Танбӯр

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Jump to navigation Jump to search
Созҳои мусиқии тоҷикӣ

Танбӯр, (аз юнонӣ-«танбӯра», «тан»- яъне «дил» ва «бӯра»-яъне «харошидан»), – сози миллии мусиқии тоҷикон, ки торӣ мебошад. Аз чӯби зардолу, тут ва ғ. сохта мешавад. Дар Афғонистон ва Ӯзбакистон низ маъмул аст.

Танбӯр, сози қадимии тоҷикист, ки бо нохунаки филиззӣ навохта мешавад. Дар Ӯзбекистон ва Афғонистон низ маъмул аст. Косаи он низ мурутшакл буда, дастаи дароз дорад. Косаи танбӯрро аз чӯби тут, зардолу ва ғ. сохта, бо тахтачаи тунук рӯбаст мекунанд. Сарпӯши косаашро бештар аз чӯби чормағз метарошанд. Барои мавҷнокии овоз чанд ҷои сарпӯшро сӯрох мекунанд. Миқдори пардаҳояш 16-19-то буда, бо риштапай (аз рӯдаи ҳайвонот тайёр мекунанд) баста шудааст. Танбӯрҳои давраи қадим (асрҳои 2-то милод ва 1милод) ду тор дошта, бо камонча навохта мешудаанд. Баъдтар дар замони Сосониён (асрҳои 3-7) танбӯр такмил ёфт ва яке аз созҳои маъмулу машҳӯри он замон гардид. Торҳои онро аз рӯдаи ҳайвонот ва баъзан аз абрешим тайёр мекарданд. Муаллифони бештари маъхазҳо садои танбӯрро мушобеҳи сози машҳӯри қадима барбат медонанд. Вале тафовути танбӯр аз барбат дар он будааст, ки танбӯр косаи хурду дастаи дароз доштааст. Дар асрҳои минбаъда (асрҳои 8-10) танбӯри хуросони дар сарзамини Осиёи Миёна ва Хуросон такмил ёфта, ба он тори сеюм илова гардид ва аз созҳои машҳӯри мақомнавозӣ ба шумор мерафт. Дар асоси маълумоти маъхазҳо ба чунин хулоса омадан мумкин аст, ки танбӯр созӣ қадимии халқҳои форсу тоҷик буда, дар даврони бостон мисли дигар созҳои мусиқи дар Осиёи Миёна ва Осиёӣ пеш ба вуҷуд омада, сипас ба кишварҳои Юнону Рум паҳн гардидааст. Танбӯр дар тӯли бо тағйироти ҷузъи то замони мо дар шакли сетораи дастадароз, ки косаи кӯчаки мурудшакл дорад омада расидааст. Дар нимаи дуюми асри 20 танбӯр такмил ёфта, ба он тори чорум илова гардид. Ин шакли танбӯр дар партитура овозҳои регистри миёна ва пастро дар бар мегирад. Нотааш дар калиди скрипка сабт шуда аз навишташ як октава паст нишон медиҳад. Торҳои танбӯр биринҷӣ буда, бо фосилаи кварта ҷӯр мешаванд: тори якуми ля-и октаваи хурд, тори ми-и октаваи хурд, тори сеюму чорум ля-и октаваи хурд. Яъни, се тори охир вазифаи ҳамоҳангии зеровозҳои лаҳниро иҷро мекунанд. Ҳаҷми садодиҳии танбӯри такмилёфта (чортора) аз нотаи ми-и октаваи хурд то ре (ми)-и октаваи сеюмро дар бар мегирад ва аз 30 пардаи филлизӣ иборат аст. Пардаҳо дар даста насб шудаанд. Ин танбӯр техникӣ буда, барои хонандагони навомӯз қуллай мебошад. Вале танбӯри халқӣ, бо тембру форами садояш аз танбӯри такмилёфта бартарӣ дорад.

Дар тӯлии қарнҳо танбӯрзанони машҳӯри давр: Раҳимберди Танбӯрии Самарқандӣ, Зебопарӣ, Бузургхонтӯра Ҳофиз, Умар Ҳофиз, Содирхон Ҳофиз, Қорӣ Каромат Танбӯрӣ, Ҳоҷӣ Мирзо, Атоҷон Танбӯробқул Танбӯрӣ, Зуҳурридин Бурҳони Танбӯрӣ, Гулоб Танбӯрӣ, Бобоқул Файзуллоев, Маъруф Тошпӯлод Танбӯрӣ, Шоҳназар Соҳибов, Фазлиддин Шаҳобов, Маъруфхӯҷа Баҳодуров, Абдувалӣ Абдурашидов (асрҳои 20-21) ва ғ. номбардори касби худ буданд.

Адабиёт[вироиш]

  • Энциклопедияи адабиёт ва санъати тоҷик Ҷ.3 . - Душанбе,2004
  • Вьзго Т.С. Музыкальные инструменты средней Азии // Исторические очерки.-М, «Музыка», 1980;
  • Петросян А.И Инструментоведение // Узбекские народные инструменты.-Ташкент, 1980;

Манбаъ[вироиш]

Энсиклопедияи Советии Тоҷик Мақола дар асоси маводи Энсиклопедияи Советии Тоҷик навишта шудааст.

Пайвандҳои беруна[вироиш]