Jump to content

Таърихи Роқим

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

«Таърихи Сайидроқимӣ» — асари муаррихи асри 17 Аълами Самарқандист.

«Таърихи Саидроқимӣ» бо номи «Таърихи Мирсаидшарифи Роқим», «Таърихи роқимӣ», «Таърихномаи Роқим», «Таърихи касира», «Таърихномаи касира» ва ғайра низ маълум аст. «Таърихи Саидроқимӣ» соли 1680 ва нусхаи мухтасараш солҳои 1701—1702 мураттаб гаштааст. «Таърихи Саидроқимӣ» аз таърихи шоҳон, тарҷумаи ҳоли рӯҳониён, адибон ва дигар ки фаъолияташон солҳои 1336—1644/45 ва 1645—1646 дар Осиёи Миёна ҷараён дошт, маълумот медиҳад. «Таърихи Саидроқимӣ» дар ҳошияи «Туҳфату-л-аҳбоб фи тазкирати-л-асҳбоб»-и Возеҳ солҳои 1913—1914 дар Тошкакнд бо номи «Таърихи касира» чоп гардид. «Таърихи Саидроқимӣ»-ро Муҳаммадюсуф ибни Қадӣ Хоҷамбердии Хоразмӣ (тахаллус Роҷӣ) асри 19 дар Хена таҳти унвони «Таворих ал-кабир» ба забони туркӣ тарҷума кард.

Бештар аз 40 нусхаи дастхати «Таърихи Саидроқимӣ» дар китобхонаи Институти шарқшиносии АИ Узбакистон маҳфуз аст.

  • Таърихи Саидроқимӣ / А. Мухторов // Сақофӣ — Ховалинг. — Д. : СИЭСТ, 1987. — (Энциклопедияи Советии Тоҷик : [дар 8 ҷ.] / сармуҳаррир М. Д. Диноршоев ; 1978—1988, ҷ. 7).