Таърихи Рум
Таърихи Рим — 2800 солро дарбар мегирад, ки шаҳр аз як деҳаи хӯрди итолиёвӣ дар асри IX п.м. сар мегирад. Имрӯз ин пойтахти Итолиё, маркази байналмиллалии маъмурӣ, фарҳангӣ ва сиёсӣ мебошад ва яке аз шаҳрҳои хушманзари ҷаҳон ба ҳиссоб меравад. Дар ҳудуди шаҳр, давлати хӯрдтарини ҷаҳон Ватикан қарор гирифта аст, ки маркази ҷаҳонии католикҳо (яке аз равияҳои насрониён) мебошад. Расмӣ, таърихи таъсисёбии шаҳр, 21 апрели соли 753 п.м. ба ҳиссоб меравад.
Давраи шоҳӣ
[вироиш | вироиши манбаъ]Мувофиқи аз ҳама қиссаҳои паҳншуда, бародарон Ромул ва Рем, зодаи духтари шоҳ Алба-Лонги Реи Силвий ва худо Марс мебошанд. Онҳо дар соҳили Тибр калон шуданд. Бобои худро Нумиторро дар тахти Алба-Лонг қонуни барқарор карда боз ба Тибр гашта мераванд барои мустамлика ташкил кардан. Байни бародарон низоъ бархест ва Ромул Ремро қатл карда маҳаллаи мустаҳками Палатинаро бунёд мекунад. Дар асри I п.м. як чан таърихи бунёди шаҳри Рум ҳисоб карда шуд, аз ҳама машҳураш — 21 апрели соли 753 п.м..
Ромул ҳамчун подшоҳи якуми Рум номбар шудааст. Расмӣ ҳамагӣ ҳафт шоҳро дарбар мегиранд. Шоҳ Сервий Туллий расмӣ ҳамчун бунёдгари девори шинохта Сервий ба ҳисоб меравад. Дар давраи ҳукмронии шоҳи Рум ибодатхонаҳои аввал сохта шуд, аз ин ҷумла калисои Вест ва Янус. Аз рӯи хабари таърихдон Тит Ливий, Сервий Туллий дар вақти ҳисоби омори якум 80 ҳазор нафар одамро дар шаҳри рим қайд кардааст.
Рими Ҷумҳуриявӣ
[вироиш | вироиши манбаъ]Рим мудати дароз бо деворий Сервий маҳдуд буд ва ин девор ҳамчун сарҳади шаҳр ба ҳисоб мерафт. Ҳар боре ки Рум сарҳади худро васеъ мекард аввал роҳҳоро сохта Римро бо мустамликаҳои худ пайваст мекард.
Майдони марказии Рум водии байни Палатин ва Квиринал шуд ва ҳамчун Форум шинос аст. Аз инҷо кучаҳои муҳимтарини шаҳр тақсим мушуданд: via sacra, via nova ва дигарон. Дигар майдоне ки хусусияти муҳим дошт, бозори мол дар назди Тибр — — Форуми буққаҳо ки, дар ҷои серодам мавқеъ гирифта буд. Дар наздики бозори меваҷот вуҷуд дошт, аммо берун аз ҳудуди девори шаҳр.
Шумораи ибодатхонаҳо Рими Ҷумҳуриявӣ исбот мекунанд, ки аксари мардум рӯҳонӣ буданд. Дар ҳар як қисми шаҳр аз рӯи сарчашмаҳое ки то имрӯз омадаанд метавон як чанд азизгоҳҳои ҳамонвақтаро ҳисоб кардан. Ин чунин дар шаҳр ибодатхонаи сегонаи бостонӣ Ceres, Liber, Libera, ки дар соли 496 п.м. мувофиқи сарчашмаҳои омада сохта шуда буданд.
Пас аз куштори Юлий Сезар Рум ба ҷангҳои ғайринизомӣ дучор гашт ва ин ба нобуд шудани ҷумҳурии Рум ва пайдоиши давлати шоҳаншоҳии Рум оварда расонд ва сарвари якуми ин давлати шоҳаншоҳӣ Октавиан Август шуд, ки писархонд ва яке аз ҷоҳилони Сезар буд.
Рими шоҳаншоҳӣ
[вироиш | вироиши манбаъ]Пас аз запт кардани Итолиё Рум роли асосиро дар сиёсати байн давлатҳои баҳри Миёназамин иҷро мекардад ва ин гуна рафтор ба ҷанги дигар, бо Карфаген ки давлати калон буд дучор гардонид. Бо се ҷанг Карфагенро мағлуб карда шаҳрро хароб намуданд. Ҳамон вақт Рум ғасби хуро ба шарқ ниҳода Иллирияро, Юнон, ва пас Осиёи Хӯрдро ва Суриёро зери итоати худ гардонданд. Дар асри I п.м. Рум ба як чанд ҷангҳои ғайринзомӣ дучор гашт, ки дар он Октавиан Август ғолиб баромад ва асосгузори сулолаи Юлий-Клавдий шуд, аммо сари давлат кам аз як аср ин сулола ҳукмронӣ кардааст.
Қуллаи баландтарини шоҳаншоҳии Рум ба давраҳои тинҷи рост омад (асри II п.м.), аммо аз асри III сар карда аз сабаби талоши давлат байни сиёсатмадорони Рум ба нохушиҳои сиёсӣ ва иҷтимоӣ оварда расонд. Дар асри IV шоҳаншоҳиро ба ду қисм тақсим карданд ва дини насронӣ ҳамчун дини далатӣ дар қаламрави тамоми ҳудуди шоҳаншоҳӣ тасдиқ гардид
Дар асри V шоҳаншоҳии Рими Ғарбӣ бо мигратсияи қабилаҳои олмонӣ дучор шуд, ки ин ба барҳамхӯрии шоҳаншоҳӣ таъсири сахт расонд. Сарнагун кардани охирин шоҳаншоҳ Ромул-Августула аз ҷониби сарвари қабилаҳои олмонӣ Одоакр 4 сентябри соли 476, расмӣ рӯзи сарнагуни Шоҳаншоҳии Рум ба ҳисоб меравад.
Як қатор тадқиқотчиён, таърихдонони СССР дар ин самт (С. Л. Утченко) ҳисоб мекарданд, ки Рум тамаддуни аслии худро бунёд кард ва дар он тартиби махсуси баҳодиҳӣ нисбати ҳаёти одамизод ва инкишофёбии ӯ дар ҷамоати рим дар тулли равиш ва инкишофи таърих.
Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- H. Jordan, «Topographie der Stadt Rom im Alterthum» (т. I, 1878; т. II, 1871);
- О. Gilbert, «Geschichte und Topographie der Stadt Rom im Altertum» (I, 1883; II, 1885; III, 1890);
- O. Richter, «Topographie der Stadt Rom» (в III т. Iw. Müller, «Handbuch der Klassischen Altertumswissenschaft», Нёрдлинген, 1889);
- Hülsen et Kiepert, «Formae urbis Romae antiquae accedit nomenclator topographicus» (Б., 1896).
Сарчашма
[вироиш | вироиши манбаъ]- Сайт про историю Рима
- Модель античного Рима Бойгонӣ шудааст 18 Январ 2010 сол.
- Пиранези. Le antichità Romane: Divisa In Quattro Tomi. Rom, 1784.(ит.)