Таркиш дар бемористони Ибни ал-Хатиб (2021)
Таркиш дар бемористони Ибни ал-Хатиб — таркиш ва пас аз он сӯхтор рӯзи 24 апрели соли 2021 дар беморхонаи беморони гирифтори сирояти вируси COVID-19 дар Бағдоди Ироқ[1].
Сӯхтор
[вироиш | вироиши манбаъ]Ҳангоми сӯхтор дар дохили он садҳо нафар буданд. Сӯхтор дар се дақиқа паҳн шуд[2]. Ба гуфтаи наҷотбахшон, тақрибан 200 нафар тавонистаанд аз оташ худро канор гиранд[1].
Дар натиҷаи сӯхтор, 82 нафар ба ҳалокат расиданд, дар ҳоле ки ибтидо ин рақамҳо камтар буданд - 58 нафар.
Теъдоди қурбониёни сӯхтор 110 нафарро ташкил додааст, ки вазъи баъзеи онҳо вазнин аст.
Сабаби сӯхтор
[вироиш | вироиши манбаъ]Тибқи маълумоти пешакӣ, сабаби сӯхтор таркиш дар анбори баллонҳои оксиген мебошад, ки дар беморхона барои таъмини ҳаёти беморони ниёзманди нафаси сунъӣ қарор доштанд.
Вокуниш ва тафтишоти Вазорати корҳои дохилии Ироқ
[вироиш | вироиши манбаъ]Дар кишвар мотами серӯза эълон шуд. Пас аз сӯхтор раиси Вазорати тандурустии Ироқ ва губернатори Бағдод истеъфо дод[3].
Муфаттишон маъмурияти беморхонаеро, ки дар он ҷо сӯхтор рух додааст ва кормандони амниятро боздошт карданд[4].
Тибқи маълумоти пешакӣ, беморхона бо системаҳои зарурии оташхомӯшкунӣ муҷаҳҳаз набуд[5].
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ 1.0 1.1 В результате пожара в больнице Багдада погибли 82 человека. ТАСС.
- ↑ В МВД Ирака раскрыли подробности пожара в больнице Багдада. ТАСС.
- ↑ Главу Минздрава Ирака и губернатора Багдада отправили в отставку после пожара в больнице. ТАСС.
- ↑ Число погибших при пожаре в больнице в Багдаде достигло 82(рус.). РИА Новости (20210425T1230).
- ↑ Взрыв в коронавирусной больнице Багдада: главное(рус.). 360tv.ru.