Jump to content

Таърихи Душанбе

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Таърихи Душанбе — ба даврони подшоҳии Кушониён бармегардад.

Душанбе (солҳои 1929–1961 Сталинобод) яке аз ҷавонтарин шаҳрҳои Осиёи Марказӣ бошад ҳам, дар ҳудуди имрӯзии он тақрибан 2300–2400 сол пеш аз ин тамаддуни шаҳрнишинӣ мавҷуд будааст. Далели ин бозёфтҳои нодири бостоншиносӣ, харобаҳои шаҳристон, боқимондаи димна, арку қалъа, дахмаву дафнгоҳҳо ва сиккаҳои қадимие мебошанд, ки аз ҳудуди шаҳри Душанбе ва мавзеъҳои атрофи он ёфт гардида, ки баъзеи онҳо баъди тармиму бозсозӣ дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон ва Осорхонаи миллии бостоншиносии Тоҷикистон ба намоиш гузошта шудаанд. Муҳаққиқони бостоншинос таърихи Душанберо дар масири мавҷудияташ ба се давраи асосӣ тақсим мекунанд: давраи қадим, асрҳои миёна ва давраи нав.

Давраи қадим

[вироиш | вироиши манбаъ]

Душанбе аз рӯи мавқеи ҷуғрофӣ дар ҳудуди Тоҷикистони Марказӣ, дар доманакӯҳҳои Ҳисор ҷойгир аст, ки аз марзҳои он дарёҳои Варзоб, Лучоб, Кофарниҳон, Хонақоҳ ва чандин дарёчаи дигар ҷорӣ мешаванд. Душанбеи таърихӣ дар қисмати шарқии водии Ҳисор мавқеъ дошта, ба андешаи бостоншиносону таърихнигорон ҳудуди таърихии буду боши мардумони атрофаш дар воҳаи дарозиаш тақрибан 80 км ва паҳнояш то 20–24 км ҷой гирифта буд. Шаҳри Душанбе таърихи беш аз 2400-сола дорад, ки аз рӯи бозёфтҳои бостоншиносон айнияту мансубияташ ба «тамаддуни Ҳисор» аст. Ҳисор тамаддуни бостонии аҳди неолит буда, давраи интиҳои асри сангро дар қисмати Тоҷикистони Марказӣ ва Ҷанубӣ фаро мегирад, ки ба ҳазорсолаҳои 7–2 то милод мансуб мебошад.

Ёдгориҳои тамаддуни Ҳисорро соли 1948 академик А. П. Окладников кашф кард, ки ба он асосан бозёфтҳои ҳудуди водии Ҳисор, шаҳристони қадимии Душанбе, мавзеи Сайёди наздикии Норак, бошишгоҳи Тутқавул ва Кӯи Булиёни наздикии Данғараро мансуб донист. Ба ақидаи А. П. Окладников бошандагони қадими Ҳисор асосан ба шикор, чорводорӣ ва қисман ба деҳқонию ҳунармандӣ машғул буда, аз бошишгоҳҳои онҳо асосан олоту маснуоти сангин, дар баъзе мавзеъҳои зиндагии онҳо осори маснуоти сафолӣ падид омаданд. Махсусан оташдонҳои нимдоира, ки девораҳои он аз сангҳои хурду бузург сохта шудаанд, аз мавҷудияти иқоматгоҳҳои мансуби аҳди неолит (ҳазорсолаи 6–2 то милод) шаҳодат медиҳанд. Бештари олоту маснуоти падидомадаи давраи неолит аз қайроқсанг ва дигар олатҳои сангини меҳнат (корд, хашав, теғи секунҷа ва ғайра) иборатанд.

Ковишҳои бостоншиносӣ дар ҳудуди Душанбе аз ҷониби кишваршиносон В. Р. Чейлитко ва В. Д. Салочинский соли 30-юми асри 20 оғоз ёфтааст. В. Р. Чейлитко соли 1932, баъди пайдо намудани якчанд бошишгоҳи одамони қадим аз соҳилҳои дарёи Душанбе (ҳангоми кандани наҳри Варзоб) ба омӯзиши таърихи аҳди қадими Душанбе замина гузошт. Соли 1941 бостоншинос П. И. Смоличев дар қисми шимолу шарқии шаҳр дафинаеро кашф намуд ва аз он ҷо миқдори зиёди сафолпораҳо пайдо кард. Чунин маснуоти сафолӣ аз ҳудуди Корхонаи бофандагӣ низ ёфт шуданд. П. И. Смоличев тахмин кард, ки дафинаи кашфнамудааш ба миёнаҳои ҳазорсолаи 1 то милод тааллуқ дорад, вале дертар маълум шуд, ки одамон дар ин ҷо ҳатто дар давраи биринҷӣ (ҳазорсолаи 2 то милод) дафн шуда будаанд.

Соли 1948 бо ташаббус ва сарварии академик А. П. Окладников гурӯҳи бостоншиносон омӯзишу таҳқиқи атрофи Душанберо идома доданд. Дар натиҷа дар соҳилҳои рӯдхонаҳои Лучоб, Хонақоҳ ва Кофарниҳон маҳалҳои зиёде пайдо гардиданд, ки қабатҳои маскунии онҳо аз тамаддуни то он вақт маълуми Ҷайтун ва Калтаманор фарқ мекарданд. Академик А. П. Окладников бозёфтҳои фарҳанги кӯҳистонии Тоҷикистонро аз рӯи ёдгории барҷастаи ин давра – Теппаи Ғозиёни Ҳисор «тамаддуни Ҳисор» номида, таърихашро ба ҳудуди ҳазорсолаҳои 4–3 то милод мансуб донист. Ҳамин тавр, омӯзиши илмии бахши бостоншиносии ҳудуди Душанбе ва атрофи он оғоз ёфта, тайи солҳои баъд муҳаққиқон чандин ёдгори арзишманд: Арки Амир – дар ҷойи ҳозираи Боғи ботаникӣ, Дахма – дар ҳудуди маркази алоқаи ҷумҳуриявӣ, «Боқимондаҳо»-и шаҳр («Остонес ») – дар байни хиёбони Ҳофизи Шерозӣ ва кӯчаи Деҳқон, Шишихона – дар маҳаллаи 84, Работ – аз нишеби пули хиёбони Сомонӣ то кӯчаи ба номи Аҳрорӣ, Искандартеппа – дар ҷойи якдигарро бурида гузаштани кӯчаҳои Манн ва Фучик ва ғайраро кашф намуданд. Бозёфтҳо иборат аз олоти гуногуни меҳнат, дастгоҳҳои сангини коркарди ғалла, дегчаҳои сафолӣ, манқал, лангарчаҳои чархмонанду аҳромшакл, маснуоти кулолӣ, зарфҳои хӯрокхӯрӣ ва амсоли онҳо буданд.

Ковишҳои бостоншиносии баъдӣ дар солҳои 50 ва 60 ошкор намуд, ки дар аҳди неолит дар ҳудуди Душанбе услуби коркарди санг ва усули пешрафтаи суфтакунии он маъмул гардида, такмили олоти кор барои рушди зироаткорӣ, чорводорӣ ва ҳамчунин бофандагӣ мусоидат намудаанд. Маълум шуд, ки мардуми ин ҷо 3 ҳазор сол муқаддам баробари истифодаи олоти сангин, инчунин ба коркарди сафол ва оҳану мис низ ошно будаанд, ки ба ин бозёфтҳои дар боло зикршуда шаҳодат медиҳанд. Соли 1958 дар фосилаи дукилометрии қисмати шимолу ғарбии деҳаи Арақчини ноҳияи Варзоб дар соҳили чапи дарёчаи Лучоб табари мисин (дарозиаш 8,9 см) ёфт шуд, ки онро аввал гудохтаву дар қолаби махсус рехта, сипас кӯфта тунук кардаанд. Донишмандон онро бо табарҳои фонашакли қадимии минтақаи Бохтару Ҳинд монанд донистаанд. Бешак ин таъсир аз он будааст, ки водии Ҳисор ҷузъи давлати бузурги Бохтари Қадим буд.

Сиккаҳои аз ин минтақа ёфтшуда низ собит месозанд, ки тамаддуни ин мардум бо аҳолии дигари Бохтар як будааст. Аз Душанбе ва атрофи он то соли 2004 беш аз 3684 сикка пайдо шудааст, ки аксари онҳо ба 12 дафина ва инчунин 64 намунаи сиккаҳои ҷудогона мансуб мебошанд.

Аз ҷумлаи сиккаҳои дар ҳудуди Душанбе ёфтшуда се сиккаи мисӣ аст, ки ба тақлиди тетрадрахмаҳои юнону бохтарии шоҳ Гелиокл (солҳои 155–140 то милод) ҳакокӣ шудаанд. Дар ноҳияҳои ҳамсояи Душанбе ва водии Ҳисор як драхма ва се тетрадрахмаи юнону бохтарии шоҳ Евкратид (171 то милод) пайдо гардиданд, ки аз густариши тиҷорат дар ин минтақа гувоҳӣ медиҳанд.

Шаҳри аз ҳама калонтарину қадимтарини Душанбеи аҳди Юнону Бохтариён ба андешаи бостоншиносон тақрибан 70 га масоҳат дошта, аз бозори Баракат то Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон тӯл мекашидааст.

Ҳаёт дар ин шаҳри қадимӣ аз рӯи бозёфтҳои маснуоти сафолӣ, зарфҳои гуногун, ашёи филиззӣ, тангаҳои мисину нуқрагин, олоти меҳнат, ашёи рӯзгор ва ғайра тақрибан аз асри 3 пеш аз милод то асри 4 милодӣ, яъне тақрибан 700 сол идома доштааст. Аз рӯи анъанаҳои шаҳрсозии қадимӣ шаҳристони Душанбе низ дар тайи ин солҳо аз дижи мудофиавӣ, работ ва минтақаи дахмаҳо (гӯристон) иборат будааст. Шаҳристони мазкур дар аҳди давлатдории Юнону Бохтариён ва Кушониҳо арзи вуҷуд дошта бошад ҳам, номи он аз сарчашмаҳои таърихии он давра дастрас нагардидааст. Дижро аз шаҳристон хандақи калоне ҷудо мекард, ки ҳоло ҳам аз он оби наҳр ҷорӣ мешавад. Диж шакли росткунҷа дошта, аз шарқ ба ғарб (ҳудудаш 300 х 150 м) тӯл мекашид.

Соли 1989 ҳангоми кофтукови диж аз ҷониби А. Л. Абдуллоев қабати маскуние падид омад, ки ба аҳди давлатдории Юнону Бохтар, яъне асрҳои 4–2 то милод мансуб будааст. Сараввал ҳангоми рафти корҳои сохтмонӣ соли 1952 тасодуфан ду ёдгори нодири дорои санъати баланд, яке гӯшвораи электр аз хӯлаи тилою нуқра, дигаре афзори мудаввари биринҷии зарҳалкашидашудаи асп бо расми сари Дионис (худои маю дилхушии юнониён) ёфт гардид.

Пайдо шудани ин намунаҳои ҳунари баланди ороишии ниёгон муҳаққиқонро водор намуд, ки ба ҳафриёти ин шаҳристон гурӯҳи бостоншиносии Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи Аҳмади Дониши Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон (А. Абдуллоев, Т. Г. Филимонова, М. А. Бубнова ва дигарон)ро равон намоянд.

Соли 1951 дар ҳавлии яке аз хонаҳо, ки дар ҷанубу ғарбтари Институти давлатии педагогии Душанбе (ҳоло ДДОТ ба номи С. Айнӣ) воқеъ буд, олимони бостоншинос Н. Н. Забелин ва М. М. Дяконов тасодуфан хуми навиштаҷотдоре бо ҳарфҳои юнонӣ ва забони бохтарӣ (кӯшонӣ) пайдо намуданд. Соли 1956 дар ҳудуди шаҳристони Душанбе (байни ДДОТ ва кӯчаи Исмоили Сомонӣ) дар рафти корҳои сохтмонӣ таҳхонаи қадимии аз хишти пухта сохташуда кашф гардид. Бостоншиносони Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин мавзеъ шаҳраки бостониеро пайдо намуданд, ки сокинони он дар дахмасозӣ аз таҳхона ва хум истифода мебурданд. Масоҳати умумии ин қабристон тақрибан 20 га-ро ташкил медод, ки дар адабиёти илмӣ номи Гӯрхона (Некропол)-и Душанберо гирифт. Фаршу деворҳои дахмаҳо аз хишти пухта чида шуда, ҷасадҳоро андаруни хумҳо ё қабрҳои чаҳоркунҷаи сангину хиштӣ дафн карда буданд. Аз рӯи сафолпораҳо ва маснуоти кулолие, ки дуртар аз дахмаҳо пайдо карданд, давраи зиндагии сокинони онро ба аҳди Кушониён (асри 2–1 то милод) нисбат медиҳанд.

Соли 1994 дар баландии соҳили чапи дарёи Душанбе аз шимолу ғарбтари бозори Баракат (дар мавзеи байни собиқ қисми ҳарбӣ ва стантсияи алоқа) аз ҳавлие вақти кофтани хандақ кӯзае ёфт шуд, ки андарунаш 45 сиккаи мисини қадимӣ дошт. Маълум шуд, ки ин сиккаҳо ба шоҳони кушонӣ Вима Кадфиз (47–78) ва Канишка (78–123) тааллуқ доштаанд. Дар рӯи онҳо пайкари шоҳ ҳангоми саҷда  дар назди оташдони муқаддаси зардуштӣ ва дар пушташон сурати худоҳои зардуштӣ – Нана-Аноҳита (дар як сикка) ва Оташ (дар се сикка) тасвир шудаанд.

Аз ҳудуди димнаи Душанбе соли 1950 инчунин 39 тангаи нуқрагини аҳди Сосониён ёфт шудааст, ки мансуби асрҳои 4–5 милодӣ мебошанд. Тангаҳо ба се шоҳаншоҳи Сосонӣ: 1 танга ба Яздгирди I (399–420), 28 танга ба Варахрон (Баҳром)-и V (420–438) ва 10 танга ба Яздгирди II (438–457) тааллуқ доранд. Дар рӯи сиккаҳо нимпайкараи шоҳи Сосонӣ тоҷ дар сар ва дар пушти сиккаҳо оташкадаи зардуштӣ бо ду мӯбад тасвир шудаанд. Ин сиккаҳои Сосонӣ аз нуқраи холис сохта шуда, дар муомилоти аҳди Ҳайтолиён дар Осиёи Марказӣ хеле паҳн шуда буд. Дар ҷойҳои ёфтшудаи сиккаҳо инчунин миқдори зиёди сафолпораҳо пайдо гардиданд.

Солҳои 1971–75 бостоншинос П. Т. Самойлик дар ҳудуди шаҳри Душанбе ду дафинаи давраи биринҷиро омӯхта буд, ки яке аз онҳо дар ҳудуди Фурудгоҳ, дигаре дар доманаи Боғи Ғалаба ёфт шуда буд. Ҷолибтарини бозёфтҳо ашёи биринҷӣ – дастпонаҳои паҳн ва шаддаҳо буданд. Дафинаи сеюми давраи биринҷӣ дар канори шарқии шаҳр, дар наздикии Институти зоология ва паразитологияи ба номи Е. Н. Павловский (шаҳрчаи академикҳо) ёфт шуда буд.

Солҳои 1982–84 бостоншиносони тоҷик ёдгори бисёрқабат – шаҳри Шишихонаро (маҳаллаи 84-ум) кашф намуданд.

Муайян карда шуд, ки шаҳри Шишихона то лаҳзаи харобшавӣ аз теппаи на он қадар баланд иборат буд ва дар он қалъа – арк қомат меафрохт. Тибқи анъанае, ки ба шаҳрҳои хурду бузурги Осиёи Марказӣ хос буд, дар арк ҳокими шаҳр бо аҳли оила, посбонон ва хидматгоронаш зиндагӣ мекард. Хандақи амиқи пур аз об аркро аз шаҳристон (шаҳр) ҷудо менамуд. Шишихона работ низ дошт, ки дар он асосан ҳунармандон, тоҷирон, косибони хурд ва ғуломон мезистанд.

Солҳои 80 асри 20 берун аз ҳудуди пойтахт низ ҳафриёти бостоншиносӣ анҷом дода шуданд. Бостоншинос М.

А. Азизов соли 1983 дар ҳудуди Боғи ботаникии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ёдгории «Арки Мир»-ро ҳафриёт намуд. Дар ин ҷо осори маҳалли зисти асримиёнагӣ ошкор шуд. Олимон онро ба асрҳои 7–8 мансуб донистанд.

Дар ҳамин ҷо сафолпораҳои мансуби давраи Кӯшониён низ ёфт шуданд.

Баъди суст шудани мавқеи Кӯшониён дар ибтидои асри 5 Ҳайтолиён ба минтақаҳои Суғду Бохтар сарозер шуда, ҳокимиятҳои маҳаллии ин минтақаро зери тасарруф дароварданд. Дар ин давра ва минбаъд ҳудуди Тирмизу Хатлон, Чағониёну Шумон ва Ахаруну Вашгирд тобеи давлати Ҳайтолиён буда, рушду нумӯ ёфтанд.

Бостоншинос В. С. Соловёв ба ҳафриёти ёдгории аввалҳои асри миёна – Чормағзтеппа, ки дар наздикии маҳаллаи «Испечак», дар қисми шимолу ғарбии шаҳри Душанбе воқеъ аст, соли 1983 шурӯъ кард. Дар ҳафриёти ёдгории Чормағзтеппа пайконҳои оҳанин ва ҳайкалчаҳои сафолӣ ёфт шуданд.

Бостоншинос Е. П. Денисов соли 1983 дар қисми ҷанубии пойтахт ёдгории «Искандартеппа»-ро омӯхт. Таърихи бозёфтҳои қабати қадимтарини ёдгорӣ муайян карда шуд. Маълум гардид, ки сафолпораҳои дар ин ҷо ёфтшуда аз давраи Кӯшониён қадимтар набудаанд. Вале ин ёдгорӣ бо бозёфтҳои ба давраи феодализми мутараққӣ (асрҳои 10–12 милод) хоссаи худ беназир аст.

Ҳамин тариқ, олимон исбот намуданд, ки дар ҳудуди таърихии Душанбе ҳатто дар асри 3 ва шояд дар асри 4 то милод шаҳри қадимие вуҷуд доштааст, ки андозааш дар муқоиса бо дигар шаҳрҳои давраи Кӯшониён бузург будааст.

Асрҳои миёна

[вироиш | вироиши манбаъ]

Номи Душанбе ва музофоти атрофи он дар асрҳои миёна бо номи шаҳр ва вилояти Шумон ёд шудааст, ки ба ин сарчашмаҳои таърихӣ гувоҳӣ медиҳанд.

Сайёҳи Чин – Сюан Сзан, ки соли 644 баъди зиёрати ҷойҳои муқаддаси Ҳиндустон аз тариқи роҳи Бадахшон ба ватан баргашта буд, Тахористон ва мулкҳои он, аз ҷумла, Шумонро ёд мекунад. Аз рӯйи нигориши ӯ ба шакли Сумон ёд шуда, аз ғарб ба шарқ дар фосилаи чоррӯза роҳ ва аз ҷануб ба шимол дар масофаи якрӯза роҳ воқеъ гардида будааст. Дар шаҳри марказии Шумон (Сумон) ду маъбади будоӣ вуҷуд доштааст, ки дар он роҳибон хидмат мекарданд. Аз рӯи ин маълумот метавон гуфт, ки Шумон тобеи Тахористон буда, қисмати шарқӣ ва марказии водии Ҳисорро ишғол намуда, то дарёи Кофарниҳон ва ҷанубтари он тӯл мекашидааст. Мутобиқи сарчашмаҳои чинӣ подшоҳони Тахористон баъди қудратёбиашон дар Бохтар дар заминҳои рости соҳили дарёи Ому (яъне ҷануби Тоҷикистон ва вилоятҳои Сурхондарёи Ӯзбекистон), хусусан Хатлон, Вашгирд, Шумон, Ахарун, Чағониён ва Тирмизу Кешро таҳти васояти хеш дароварданд. Дертар Тахористон сарзаминҳои васеъро аз Туркистони Шарқӣ то Суғду Бохтар ва Кобулу Ҳинд муттаҳид сохта, давлати мутамарказ ва тамаддуни таърихиеро созмон дод, ки то истилои араб дар ин минтақа нуфузи тамом доштанд.

Аз рӯи маълумоти сайёҳи дигари чинӣ Хой Чао, ки тақрибан соли 726 музофоти Суғдро зиёрат кардааст, мулкҳои Маймурғ, Кабудон, Бухоро, Насаф ба ихшиди Суғди Самарқанд тобеъ будаанд, ки бо Тахористон робитаи густардаи иқтисодию маданӣ доштаанд. Дар тасвири деворнигораи Афросиёб ба Суғди Самарқанд омадани ҳайати сафорат ва аз ҷониби шоҳи Суғдиён Варҳуман пазируфта шудани онҳо сабт гардидааст. Дар катибаи суғдии зери тасвир навиштаҷоти зерин боқӣ мондааст:

«Вақте шоҳ Варҳуман (зодаи) Унаш назди вай (сафир) омад ва (сафир) лаб кушод: «Манам дабирпат (сарвари дабирон)-и шоҳи Чағониён, номам Букарзод. Аз шоҳи Чағониён Туронтош омадам, ба Самарқанд назди шоҳ барои изҳори ҳурмат ва инак пеши шоҳ истодаам бо эҳтиром. Ва ту (шоҳо) нанмо шубҳае аз ман, аз худоёни Самарқанд ва аз катибаҳои СамарТасвири қанд (шояд ба маънои китобҳои динист) ман хуб воқифам. Ва нахоҳам расонд зиёне ба шоҳи Самарқанд. Бодо, шоҳо, давлатат зиёда...».

Аз ин навиштаҳо аён мегардад, ки мулки Чағониён, ки ҳамсояи Шумон буд, то истилои араб нуфузу қудрати сиёсӣ ва робитаи густардаи иқтисодию маданӣ дошта, ба кишварҳои ҳамсоя мустақилона сафирон мефиристодааст.

Мутобиқи маълумоти маъхазҳои аҳди исломӣ метавон гуфт, ки Шумон дар ибтидои асрҳои миёна (асрҳои 6–10) низ номи шаҳру вилояте аз Тахористон будааст. Яке аз маъхазҳои боэътимоде, ки дар бораи шаҳри Шумон маълумот додааст, рисолаи ҷуғрофиёии муаллифи номаълум «Ҳудудул-олам» (982–983) мебошад, ки ин ҷойро чунин тасвир кардааст: «Шумон – шаҳрест устувор ва ба барокӯҳ ниҳода ва гирди ӯ борае кашида ва ӯро куҳандизест (қалъа) бар сари кӯҳ ниҳода ва андар миёни куҳандиз чашмаи об аст бузург. Аз вай заъфарон хезад бисёр».

Мутобиқи маълумоти ҷуғрофиёдонон ва таърихнигорони асрҳои 9–10 Ибни Хурдодбеҳ, Табарӣ, Истахрӣ, Ибни Ҳавқал ва Мақдисӣ Шумон, Ахарун, Чағониён, Хатлон, Тирмиз, Вашгирд ва навоҳии онҳо қаблан тобеи Тахористон буда, дертар ҳангоми ҳуҷуми арабҳо бо Хуросону Мовароуннаҳр дар якҷоягӣ тобеи хилофат гардиданд. Таърихнигори асри 9 Балозурӣ дар «Футуҳу-л-булдон » ва Балъамӣ дар «Таърихи Табарӣ» аз муқовимати баъзе вилоятҳои Тахористон, аз ҷумла, Ахаруну Шумон бар зидди арабҳо ёдоварӣ мекунанд.

Мувофиқи маълумоти Табарӣ, шоҳи Шумон – Гуштасбон дар ибтидои асри 8 хеле пурқувват буда, ба вилояти ҳамсояи худ Ахарун ҳуҷум овард ва онро ба Шумон ҳамроҳ кард. Малики Чағониён – Тиши Аъвар аз қудрати шоҳи Шумон ҳаросида, Қутайба ибни Муслимро ҳангоми аз дарёи Ому гузаштанаш истиқбол намуд ва ба Чағониён овард, то шоҳи Шумонро бо ёрии ӯ саркӯб намояд.

Дар «Таърихи Табарӣ» ҳодисаи фатҳи Шумон аз тарафи Қутайба ибни Муслим дар соли 709–710 чунин омадааст: «Шоҳи Шумон омили Қутайбаро берун кард ва фидяеро, ки бар сари он сулҳ карда буд, надод. Қутайба Айёши Ғанавиро бо яке аз зоҳидони Хуросон фиристод, то шоҳи Шумонро даъват кунанд, фидя диҳад. Чун ба Шумон расиданд, касон берун омаданд ва ба онҳо тирандозӣ карданд».

Мутобиқи маълумоти ин таърихнома Қутайба баъди кушта шудани Айёши Ғанавӣ аз ҷониби ҳимоятгарони шаҳри Шумон шахсан ба Балх омад ва бародараш Солеҳ ибни Муслимро сӯи шоҳи Шумон фиристод. Солеҳ сафире равон карда, аз шоҳи Шумон дархост, ки агар фидяи сулҳро бидиҳад ва сар аз ризояти Қутайба напечад, ҷонаш дар амон ва маснадаш пойдор хоҳад монд. Вале шоҳи Шумон ин дархостро қабул накард ва ба фиристодаи Солеҳ ибни Муслим чунин гуфт: «Бе ҷиҳат маро аз Қутайба метарсонӣ, ки қалъаи ман аз ҳамаи подшоҳон баландтар аст. Ман, ки камонам аз ҳамаи подшоҳон муҳкамтар аст ва тирандозиям аз ҳамаашон беҳтар аст, ба болои он тир меандозам ва тирам ба камари қалъа намерасад, пас, чаро аз Қутайба битарсам?» Қутайба ночор аз Балх сӯйи Шумон лашкар кашид ва дарёфт, ки қалъаи он басо мустаҳкаму деворҳояш баланд аст. Ӯ манҷаниқҳоро ба самти қалъа рост намуда, муҳорибаро оғоз кард. Шоҳи Шумон дар рафти набард ҳамаи тилову гаҳвари худро ҷамъ оварда, ба даруни чашмаи бетаге, ки дар байни қалъа буд, партофт. Сипас ӯ дарвозаи қалъаро кушода, ба лашкари араб ҳамла овард ва дар рафти ҷанг кушта гардид. Ба қавли Табарӣ Қутайба қалъаи Шумонро «ба зӯр бикушуд» ва ҳимоятгарони онро кушта, зану фарзандонашонро асир кард.

Шаҳру вилояти Шумон баъди истилои араб дар асрҳои минбаъда низ қомати худро рост карда, ба яке аз шаҳрҳои ободу зебо табдил ёфт, ки ҷуғрофидони араб ал-Мақдисӣ (асри 10) Шумонро аз рӯи ободию бузургиаш аз шаҳрҳои асосии минтақа номида, дар бораи он чунин навишта буд: «Шумон аз уммаҳот (шаҳрҳои умда) аст ва ниҳоят ободу зебост».

Ба андешаи таърихнигор Ғ. Ғоибов дар китоби «Таърихи Ҳисори Шодмон, Чағониён ва Душанбе» (1999) шаҳру вилояти Шумон «Дар ҷануб то Қубодиёну Вахш, дар ғарб то Ахарун, дар шимол тақрибан то ағбаи Анзоб ва дар шарқ то дарёи Кофарниҳон, ки начандон дуртар аз он Қалъаи Шодмон воқеъ аст, тӯл мекашид. Аз он ҷумла, Душанбеи имрӯза низ дар қаламрави ҳамин мулк ҷой дошт».

Ин ақидаро бори нахуст шарқшиноси машҳури рус В.

В. Бартолд (1869–1930) ҳангоми омӯзиши «Ҷуғрофиёи Сомониён» баён намуда, дар бораи водии Ҳисор ва Шумон навиштааст: «Ҳисор, дар харитаҳои русӣ Гиссар, вилоятест дар хонигарии Ҳисор. Шаҳри асосии ҳамном дар замини ҳосилхез ва хуб коркардашуда, дар соҳилҳои дарёи Хонақоҳ, ки ба дарёи Кофарниҳон мерезад, ҷойгир аст. Дар наздикии Ҳисор дарёи Кофарниҳон водии васеъро пас гузошта, аз дараи танг ҷорӣ мешавад. Шаҳр аз рӯи мавқеъ тақрибан бо Шумони ҷуғрофиянависони араб мувофиқат мекунад».

Дертар В. В. Бартолд ба маълумоти ҷуғрофиянависони асримиёнагии форсу араб такя карда, маълумоти онҳоро муқоиса намуда менависад: «Дар водии болооби Кофарниҳон – ҳудуди шаҳрҳои ҳозираи Душанбе ва Ҳисор – аз шарқ ба ғарб Шумон ва Хорун ё Ахарун ҷойгир буданд».

Таърихнигор Ғ. Ғоибов зимни маълумоти «Таърихи Табарӣ » ва «Ҳудуду-л-олам», ки ҳар ду дар ҷойи баланд воқеъ будани қалъаи Шумон ва дар дохили он ҷой доштани чашмаи обро таъкид кардаанд, ба хулосае омадааст, ки «шаҳри Шумон маҳз дар қалъаи Ҳисори имрӯза ва ҷанубу ғарбии он воқеъ гардида буд, ки ҳоло дар он ҷо мамнуъгоҳи таърихӣ бино карда шудааст».

Аз ин лиҳоз метавон гуфт, ки Душанбе – яке аз мавзеъҳои асосии Шумон дар асрҳои миёна низ як ҷузъи таркибии водии Ҳисор буда, ҳудудҳои он вобаста ба вазъи сиёсӣ ва давлатдориҳои замон бо сарнавишти таърихии Ҳисор вобастагии қавӣ доштааст. Ҳисор дар тӯли асрҳо баъзан мустақил, баъзан ниммустақил ва гоҳо тобеи Балх ё Аморати Бухоро буда, таърихи он бо вилоятҳову давлатҳои атрофи он робитаи ногусастанӣ дошт.

Шумон дар рӯзгори салтанати Сомониён аз ҷумлаи шаҳру вилояти ободу бузурги тобеи ин хонадон ба шумор мерафт. Дар давраҳои баъдии инқирози ин давлат Шумону Чағониён муддате таҳти васояти хонадони Абуалии Чағонӣ қарор гирифт. Баъди суқути давлати Сомониён ба ҷойи он дар Мовароуннаҳр давлатҳои Ғазнавиёну Қарахониён қудрат пайдо карда бошанд ҳам, Шумону Чағониён таҳти васояти Абуалии Чағонӣ буд ва муддате истиқлолияти нисбӣ низ пайдо кард. Вале бар асари зиддияти байни Маҳмуди Ғазнавӣ ва Алптегини Қарахонӣ лашкари ғазнавиён соли 1026 аз дарёи Ому гузашта, бо Қарахониён ҷангиданд, ки дар ин ҷанг амири Чағониён бо Султон Маҳмуд ҳамроҳ шуда, мансабашро муддате нигоҳ дошт, вале оқибат қудрати сиёсиашро бохт.

Минбаъд дар асрҳои 11–13 қудрати сиёсии Шумон коста, дар асари тохтутози муғулҳо саросар хароб гардид. Дар замони Темуриён (асри 14–15), Шайбониён (асри 16) ва ҳукмронии сулолаи Манғит (асрҳои 18–ибтидои 20) вилоят ва шаҳри Шумон дигар чун замонҳои пеш пуровоза набуд. Раванди ҳаёти иқтисодию маданӣ коҳиш ёфта, сатҳи зиндагӣ дар шаҳру деҳаҳои ободи собиқа хеле паст рафт ва ҳатто дар аксари марказу минтақаҳо қатъ гардид. Маҳз дар ҳамин давраҳои хунрези таърих номи таърихии Шумон аз байн рафта, ба ҷойи он «Шодмон» ва «Ҳисори Шодмон » маъмул гардид.

Оид ба Ҳисори охирҳои асри 16, ки минтақаи Душанбеи кунунӣ вориди он буд, Амин Аҳмади Розӣ дар рисолаи «Ҳафт иқлим» (охири асри 16) аз дорулмулки Ҳисори Шодмон – рӯди Чангоб, шаҳри канори он, купруки бар нуҳ тоқ устувор, рӯди Кофарниҳон ва баъзе деҳоти атрофи он вилоят ёдоварӣ кардааст. Гузашта аз ин, Маҳмуд ибни Амир Валӣ дар «Баҳру-л-асрор» (таълифаш тақрибан 1634–1641) ба ҷойи се вилояти таърихии собиқа – Шумон, Чағониён ва Ахарун номи шаҳрҳо ва деҳаҳои навро зикр менамояд, ки онҳо дар водии Ҳисор ҷой доштаанд: «Дигар Тӯфалоқ (Тӯфаланг) ва Сешанбеи Тотор ва Душанбеи Қаромиршикор ва Ҳалғату аст, ки мазори фоизуланвори ҳазрати мавлоно Яъқуби Чархӣ, халифаи Хоҷаи Бузург (яъне Баҳоуддин) ва муршиди Хоҷа Аҳрор онҷост... ».

Ин хабари «Баҳру-л-асрор»-и Амир Валӣ яке аз нахустин маълумотест, ки доир ба Душанбе дар маъхазҳои хаттӣ зикр ёфтааст. Дар маълумоти Амир Валӣ номи он «Душанбеи Қаромиршикор» омадааст, ки ҳоло ҳам маҳаллае дар соҳили дарёи Душанбе бо номи «Қарамиршикор » вуҷуд дорад. Аммо шакли дурусти он ба андешаи олимон «Қарияи Миришикор» буда, бо мурури замон ба Қарамиршикор табдил ёфтааст.

Ҳалғату дар ҷанубу шарқии Душанбеи имрӯза ҷой дошт, ки ҳоло бо номи Ҳазрати Мавлоно маъмул аст. Пас аз он ки орифи тавоно мавлоно Яъқуби Чархӣ соли 1447 дар Ҳалғату гӯронида шуд, номи собиқаи деҳа тадриҷан аз байн рафта, ба шарофати оромгоҳи он бузургвор деҳа номи Ҳазрати Мавлоноро гирифт.

Бори дигар номи Душанбе дар ярлиқи хони Балх, Субҳонқули Баҳодур, ки декабри 1676 ба номи шоҳи руси Маскав Фёдор Алексеевич ба воситаи элчияш Алимурод-чухра оғосӣ фиристода буд, сабт шудааст. Аз мазмуни ярлиқ бармеояд, ки ҳарчанд Қаротегин, Ҳисор, Душанбе, Сешанбе, Деҳнав, Бойсун, Чорҷӯй, Калиф ва Каркӣ бевосита ба ҳайати давлати ӯ дохил набошанд ҳам, ба ӯ амалан тобеанд. Ҳокимони онҳо аз ҷумлаи хидматгорони содиқи ӯ буда, аз фармонаш сар намепечанд. Бори сеюм номи Душанбе дар «Убайдуллоҳнома»-и Мирмуҳаммад Амини Бухорӣ дучор меояд, ки дар он аз тобеияти ҳокими Балх зери васояти Бухоро гузаштани водии Ҳисору Душанбе (тақрибан солҳои 1703–1704) ва муҳорибаҳои назди қалъаи Душанбе таъкид гардидааст. Мутобиқи маълумоти ин сарчашма Душанбе соли 1703 қалъаи мустаҳкаме дошта, гоҳе ҳамчун Душанбе ва гоҳе чун Душанбеи тотор ёд шудааст, ки ин аз мавҷудияти қалъаи таърихии Душанбе гувоҳӣ медиҳад.

Воқеан қалъаи Душанбе аз рӯи иншооти мудофиавиаш ибтидои асри 18 борҳо ёд шуда, дар баъзе сарчашмаҳо онро «Душанбеқӯрғон» низ зикр кардаанд. Гузашта аз ин дар мавзеъҳои Душанбеи имрӯза тайи асрҳои миёна мардуми бекиҳои Ҳисору Бойсуну Деҳнав, тоҷирони Тирмизу Самарқанд ва Хатлону Вахшу Қубодиён, Дарвозу Қаротегину Файзобод омада, ҳар рӯзи душанбе бозор ташкил мекарданд, ки ин боиси чунин ном гирифтани пойтахти кунунии Тоҷикистон гардидааст.

Гардиши маблағи солонаи бозори Душанбе дар ибтидои асри 20 беш аз 6 млн пули тило (воҳиди пули бухороӣ)ро ташкил медод. Андаруни бозор корвонсарой, растаи дуконҳо, нуқтаҳои ҳунармандон ва 12 чойхона сохта шуда буд, ки дар он тоҷирони кишварҳои дуру наздик истироҳат мекарданд. Душанбе дар он солҳо гардиши пули зиёдеро дар ихтиёр дошта, ба яке аз марказҳои асосии савдои Бухорои Шарқӣ табдил ёфта буд.

Душанбе дар охири асри 19 ва ибтидои асри 20 ба 14 гузар тақсим мешуд, ки онро оқсақолон идора менамуданд.

Шаҳраки Душанбе калонтарин минтақаи аҳолинишин буда, дорои қалъаи мудофиавӣ буд, ки он бо девори баланду дароз иҳота шуда, дарвоза ва манораи дидбонӣ дошт.

Дар атрофи Душанбе шаҳрак ва деҳкадаҳои Шоҳмансур (дар ҷойи имрӯзаи бозори Шоҳмансур), Сариосиё (дар қисмати шарқии Донишгоҳи тиббии ба номи Абӯалӣ ибни Сино), Ғофилобод (дар мавзеи телевизиони «Сафина»), Миришикор, Хуҷанбиёи Боло ва Хуҷанбиёи Поён (дар мавзеи заводи семент), Қарамиршикор ва Чармгарон (дар ҷойи заводи арматур), Заргар (ғарбтари Донишгоҳи аграрӣ) воқеъ буданд. Дар ин давра дар Душанбе 14 масҷид фаъолият менамуд, ки дар назди аксари онҳо мактабҳои ибтидоӣ ва дар назди ду масҷиди калон – Мулло Ёқуб ва Ҷомӣ мадраса, яъне мактаби олӣ амал мекарданд.

Соли 1907 бар асари заминларзаи харобиовар дар Қаратоғу Ҳисор беки Ҳисор – Шоҳимардонқул бо оилааш ба Душанбе кӯчида, шаҳри Душанберо пойтахти бекӣ қарор дод. Дар имтидоди 13 соле, ки Душанбе ба сифати маркази идории водӣ пазируфта шуда буд, тавонист, ки ба яке аз шаҳракҳои мутавассити минтақа табдил ёбад.

Аҳолии он афзуда, соли 1920 тақрибан 18–20 ҳазор нафарро ташкил медод. Дар ин давра ҳукумати маъмуриро беки Ҳисор идора мекард, ки амлокдори Душанбе тобеи ӯ буд. Охирин амлокдори Душанбе Элҷон дар ихтиёраш ду арбоб, шаш доруға ва миршабҳо дошта, ҳокимияти судиро қозӣ назорат менамуд.

Сентябри соли 1920 амири Бухоро Олимхон аз таъқиби аскарони сурхи шӯравӣ фирор намуда, то 20 феврали 1921 дар Душанбе қарор гирифт. Амир Олимхон дар Душанбе мавқеи худро то андозае мустаҳкам намуда, дастаҳои муқовиматро бо сарварии Фузайл Махсум, Иброҳимбек, Хуррамбек, Эшони Султон, Давлатмандбий ва дигарон ба атрофаш ҷалб намуд. Вале аз сабаби камии силоҳи оташфишон ва набудани иттиҳод миёни саркардаҳо амир 21 феврали 1921 ба ҳамлаи аскарони сурхи шӯравӣ тоб наоварда, фирор намуд. Ӯ 5 марти с. 1921 дарёи Панҷро убур намуда, ба Афғонистон паноҳ бурд. Охирин беки Ҳисор – Холмуродбек низ аз Душанбе ҳамроҳи Амир Олимхон ба Афғонистон фирор намуд.

Давраи шӯравӣ

[вироиш | вироиши манбаъ]

Ҳукумати Руссия бо талаби КИ М-и Ҷумҳурии Шӯравии Халқии Бухоро (ҶШХБ) аз қисмҳои Фронтиҳарбии Туркистон гурӯҳи экспедитсионии Ҳисорро ташкил намуда, онро ба муборизаи зидди дастаҳои муқовимат фиристод. Пас аз фирори амир 21 феврали 1921 бригадаи саворанизоми 1-ум таҳти фармондеҳии А. Я. Мелкумов ҷангкунон Душанберо ба даст оварданд. Душанбе дар ин давра ба яке аз марказҳои асосии маъмурияти маҳаллии ҳокимияти нави Шӯравӣ – Кумитаи Инқилобӣ (Ревком) дар Бухорои Шарқӣ табдил ёфта, амалан бурду бохти таъсисёбии рукнҳои ҳаёти навро бар дӯш дошт. Охири тобистони соли 1921 вазъи Душанбе хеле мураккаб гардида, қариб тамоми мулкҳои Бухорои Шарқиро ҳаракати зиддишӯравӣ фаро гирифт. Охири моҳи сентябр Иброҳимбек бо неруи чорҳазории ҷонибдоронаш Душанберо муҳосира кард. Моҳи ноябри худи ҳамон сол собиқ саркардаи ҳарбии турк Анварпошо ба Бухорои Шарқӣ омада, қувваҳои зиддишӯравии ин мулкро дар атрофи худ муттаҳид намуд. Яке аз ҳадафҳои асосии Анварпошо ва ҷонибдоронаш ишғол намудани Душанбе ба шумор мерафт. Аввали декабри 1921 дар деҳаи Кӯктош, дар қароргоҳи Иброҳимбек бо ташаббуси Анварпошо ҷамъомади сарварони дастаҳои зиддишӯравӣ барпо гардид. Дар ҳамин ҷамъомад нақшаи забти Душанбе ва шикаст додани дастаи аскарони сурхи гарнизони он тарҳрезӣ шуд. Бо сарварии Анварпошо зиёда аз 10 ҳазор нафар қувваҳои муқовимат муттаҳид шуда, 10 декабри 1921 Душанберо ба муҳосира гирифтанд. То миёнаҳои феврали 1922 шаҳр дар ҳолати муҳосира қарор дошт. Вақте ки хӯрокворӣ ва лавозимоти ҷангӣ тамом шуд, муҳофизони шаҳр ночор ба самти Бойсун ақибнишинӣ карданд. Аз 2 январи 1922 то 7 феврали 1924 Душанбе ба маркази Комиссияи фавқулодаи диктатории Кумитаи Иҷроияи ҶШХБ оид ба корҳои Бухорои Шарқӣ табдил ёфт, ки комиссияи мазкур ҳуқуқи номаҳдуди гражданӣ ва судӣ дошт. 14 июни 1922 дар натиҷаи амалиёти густардаи ҷангӣ Душанбе аз сари нав ба ихтиёри қисмҳои ҳарбии аскарони сурх гузашта, 21 августи 1922 мувофиқи мандати №135 раиси аввалини Кумитаи инқилобии вилояти Душанбе Мирзосаид Абдуллоев таъйин гардид.

Таърихи таъсисёбии Ҷумҳурии Мухтори Шӯроии Тоҷикистон (ҶМШТ) ва пойтахти он шаҳри Душанбе достони басе пурҳангома ва ибратомӯзест, ки зимнан бо ҳам вобастагии муштарак дошта, пас аз пирӯзии инқилоби Шӯравӣ дар Бухоро (1920) воқеан пойдевори нахустин давлати аҳди шӯравии тоҷиконро бунёд гузоштаанд. Аз ин хотир ҳангомаи таърихии таъсисёбии ҶМШТ ва пойтахти он шаҳри Душанбе ин ҷо муфассалтар баён мегардад.

Кӯшишҳои аввалинро барои муайян ва тақсим намудани ҳудуди миллии Осиёи Миёна 15 январи 1920 Турккомиссияи КМ Ҳизби Коммунистии(б) Руссия ва Шӯрои комиссарони халқии Федератсияи Руссия ба роҳ андохта, «Дар бораи аз рӯи нишонаҳои миллӣ ба се ҷумҳурии алоҳида тақсим намудани Туркистон» тезисеро қабул намуд, ки ташкил намудани ҷумҳуриҳои Шӯравии Ӯзбекистон, Туркманистон ва Қирғизистонро дар назар доштанд.

Комиссари Халқии корҳои хориҷӣ Георгий Чичерин ба ақидаи шарқшиносони рус такя намуда, баръакси лоиҳаҳои ҳозиргардида лоиҳаеро пешниҳод намуд, ки он дар таърих бо номи «Лоиҳаи Чичерин» зикр шудааст. Мувофиқи ин лоиҳа дар ҳудуди Осиёи Миёна Ҷумҳурии Тоҷикистон мебоист ҳамчун ҷумҳурии бузургтарин таъсис ёфта, дар ҳайати он Ҷумҳури Мухтори Ӯзбекистон бунёд мегардид. Вале бо сабабҳои маълум «Лоиҳаи Чичерин» қабул нагардид. Сарварони Ҷумҳурии Халқии Шӯроии Бухоро, аз ҷумла, Файзулло Хоҷаев, Абдуқодир Муҳиддинов, Абдулло Раҳимбоев, Абдуррауфи Фитрат, Наҷиб Ҳусайнов ва дигарон дар он лаҳзаҳои ҳассосу ҳалкунанда, умуман тақдири миллат ва манфиати давлати тоҷиконро пуштибонӣ накарданд.

Маҳз дар ҳамин давраи душвор, 21 августи 1924 дар маҷлиси панҷуми Комиссияи тақсимоти ҳудуди миллӣ А.Ҳоҷибоев – раиси Комиссияи тоҷикӣ дар масъалаи марказҳои мадании тоҷикон ва пойтахти он қарор додани Самарқанд чандон истодагарӣ карда натавонист. 24 августи 1924 Комиссияи марказии тақсимоти ҳудуди миллӣ аз Комиссияи миллии тоҷикон хоҳиш намуд, ки пойтахти мухторияти ояндаи худро муайян кунанд. Комиссияи мазкур аз пешниҳоди шаҳрҳои қадимии тоҷикон Бухоро, Самарқанд ва Хуҷанд даст кашида, сараввал шаҳраки Қаратоғро чун маркази мухторияти нави тоҷикон пешниҳод кард. Аммо ин пешниҳод аз ҷониби ҳарбиён пазируфта нашуд ва бо пешниҳоди онҳо Душанбе пойтахти давлати навбунёди тоҷикон қарор гирифт.

14 октябри 1924 мутобиқи қарори иҷлосияи дуюми КИ М-и умумироссиягӣ ва КИ М-и Туркистон ҷумҳуриҳои иттифоқии Туркманистон ва Ӯзбекистон таъсис ёфта, Ҷумҳурии Мухтори Шӯравии Тоҷикистон (ҶМШТ) ба ҳайати Ӯзбекистон ҳамроҳ гардид. Дар миёни ин ҷумҳуриҳо Тоҷикистон ягона ҷумҳурие буд, ки новобаста ба таъриху фарҳанги бостонӣ ва шаҳру пойтахтҳои қадимиаш Душанбеи аз марказҳои тамаддун дурафтода пойтахти он қарор гирифт.

Баъди таъсисёбии Ҷумҳурии Мухтори Шӯроии Сотсиалистии Тоҷикистон (14 октябри 1924) дар Тошканд 26 ноябри 1924 сохтори муваққатии Кумитаи инқилобии ҶМШТ то даъвати анҷумани муассисон созмон дода шуд. 26 ноябри 1924 Нусратулло Махсум (Лутфуллоев) раиси Кумитаи Инқилобии ҶМШТ таъйин шуд. Маҷлиси нахустини Кумитаи инқилобии ҶМШТ 7 декабри 1924 дар Тошканд баргузор шуд, ки яке аз масъалаҳои он кӯчонидани Кумитаи инқилобӣ ба пойтахти Ҷумҳурии навбунёд – шаҳри Душанбе буд. Нусратулло Махсум 3 феврали 1925 бо ҳайати Ҳукумат ба Душанбе омад. Рӯзи 4 феврали 1925 дар Душанбе ҷамъомади ботантана барпо гардид, ки дар он Эъломия (Декларатсия)и ташкилёбии Ҷумҳурии Мухтори Шӯроии Тоҷикистон хонда шуд. Идораҳои округи Бухорои Шарқӣ ба он ҳамроҳ гардида, Абдуқодир Муҳиддинов раиси Шӯрои Нозирони Халқӣ (1926) таъйин шуд. Дар Душанбе нахустин комиссариатҳои Шӯрои Нозирони Халқӣ – Комиссариати молия, кишоварзӣ, корҳои дохилӣ, маориф, тандурустӣ ва савдо таъсис ёфтанд, ки онҳо барои пойдории сохти давлатдорӣ ва пешрафти ҳаёти нав дар Тоҷикистон мусоидат мекарданд.

2 сентябри 1924 дар Душанбе нахустин истгоҳи барқӣ барои 200 нуқта сохта ба истифода дода шуд. Ҳамзамон ҷиҳати беҳбуди иҷтимоии шаҳр бунёди бинои почтаву телеграф, нуқтаи тиббӣ, мактаб-интернат, шуъбаи савдо ва ғайра ба роҳ монда шуд. Апрели 1925 нахустин комитети иҷроияи Шӯрои депутатҳои меҳнаткашони шаҳр интихоб гардид, ки раиси он Шафоев буд. Мутобиқи мақоми пойтахтро соҳиб шудани Душанбе зарурати тарҳи нави шаҳрсозӣ пеш омад. Моҳи сентябри 1926 гурӯҳи меъморон бо сардории П. И. Ваулин ба Душанбе омаданд. 2 сентябри 1926 маҷлиси раёсати Кумитаи инқилобии Ҷумҳурии Мухтори Шӯроии Сотсиалистии Тоҷикистон тарҳи нави Душанберо баррасӣ намуд. Нахустин лоиҳаи генералии бунёди шаҳри Душанбе соли 1930 қабул ва тасдиқ гардид.

Тайи солҳои 1924–29 барои таъсисёбии Ҷумҳурии Мустақили Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон заминаҳои мусоид фароҳам омада, шаҳри Душанбе хеле тараққӣ кард.

12-уми июни 1929 Президиуми КИ М-и ИҶШС ахбороти Ҳукумати Ҷумҳурии Мухтори Шӯроии Сотсиалистии Тоҷикистонро дар ҳайати Ӯзбекистон шунида, аз рӯи нишонаҳои иқтисодӣ, миллӣ ва ҷуғрофӣ таъсис додани Ҷумҳурии ҷудогонаи Тоҷикистон ва ворид шудани онро ба ҳайати Иттиҳоди Шӯравӣ чун Ҷумҳурии Иттифоқӣ маъқул шуморид.

17 июни 1929 Бюрои Кумитаи Иҷроияи КМ (б) Ӯзбекистон масъалаи «Барқияи рафиқ Сталинро оид ба ҷудо намудани ҶМШТ аз ҳайати Ӯзбекистон чун Ҷумҳурии Иттифоқӣ » мавриди баррасӣ қарор дода, маъқул шуморид.

Бюрои мазкур дар ҳамин ҷаласа қарор қабул кард, ки ба пешниҳоди КМ ВКП (б) ҳамовоз шуда, таъсис додани Ҷумҳурии Сотсиалистии Тоҷикистонро чун Ҷумҳурии алоҳидаи иттифоқӣ дастгирӣ менамояд.

Пас аз таҳлилу баррасиҳои 4-моҳа 15 октябри 1929 дар Душанбе Анҷумани сеюми Фавқулодаи Умумитоҷикии Шӯроҳо кори худро оғоз намуда, 16 октябр дар ҷамъомади серодами Майдони Хонаи Деҳқон (ҳоло Театри давлатии русии драмаи ба номи В. Маяковский) дар ҳузури вакилони анҷуман Эъломия (Декларатсия)-и таъсис додани Ҷумҳурии Шӯроии Сотсиалистии Тоҷикистон қабул гардид. 24 феврали 1931 дар Душанбе Анҷумани чоруми Шӯрои Ҷумҳурии Шӯроии Сотсиалистии Тоҷикистон Конститутсияи Тоҷикистонро қабул намуд, ки он заминаи қонунӣ ва идоракунии ҷумҳуриро бунёд гузошт.

Ҳамин тариқ, дар пойтахти Тоҷикистон – шаҳри навбунёди Душанбе заминаҳои маъмурию идоракунии мамлакат гузошта шуда, аз ҷумла, бинои Нозирони Комиссариати Халқӣ, Комиссариати зироат, Комиссариати алоқа ва ғайра бунёд гардиданд. Соли 1930 аввалин лоиҳаи меъмории шаҳри Душанбе ва соли 1936 Нақшаи генералии сохтмони он таҳия ва тасдиқ гардида, Душанбе ба пойтахти воқеии тоҷикон ва шаҳри муосиру замонавӣ табдил ёфт.

10 сентябри 1929 тавассути роҳи оҳани васеъбар ба Душанбе қатораи нахустин омад. Робитаи роҳи оҳан бо Маскав ва дигар шаҳрҳои иттифоқӣ шурӯъ гардида, маҳз дар ҳамин давра болоравии иқтисодиёти Тоҷикистон оғоз ёфт.

Дар даҳсолаи аввали ташаккули саноат дар шаҳри Душанбе заводи пахтатозакунӣ (1926), осиё (1927), комбинати гӯшт (1930), фабрикаи пилакашӣ (1932), заводи пӯст (1936) ба кор даромаданд. Соли 1936 сохтмони комбинати матоъҳои пахтагин оғоз ёфт ва соли 1942 он ба истифода дода шуд. Соли 1939 корхонаи шоҳибофӣ ба кор даромад.

3 марти 1938 ҳукумати Тоҷикистон нақшаи генералии шаҳри Душанберо, ки меъморони ленинградӣ М. Баранов, Н. Баранов, муҳандисон Г. Ситко ва Г. Шлейховский таҳия намуда буданд, тасдиқ намуд. Нақша барои 170 ҳазор иқоматкунанда муқаррар шуда, сохтмони шаҳр дар соҳили чапи дарёи Душанбе пешбинӣ гардида буд. 23 январи 1939 бо фармони Раёсати Шӯрои Вазирони Тоҷикистон дар Душанбе се ноҳияи маъмурӣ – Душанбе, Марказӣ ва Роҳи Оҳан таъсис дода шуд.

Дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ (1941–45) саноати пойтахт барои ёрӣ ба фронт нигаронӣ шуда буд. Солҳои ҷанг сохтмони роҳҳои нақлиётӣ ривоҷ ёфта, роҳи оҳани камбари Сталинобод–Қӯрғонтеппа (масофааш 125 км) сохта ба истифода дода шуд, ки Душанберо бо водии Вахш мепайваст. Дар ин давра даҳҳо корхонаи саноатӣ, аз ҷумла, заводи «Трактородетал» (1945), заводи моторсозӣ (1946), заводҳои собунпазӣ ва семент, фабрикаи кешбофӣ ба кор даромад. Сохтмони Неругоҳи Варзоби Поён анҷом ёфта, бисёр корхонаҳои шаҳр ба истеҳсоли молу маснуоти барои майдони ҷанг зарурӣ ихтисос дода шуданд. Масалан, дар корхонаи матоъбофӣ либосҳои гуногуни низомӣ ва парашют, заводи ба номи Орҷоникидзе истеҳсоли симҳо, белчаҳои аскарӣ ва дигар лавозимоти ҳарбӣ, корхонаи пойафзордӯзӣ истеҳсоли пойафзорҳоро барои аскарон ба роҳ монданд.

Фондҳои асосии истеҳсолии саноати Душанбе афзуда, ҳаҷми маҳсулоти истеҳсолшаванда дар охири соли 1945 нисбат ба соли 1940-ум 2,5 баробар зиёд шуд.

Солҳои баъди ҷанг саноати шаҳр бо суръати баланд тараққӣ карда, Душанбе ба маркази бузурги саноатии Тоҷикистон табдил ёфт. Баробари ба кор даромадани НБО-ҳои Шаршара ва Сарбанд (дар дарёи Вахш), истеҳсоли неруи барқ афзуда, як қатор корхонаҳои саноатӣ, мошинсозӣ ва коркарди филиззот сохта ба истифода дода шуданд: заводҳои «Тоҷиктекстилмаш », «Тоҷикгидроагрегат », «Тоҷикторгмаш », «Тоҷиккабел », «Ремстройдормаш» ва ғайра дар ҳамин радифанд.

Саноати шаҳр дар солҳои 80 асри 20 бештар тараққӣ карда, дар Душанбе беш аз 90 корхонаи саноатӣ фаъолият мекард. Маҳсулоти заводи «Тоҷиктекстилмаш » ва заводи Арматури ба номи Орджоникидзе ба 40 мамлакати хориҷа фиристода мешуд. Дар ин давра ба ҳиссаи пойтахт то 26,0 дарсади ҳаҷми умумии истеҳсолоти саноати ҷумҳурӣ рост меомад. Дар Душанбе сохтмони биноҳои иқоматӣ хеле авҷ гирифта, фонди манзил соли 1980 ба 4 млн 650 ҳазор м2 расид.

Дар солҳои Ҳокимияти Шӯравӣ Душанбе ба маркази бузурги фарҳангӣ ва илмӣ табдил ёфт. Дар пойтахт 23 институт, 8 мактаби олӣ, 13 мактаби миёнаи махсус, 19 омӯзишгоҳи касбҳои техникӣ ва 95 мактаби маълумоти умумӣ фаъолият мекард. Соли 1951 Академияи илмҳои ҶШС Тоҷикистон таъсис ёфт. Дар пойтахт ҳамчунин Театри давлатии академии опера ва балети ба номи С. Айнӣ, Театри давлатии академии драмаи ба номи А. Лоҳутӣ, Театри драмаи русии ба номи В. Маяковский, Театри давлатии ҷавонони Тоҷикистон ба номи М. Воҳидов, Филармонияи давлатии Тоҷикистон, Сирки давлатӣ, беш аз 70 кинотеатр ва киностудияи «Тоҷикфилм » амал мекард; дар шаҳр Китобхонаи давлатии миллии ба номи Абулқосим Фирдавсӣ, Китобхонаи марказии илмии Академияи илмҳои ҶШС Тоҷикистон, 181 китобхонаи ҷамъиятӣ, Осорхонаи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи Камолиддин Беҳзод, Кумитаи радио ва телевизион, Агентии миллии иттилоотӣтелеграфии «Ховар», Қаср ва Боғи кӯдакону наврасон, Стансияи табиатшиносони ҷавон ва техникҳои ҷавон, миқдори зиёди муассисаҳои томактабӣ ва мактабҳои миёнаи таҳсилоти ҳамагонӣ фаъолият дошт.

Дар шаҳри Душанбе якчанд матбаа, комбинати полиграфӣ, нашрияҳои ҷумҳуриявии «Ирфон», «Маориф», «Адиб», «Дониш», Сарредакцияи илмии Энсиклопедияи Советии Тоҷик амал мекард. Дар пойтахт бо теъдоди зиёд рӯзномаҳо ба забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ӯзбекӣ чоп мешуданд.

Дар шаҳр 187 муассисаҳои табобатӣ, аз ҷумла, 24 беморхона, 3 таваллудхона, 59 дармонгоҳ (аз ҷумла, 11 диспансери махсус), 8 стансияи санитарию эпидемиологӣ ба шаҳрвандон хидмати тиббӣ мерасонд.

Ҳамин тариқ, Душанбе дар даврони Шӯравӣ чун дигар пойтахтҳои қаблии миллати тоҷик дар ҳоли рушду тараққӣ қарор дошт. Рисолати Душанбе ҳамчун пойтахти миллии тоҷикон аз рисолати таърихии пойтахтҳои қаблии мо дар давлатсозии навин ва пешрафти миллатамон бузургтару муҳимтар шуд.

Давраи истиқлол

[вироиш | вироиши манбаъ]

Аз охири солҳои 80 вааввали солҳои 90 асри 20 вобаста ба воқеаҳои таърихии ин давра – пошхӯрии ИҶШС, ба даст овардани истиқлоли миллӣ ва шиддат гирифтани ҷанги шаҳрвандӣ дар ҳаёти Душанбе ва тамоми мамлакат ҷиддан дигаргуниҳо ба амал омаданд. Аз сабаби норасоии буҷет, хеле кам шудани маблағгузории давлатӣ, ҳамчунин канда шудани робитаҳои анъанавӣ, қатъ гардидани воридоти ашёи хом қисми зиёди корхонаҳои саноатӣ аз фаъолият монданд ё ба реҷаи кӯтоҳи кор гузаштанд.

9 сентябри 1991 дар Душанбе ҳодисаи таърихии фаромӯшнашаванда ба амал омад. Иҷлосияи ғайринавбатии Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (даъвати XII) баргузор гардид, ки он Декларатсияи истиқлоли давлатии Тоҷикистонро қабул кард. Дар Декларатсия қайд шудааст, ки Тоҷикистони соҳибистиқлол ҳамчун узви ҷомеаи ҷаҳонӣ бо роҳи бозсозии демократӣ, сохтмони миллию давлатӣ собитқадамона ва мунтазам пеш рафта, роҳи таҳкими сулҳ, ризоят ва беҳбуди мамлакатро пеш мегирад.

Шаҳри Душанбе, ки аз соли 1924 рисолати пойтахти ҶМШС Тоҷикистон ва аз соли 1929 пойтахти Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистонро адо мекард, дар ин марҳалаи тақдирсоз аз соли 1991 масъулияти бузурги пойтахти давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистонро дар даврони навин бар дӯш гирифт. Вале дар ин роҳ мушкилоту монеаҳои фавқулода пайдо шуда, дар оғози марҳалаи нави истиқлол ва худшиносии миллӣ ҷомеаи мо ба низоъҳои фалокатбор ва ихтилофоти иҷтимоиву сиёсӣ дучор гардид.

Дар асари муборизаҳо барои ҳокимият вазъи ҷамъиятию сиёсӣ дар пойтахт муташанниҷ гашта, ҷомеа ба ду неруи сиёсии ба ҳам зид ҷудо шуд: тарафдорони ҳокимияти конститутсионӣ ва мухолифини ҳукумат.

Дар гурӯҳи мухолифини ҳукумат чандин ҳизбу ҳаракат, ба монанди Ҳизби демократии Тоҷикистон, иттиҳоди ҷамъиятии «Растохез», «Лаъли Бадахшон» ва ғайра муттаҳид гардиданд.

Рӯзномаҳои зиёди ғайридавлатӣ – «Чароғи рӯз», «Адолат», «Сухан », «Сипеҳр», «Минбари ислом», «Сомон » ва ғайра пайдо шуданд, ки интишороти онҳо ба муқобили тартиботи мавҷуда равона шуда буд ва мардумро ошкоро ба сарнагун кардани ҳукумат даъват менамуданд. Вазъият дар пойтахт тадриҷан муташанниҷ гардида, шаҳр ба арсаи гирдиҳамоиву намоишҳои дарозмуддат табдил ёфт. 23 сентябри 1991 дар шаҳри Душанбе вазъияти фавқулода ҷорӣ ва соати комендантӣ эълон карда шуд.

7 майи 1992 байни Президент Р. Набиев, Ҳукумат ва Ҳизбҳои сиёсӣ созишнома ба имзо расид. 11 майи соли 1992 Ҳукумати муросои миллӣ таъсис ёфт, ки ба он намояндагони неруҳои мухолифин дохил карда шуданд. Сарфи назар аз ин, Ҳукумати навтаъсиси муросои миллӣ пеши роҳи ихтилофи сиёсӣ, низоъҳои доманадор ва оғози ҷанги шаҳрвандиро дар пойтахт ва мамлакат гирифта натавонист. Дар натиҷаи ғаразҳои гурӯҳӣ ва кӯшишҳои қудратталабӣ ихтилофоти сиёсӣ ва нооромӣ дар кишвар вусъат ёфта, 7 сентябри соли 1992 Р. Набиев зери фишори як гурӯҳ ҷавонони силоҳдор аз мансаби президентӣ истеъфо дод. Ихтилофу норозигӣ ба қишрҳои ҷомеа роҳ ёфта, дастовардҳои нахустини истиқлол рӯ ба сустӣ ниҳод ва оқибат дар мамлакат бо таҳрики неруҳои дохилию хориҷӣ ҷанги шаҳрвандӣ оғоз гардид.

Дар ниҳояти кор, неруҳои солими ҷомеа хатари аз байн рафтани давлат ва пароканда шудани миллати тоҷикро амиқан дарк намуда, барои устувор кардани асосҳои низоми давлатдории навин кӯшишҳои созандае анҷом доданд.

Дар ҳаёти ҷамъиятиву сиёсии Душанбе ва тамоми Тоҷикистон иҷлосияи таърихии XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 16 ноябр – 2 декабри соли 1992 дар Хуҷанд баргузор гардид, нақши тақдирсоз гузошт. Иҷлосия вазъи ҷамъиятиву сиёсии ҷумҳуриро муҳокима карда, дар роҳи расидан ба сулҳу субот ва ризояти миллӣ қадамҳои нахустинро гузошт.

Иҷлосияи Хуҷанд роҳбари нави Тоҷикистонро интихоб намуд.

Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сарвари давлат Э. Ш. Раҳмонов интихоб шуд.

Э. Ш. Раҳмонов ба роҳбарони мухолифин муроҷиат карда гуфт: «Мову шумо як Ватан, як Модар дорем. Биёед кинаву кудуратро як сӯ гузорем ва ба меҳнати осоиштаи бунёдкорона машғул шавем. Мо танҳо дар муттаҳидӣ метавонем Тоҷикистони азизро аз хатари нестӣ ва парокандашавӣ эмин дорем ва онро ба давлати мутараққӣ, бой ва ҳақиқатан соҳибистиқлол табдил диҳем».

Дар таърихи Тоҷикистони демократӣ ва пойтахти он шаҳри Душанбе воқеаи дигари муҳимми сиёсӣ – интихоби Президент ва қабули Конститутсия (Сарқонун)-и Ҷумҳурии Тоҷикистон (ноябри 1994) буд. Президенти мамлакат Э. Ш. Раҳмонов аз тариқи интихоботи умумихалқӣ интихоб гардид.

9 марти 1996 бо ташаббус ва ширкати фаъолонаи Президенти мамлакат роҳбарони 30 ташкилоти сиёсиву ҷамъиятӣ дар Душанбе ба Аҳдномаи ризояти ҷомеа дар Ҷумҳурии Тоҷикистон имзо гузоштанд, ки ин воқеан қадами ба ҷидд ба сӯйи истиқрори сулҳ ва созишу ваҳдати миллӣ дар мамлакат буд.

Роҳ ба сӯйи сулҳ душвору тӯлонӣ буд, вале Президент ва Ҳукумати ҷумҳурӣ суботкорона роҳи ба таври осуда ба низом даровардани масъалаҳои мухолифати байни тоҷиконро пеш гирифтанд.

Дар истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ дар Тоҷикистон Президенти ҷумҳурӣ Э. Ш. Раҳмонов саҳми калон гузошт.

27 июни 1997 дар шаҳри Маскав ба имзо расидани ҳуҷҷати муҳимми таърихӣ – «Созишномаи умумӣ дар бораи сулҳ ва ризояти миллӣ», ки асоси ҳуқуқӣ ва танзими муносибатҳои сулҳҷӯёнаи тарафҳои ба ҳам мухолифро муайян кард, тақдирсоз буд. Баъди ба имзо расонидани «Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ» дар Тоҷикистон ташаккулу такомули сохтори давлатдорӣ дар доираи қонунҳои демократӣ пеш гирифта шуд, ки дар ин самт роҳнамои асосӣ Конститутсия (Сарқонун)и мамлакат буд.

Шаҳри Душанбе чун меҳвари тавлиди ғояҳои сулҳ ва таҳкими ваҳдати миллӣ барои татбиқи арзишҳои демократӣ, гуфтушуниди афкори неруҳои сиёсӣ ва ҳамкории онҳо хидмати бесобиқа кардааст. Комиссияи оштии миллӣ фаъолияти худро 15 сентябри 1997 дар меҳмонхонаи «Вахш»-и Душанбе оғоз намуда, барои амалисозии шартҳои дар Созишномаи зикршуда шароити мусоид фароҳам овард. Дар натиҷа парламенти нави касбӣ – Маҷлиси Олӣ таъсис дода шуд, ки он аз ду мақомот – Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон иборат буд. Бо ҳамин Комиссияи оштии миллӣ рисолати таърихии худро анҷом дода, аз 1 апрели 2000 фаъолияташро қатъ намуд.

Неруҳои нави сиёсӣ бо сарварии Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон тавонистанд ваҳдати умумимиллиро ба вуҷуд оварда, мардумро барои барқарор кардани ниҳодҳои давлатдорӣ ва ҳадафҳои созандагӣ сафарбар намояд.

Аз ҳамин давра дар Тоҷикистон, аз ҷумла, дар Душанбе, марҳалаи инкишофи васеи демократия, таҳкими давлатдории миллӣ, меҳнати бунёдкорона баҳри барқарорсозӣ ва тараққиёти хоҷагии халқ оғоз ёфт.

Дар сохтор ва мундариҷаи иқтисодиёти шаҳр, ки ба муносибатҳои бозаргонӣ рӯ меовард, ҷиддан тағйирот ба амал омаданд: якум, он ба иқтисодиёти серсоҳа табдил ёфт; дуюм, инфрасохтори он намуди тамоман нав гирифт (корхонаҳои муштарак, ҷамъиятҳои саҳомӣ, корхонаҳои хурд, фирмаҳо, кооператив-ҳо ва ғайра); сеюм, баъзе коллективҳои меҳнатӣ ба бозсозии корхонаҳо сар карданд; чорум, таъсири рӯзафзуни бонкҳои хусусӣ ба фаъолияти ширкатҳои истеҳсолӣ ва муассисаҳои буҷетии шаҳр бештар шуд; панҷум, иқтисодиёти бозорӣ боиси вусъат ёфтани тафриқаи молӣ ва пайдоиши табақаҳои нави иҷтимоӣ дар шаҳр гардид.

Дар хусуси таъсири ногузири бозор ба иқтисодиёти шаҳр вусъат ёфтани фаъолияти бонкӣ шаҳодат медиҳад.

Дар Душанбе ғайр аз Бонки миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъиятҳои саҳомии кушодаи «Агроинвестбонк», «Ориёнбонк», «Сомонбонк», «Тоҷиксодиротбонк», «Амонатбонк», «Кафолатбонк», «Тоҷикпромбонк» ва ғайра ба фаъолият оғоз карданд.

Дар ҳаёти маънавӣ ва ҷамъиятиву сиёсии шаҳр истиқрори сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ, ба таҷлили 1100-солагии Давлати Сомониён, Рӯзи истиқлоли Ҷумҳурии Тоҷикистон (махсусан 10-солагии истиқлоли Ҷумҳурии Тоҷикистон), даъвати Форуми байналмилалии тоҷикон, ифтитоҳи Форуми байналмилалии оби тоза, Бозиҳои V олимпии давлатҳои Осиёи Марказӣ ва ғайра ҷараёни тоза бахшиданд.

Чорабинии асосии омодагӣ ба 1100-солагии Давлати Сомониён бунёди Маҷмааи меъмории «Ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон» бо ҳайкали Исмоили Сомонӣ дар майдони «Дӯстӣ» буд.

Душанбе имрӯз шаҳри калони замонавии дорои инфрасохтор ва роҳҳои алоқа, маҳаллаҳои иқоматӣ, марказҳои саноатӣ ва фарҳангӣ, муассисаҳои давлатӣ ва хусусӣ мебошад. Дар натиҷаи амалисозии барномаҳои гуногунҷабҳаи давлатӣ Тоҷикистон ва пойтахти он Душанбе дар имтидоди бист соли охир аз шумори давлатҳои иқтисодашон суструшдкунанда берун омада, дар радифи давлатҳои рӯ ба инкишоф қарор гирифт ва барои таъмини шароити арзандаи зиндагӣ заминаҳои устувор гузошт. Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки дар ин замина сатҳи камбизоатӣ дар мамлакат аз 81% соли 1999 дар соли 2014 то 38% коҳиш ёфт.

Қобили зикр аст, ки афзоиши буҷети шаҳри Душанбе дар ин давра афзуда, соли 2013 назар ба соли 1997 қариб 34 баробар зиёд шуд.

Воқеан шаҳри Душанбе ҳамчун пойтахти мамлакат дар муттаҳидсозӣ ва ташаккули неруҳои пешбарандаи ватан нақши бесобиқа дошта, барои рушди илму фарҳанг, истифодаи оммавии техникаву технологияи муосир, таҳкими пояҳои иҷтимоӣ ва ҳифзи шаҳрвандон, ташаккули самтҳои мухталифи истеҳсолию хидматрасонӣ ва ғайра саҳми назаррас мегузорад. Ҳамасола дар фазои тантанавию ташаббусҳои созанда Рӯзи Пойтахт ҷамъбаст гардида, дар он ғолибони озмунҳои шаҳрии «Мактаби сол», «Кӯдакистони сол», «Беморхонаи сол», «Муассисаи мусофиркашонии беҳтарини сол», «Маҳаллаи беҳтарини пойтахт», «Соҳибкори беҳтарини Душанбе» ва ғайра аз рӯи 18 номинатсия қадршиносӣ карда мешавад.

Дар шаҳри Душанбе сафоратхонаҳои дипломатии бисёр давлатҳои хориҷӣ, аз ҷумла, Федератсияи Руссия, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, Ҷумҳурии Халқии Хитой, Олмон, Фаронса, Ҳиндустон, Британияи Кабир, Туркия, Ҷопон, Эрон, Покистон, Афғонистон, Ҷумҳуриҳои Ӯзбекистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Туркманистон ва ғайра дар маҷмуъ 22 сафоратхона ва консулгариҳо фаъолият доранд.

Дар Душанбе намояндагиҳои созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ аз қабили намояндагиҳои Созмони Милали Муттаҳид, Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо, Созмони ҳамкории Шанхай, Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ, Созмони байналмилалии муҳоҷират мавҷуданд.

Инчунин дар Душанбе даҳҳо муассисаи расмӣ ва хусусӣ, ширкату фирмаҳо амал мекунанд, ки ба аҳолии дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ, дар натиҷаи офатҳои табиӣ ва дигар ҳолатҳои фавқулода зарардидаи ҷумҳурӣ ёрии башардӯстона, молиявӣ, моддиву техникӣ мерасонанд.

Махсусан дастгирии чунин ташкилоти бонуфузи байналмилалӣ ба монанди Фонди байналмилалии асъор, Барномаи рушди СММ, Шӯрои амнияту ҳамкории Аврупо, Ташкилоти Конференсияи исломӣ, Кумитаи байналмилалии Салиби Сурх ва ғайра назаррас аст.

Соли 2003 дар Душанбе Форуми байналмилалии Оби тоза баргузор гардид, ки дар он намояндагони 50 давлату ташкилоти байналмилалӣ ширкат намуданд. Шаҳри Душанбе соли 2012 сазовори ҷоизаи шаҳри сулҳи ЮНЕСКО гардида, дар қатори беҳтарин шаҳрҳои бехатар ва рафоқат барои ҳамагон зикр гардид.

Душанбе имрӯз яке аз марказҳои бузургтарини фарҳангию маданӣ ва саноатии Осиёи Марказӣ ба шумор рафта, 4 ноҳияро фаро мегирад: Исмоили Сомонӣ (то соли 1929 Душанбе, то соли 1999 Октябр), Шоҳмансур (то соли 2003 Роҳи Оҳан), Фирдавсӣ (то соли 2002 Марказӣ) ва Абӯалӣ ибни Сино (то соли 2002 Фрунзе). Дар айни ҳол Душанбе ҳамчун пойтахти мамлакат бузургтарин маркази маъмурӣ ва сиёсии кишвар буда, қароргоҳи Президент, Ҳукумати кишвар, Мақомоти Парламент, кулли вазорату кумитаҳои давлатӣ, идораву муассисаҳо ва ташкилоту ширкатҳои давлативу ғайридавлатӣ дар ҳудуди он ҷойгир шудаанд (барои гирифтани маълумоти мукаммал нигаред ба Очерки шароити табиию ҷуғрофӣ, Очерки иқтисодӣ, Шаҳрсозӣ ва санъати меъморӣ, Театр, Кино, Мусиқӣ, Маориф ва Тандурустӣ).