст, зеро ҳангоми арақ кардан аз организм намаки бисёр хориҷ мегардад. Истеъмоли тамашк барои одамони гирифтори қабзият ва заъфи гувориш низ муфид аст. Оби тамашк барои муолиҷаи илтиҳоби рӯда ва исҳол нафъ дорад. Тамашкро барои табобати анемия низ кор мефармоянд. Моддаҳои органикии таркиби тамашк гувориши оҳанро дар роҳи аъзои ҳозима беҳтар месозад. Дар таркиби тамашк ҳамчунин йод мавҷуд аст, ки барои пешгирии атеросклероз ва ихтилоли фаъолияти дил нафъ дорад. Ҳангоми бемории диабети қандӣ оби тамашк ва компоти беқанди он муфид аст. Тамашк дар тибби муосир ба сифати воситаи парҳезӣ, зиддиилтиҳобӣ, табшикан ва арақовар ба кор бурда мешавад. Тамашк афзоиши стафилококкҳоро бозмедорад, барои табобати бемории анемияи камоҳан муфид аст. Бо шарбати тамашк доруҳои бачагонаро хуштаъм менамоянд.

  • Нуралиев Ю., Лекарственные растения, Д., 1988.