Таркиш дар бемористони Ибни ал-Хатиб (2021)

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Таркиш дар бемористони Ибни ал-Хатиб — таркиш ва пас аз он сӯхтор рӯзи 24 апрели соли 2021 дар беморхонаи беморони гирифтори сирояти вируси COVID-19 дар Бағдоди Ироқ[1].

Сӯхтор[вироиш | вироиши манбаъ]

Ҳангоми сӯхтор дар дохили он садҳо нафар буданд. Сӯхтор дар се дақиқа паҳн шуд[2]. Ба гуфтаи наҷотбахшон, тақрибан 200 нафар тавонистаанд аз оташ худро канор гиранд[1].

Дар натиҷаи сӯхтор, 82 нафар ба ҳалокат расиданд, дар ҳоле ки ибтидо ин рақамҳо камтар буданд - 58 нафар.

Теъдоди қурбониёни сӯхтор 110 нафарро ташкил додааст, ки вазъи баъзеи онҳо вазнин аст.

Сабаби сӯхтор[вироиш | вироиши манбаъ]

Тибқи маълумоти пешакӣ, сабаби сӯхтор таркиш дар анбори баллонҳои оксиген мебошад, ки дар беморхона барои таъмини ҳаёти беморони ниёзманди нафаси сунъӣ қарор доштанд.

Вокуниш ва тафтишоти Вазорати корҳои дохилии Ироқ[вироиш | вироиши манбаъ]

Дар кишвар мотами серӯза эълон шуд. Пас аз сӯхтор раиси Вазорати тандурустии Ироқ ва губернатори Бағдод истеъфо дод[3].

Муфаттишон маъмурияти беморхонаеро, ки дар он ҷо сӯхтор рух додааст ва кормандони амниятро боздошт карданд[4].

Тибқи маълумоти пешакӣ, беморхона бо системаҳои зарурии оташхомӯшкунӣ муҷаҳҳаз набуд[5].

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

Пайвандҳо[вироиш | вироиши манбаъ]