Таносух
Таносух (ар. التناسخ — нақл, гузаштани як чиз ба чизи дигар), боззоӣ, зодмурд, ё реинкарнатсия (лот. reincarnatio) — таълимоти динию фалсафист дар бораи интиқоли нафс аз як тан (мурда) ба тани дигар (набот, ҳайвон, инсон). Агар аъмоли нафс некӯ бошад, вай гӯё баъди марг ба тани шарифтар ва агар рафтори ӯ некӯ набошад, ба тани вазеътар аз пешин нақл мешудааст.
Таърих
[вироиш | вироиши манбаъ]Таносух дар аҳди бостон пайдо шуда буд. Минбаъд зимни шнкишофи динҳо ва ҷараёнҳои динию фалсафи (бараҳмания, буддоия, ҳиндуия) такмил ёфт ва яке аз муҳимтарин усулҳои назариёти онон гардид.
Дар Юнони Қадим таълимоти тасносухро орфеиён, пифагориён, Афлотун ва пайравонаш инкишоф додаанд. Дар Шарқ ғояи таносух ба таълимоти монавия нақши равшан гузоштаст.
Ислом таносухро рад мекунад. Вале вай дар кишварҳое, ки пеш зери таъсири идеологии зардуштия буданд, ин ақидаро комилан шикаст дода натавонист. Боқӣ мондани назарияи таносух дар ақоиди баъзе фирқаҳои ислом ва осори як зумра мутафаккирони асрҳои миёна аз ҳамин хусус дарак медиҳад. Масалан, дар «Зоду-л-мусофирин» омада, ки исмоилиёни ғоӣ ба таносух эътимод доранд. Дар «Ал-милал ва н-ниҳал» қайд шудааст, ки Ан-Наззом ва шогирдони ӯ Фазл ибни Ҳадасӣ, Аҳмад ибни Ҳаит низ ба таносух қоил буданд. Вале дар таърихи фалсафаи тоҷик ва дигар халқҳои Шарқи Наздику Миёна ин ақидаро на ҳама маъқул донистаанд. Масалан, Ибни Сино дар «Азҳавия» ин ақидаро бо далелҳои ақлӣ ва нақлӣ рад кардааст. Носири Хисрав, ки аз исмоилиёни эътидолӣ буд, низ ба таносух эътимод надошт ва онро назарияи комилан ботил мешуморид. Аҳли тасаввуф низ таносухро мазаммат кардаанд. Маҳмуди Шабустарӣ менависад:
- Таносух з-он сабаб шуд нуфру ботил,
- Ки он аз тангчашми шуд ҳосил.
Илми ҳозира таносухро рад мекунад, зеро, мувофиқи он, нафс (шуур) мустақил набуда, балки хосияти мағзи сари инсон аст ва берун аз он мустақилона вуҷуд дошта наметавонад.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Сарчашма
[вироиш | вироиши манбаъ]- Энциклопедияи Советии Тоҷик : [дар 8 ҷ.] / сармуҳаррир А. С. Сайфуллоев. — Д. : СИЭСТ, 1978—1988.
Ин мақолаи хурд аст. Бо густариши он ба Википедия кӯмак кунед. Дар сурати имкон ин ёддошт бояд дақиқтар ҷойгузин шавад. |