Танзан Ишибаши

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Танзан Ишибаши
ҷопонӣ: 石橋 湛山
Сурат
Таърихи таваллуд 25 сентябр 1884(1884-09-25)[1][2]
Зодгоҳ
Таърихи даргузашт 25 апрел 1973(1973-04-25)[1][2] (88 сол)
Маҳалли даргузашт
Кишвар
Пеша сиёсатмадор, рӯзноманигор
Падар Sugita Nippu[d]
Фарзанд Tan'ichi Ishibashi[d]
Ҷоизаҳо
Order of the Rising Sun with Paulownia Flowers, 1st class Order of the Rising Sun, 1st class
Имзо
 Парвандаҳо дар Викианбор

Танзан Ишибаши ( ҷопонӣ: 石橋 湛山25 сентябр 1884, Токио —  25 апрели 1973 ) - рӯзноманигори ҷопонӣ, олими иқтисодчӣ, дорои дониши энсиклопедӣ, сиёсатмадор, сарвазири 55-уми Ҷопон (1956-1957).

Зиндагинома[вироиш | вироиши манбаъ]

Писари рӯҳонии дайри буддоии мазҳаби Нитирен. Дар Токио таваллуд шудааст, Донишгоҳи Васедаро хатм кардааст. Дар солҳои 1930—1940 ум бо хабарнигорӣ машғул буд. Нависанда Асарҳои сершумор оид ба иқтисоди сиёсӣ ба қалами ӯ тааллуқ доранд. Вай нашриёти «Тое Кейзай»-ро таъсис дод, ки то имрӯз фаъолият дорад. Тибқи эътиқоди худ, ки ҳатто дар солҳои пеш аз ҷанг ҳимоят мекард, Ишибаши як либерал ва демократ буд. Соли 1946 дар девони вазирони якуми баъдичангии Ёшида Шигеру вазири молия таъйин шуд, аммо дар натиҷаи аз тарафи фармондеҳии ишголӣ тоза кардани дастгоҳи давлатӣ вай аз соли 1947 то соли 1951 аз хидмат дур карда шуд. Моҳи декабри соли 1954 дар девони вазирони Хатояма Итиро вазири савдо ва саноати байналхалкй таъйин карда шуд. Дар моҳи декабри соли 1956, Ишибаши сарвазир шуд, (ҳамагӣ ду моҳ). Аллакай 31 январи соли 1957 ба сабаби бемории вазнин ваколатҳояшро боздошт ва вазири корҳои хориҷӣ Киши Нобусукеро иҷрокунандаи вазифаи сарвазир таъйин кард ва 23 феврал истеъфо дод.

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

  1. 1.0 1.1 Encyclopædia Britannica (ингл.)
  2. 2.0 2.1 Munzinger Personen (нем.)

Пайвандҳо[вироиш | вироиши манбаъ]