Тахти Ҷамшед
Тахти Ҷамшед (юн.-қад. Περσέπολις (Персеполь) — маъно Шаҳри форсҳо), Тахти Ҷамшед (форсӣ: تخت جمشید) — шаҳри қадимаи форсҳо, ки дар асрҳои VI—V то милод, пойтахти шоҳанҳоҳии Ҳахоманишиён буд. Шаҳр аз ҷониби лашкари Искандари Мақдунӣ соли 330 то милод, ишғол гардида дар натиҷаи сӯхтор нест шудааст.
Дар 50 км аз шимолу шарқи Шероз, тақрибан 900 км дар ҷанубтари Теҳрон воқеъ аст. Ба шаҳристони Марвдашти Устони Форси Эрон дохил аст, фасли 4 километр аз Тахти Ҷамшед. Дар Тахти Ҷамшед боқимондаҳои комплекси қасри шоҳ ва иншооти дигар боқӣ мондаанд, ки масоҳати умумии он 135 000 м² ташкил медиҳад. Дар фосилаи 4 километр аз Тахти Ҷамшед оромгоҳи Нақши Рустам воқеъ аст. Релефҳои (нақшбарҷастаҳои) рӯи харсангии Нақши Рустам ва Нақши Раҷаб саёҳонро ҷалб мекунанд. Дар сохтмони шаҳр форсҳо меҳнати ғуломонро истифода бурдаанд. Аз маҷмааи бостонӣ машҳуртарин бино - қасри Ападана бо толори 72 сутундор мебошад.[1]
Нигористон
[вироиш | вироиши манбаъ]-
Нишони Ҳахоманишиён аз Тахти Ҷамшед (Персеполис) дар Осорхонаи миллии Эрон, Теҳрон.
-
Мардони Мод. Деворнигор. Тахти Ҷамшед (Персеполис).
-
Экспонатҳо аз Тахти Ҷамшед (Персеполис) дар Осорхонаи миллии Эрон, Теҳрон.
-
Харбобаҳои сутунҳои "Дарвозаи ҳамаи миллатҳо", Тахти Ҷамшед.
-
Харбобаҳои сутунҳои "Дарвозаи ҳамаи миллатҳо", Тахти Ҷамшед.
-
Харбобаҳо. "Дарвозаи ҳамаи миллатҳо" , Тахти Ҷамшед.
-
Деворнигор. "Дарвозаи ҳамаи миллатҳо", Тахти Ҷамшед.
-
Харбобаҳои Ападана, Тахти Ҷамшед.
-
Намои акси модҳо ва форсҳо. Ападана, Тахти Ҷамшед.
-
Харбобаҳои сутунҳои бузурги Ападана.
-
Нигористони Ападана, Тахти Ҷамшед.
-
Нигористони Ападана, Тахти Ҷамшед..
-
Харбобаҳои Тахти Ҷамшед.
-
Харбобаҳои Тахти Ҷамшед.
-
Харбобаҳои Тахти Ҷамшед.
-
Харбобаҳои "Толори Сад Сутун", Тахти Ҷамшед.