Танӯрсозӣ
Танӯрсозӣ (порсӣ: تنورسازی ) – як навъ касби анъанавии мардуми тоҷик мебошад.
Танӯрсозон пеш аз ҳама ба интихоби хок таваҷҷуҳ мекунанд. Дар ҳар минтақа ҷойҳои муайян барои хокгирӣ мавҷуданд. Масалан, дар ноҳияи Ҳисор аз доманаи кӯҳи сурххоки деҳаи Булбулчашма хоки танӯрро интихоб мекунанд. Дар Истаравшан аз устоҳо гилро оварда хушконида, сипас бо хоки зард ҳамроҳ карда лой мешӯранд. Ҳангоми лой шӯридан барои мустаҳкам шудан ва накафидани девораи танӯр ба он каме пашми чорпо илова менамоянд. Яке аз амалҳои муҳими танӯрсозӣ зери по сум задани лой мебошад. Онро такрор ба такрор гардонида сум мезананд, то ки тамоми ҳавои дохилаш берун шавад ва лой шакли яклухти часпакро гирад. Маъмулан, онро барои ин ки хоку хас омехта нашавад, дар болои шол ё ҷойҳои поку рӯфташуда тунук карда, сум мезананд. Пас аз сум хӯрдан лойро ба шол (имрӯзҳо ба пардаи полиэтиленӣ) печонида, ба муддати ду рӯз дам медиҳанд.
Танӯр аз се қисм иборат аст. Қисми аввалро “тахтаи аввал” меноманд, ки дарозиаш тақрибан 3 м ва бараш 35-40 см мешавад. Тахтаи аввалро баъд аз тунук кардан ва дарозшакл намудан, нӯгҳояшро ба ҳам оварда мепайванданд. Пас аз 4-5 соат, ки он каме сахт шуд, деворҳои онро аз дарун бо асбоби ғундак ва аз берун бо даста мекӯбанд, то ки мустаҳкаму ҳамвор гардад. Сипас қисмат ё тахтаи дуюмро ба ҳамин тарз тайёр карда, аз боло ба тахтаи якум пайванд месозанд. Тахтаи дуюм андаке конусшакл буда, аз қисми поёни худ ба тахтаи якум ба воситаи дандона пайваст карда мешавад. Деворҳои тахтаро боз бо даста ва ғундак кӯфта, пайвандии онҳоро қавӣ мегардонанд. Қисми севумро “даҳана” меноманд, ки деворҳояш бориктар аз тахтаҳои дигар аст. Шакли даҳана низ ба конус монанд мебошад. Пас аз ба ҳам оварадани нӯгҳои даҳана ва ба болои тахтаи дуюм устувор намудан, бо даставу ғундак аз даруну берун зада, пайвандҳоро маҳкам менамоянд. Гили даҳони танӯрро бо об андаке мулоимтар карда, ба шакли давра лаб мебароранд. Маъмулан андозаи даҳони танӯри нонпазӣ 50 см ва танӯр барои санбӯсапазӣ ба 65-70 см баробар аст. Баъзан мувофиқи супориши мизоҷон устоҳо андозаҳо тағйир меёбанд.
Танӯрро барои хушк намудан дар ҷойи офтобӣ гузошта, андаруни он дар замин каме ангиштро оташ медиҳанд, то ки бо алангаи паст ангишт ду шабонарӯз сӯхта, танӯрро аз дарун хушк намояд. Баъд аз ду рӯз 3-4 адад хиштро барои ҳаво гузашта пурра хушкониданаш аз зери танӯр мениҳанд. Тарзи шинондан ва ба истифода додани танӯр дар хонаҳо нозукии махсус дорад. Аз хишт ё лой ду то деворчаи баландиашон 80-90 см, дарозиашон 1 м ва фосилаи байнашон 120 см сохта, ба болояш тахта мегузоранд. Сипас ба болои тахтаҳо хок рехта, танӯрро ба тарзи амудӣ рӯи он хок мениҳанд. Одатан рӯйи танӯр бояд ба самти қибла набошад, баръакс пушти танӯрро ба тарафи қибла мегузоранд, ки нонпаз ҳангоми нончаспонӣ рӯй ба қибла оварда, нон пазад. Даҳони танӯр бояд андаке дар ҳолати уреб қарор гирад, яъне лаби поёни танӯр аз лаби болои он 1-2 см берунтар барояд. Бо ин мақсад устои танӯршинон сангчаеро аз лаби болои танӯр ба поён сар медиҳад ва сангча бояд ба даруни танӯр афтад. Пас аз муайян шудани мавқеи танӯр ба даруни он 3-4 сатил хок рехта, аз берун то ними он бо гил ва хишт ё кулӯх девор мебардоранд. Қисмати бози қафои танӯрро низ бо хишт девор карда, мепӯшонанд. Аз болои танӯр кулӯхҳоро чида, бо гил маҳкам менамоянд ва аз болои он бо андоваи коҳдор ҳамвор месозанд. Баъд аз пурра пӯшонидани танӯр ба даруни он ҳезумреза андохта оташ мезананд. Оташ бояд бо алангаи паст 18 соат сӯзад. Чун гилу андоваи болои танӯр хушк шуд, ба танӯр ҳезуми хушки кундаро андохта 6 соат беист оташи баланд меафрӯзанд. Дар натиҷа деворҳои танӯр сурх шуда, ба сафол табдил меёбанд. Баъди як соати он ба танӯр нони аввалинро мепазанд.
Танӯр вобаста ба сифат, маҳорати усто ва тарзи истифода бурданаш то 10-15 сол хидмат мекунад. Фаъолияти танӯрсозон ба касби кулолӣ наздик буда, Саид Амири Кулолро пири худ мешуморанд..[1]
Нигаред низ
[вироиш | вироиши манбаъ]Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ Д. Раҳимов. Касбу ҳунарҳои анъанавии тоҷикон. – Душанбе, 2014. – С. 60 - 62.