Ҳукумати Бэйян
Ин мақола ниёзманди викисозӣ аст. |
Чин дар солҳои Ҷанги Ҷаҳонии Якум
[вироиш | вироиши манбаъ]Вазъи Чин пеш аз оғози ҷанг
[вироиш | вироиши манбаъ]Чин дар Ҷанги Ҷаҳони Якум расман дар тарафи Антанта ширкат кард, аммо дурии мамлакат аз чойҳои асосии амалиёти ҷанг аслан мушкилоти сиёсии дохилии зиёдро пеш овард. Баъди сарнагунии сулолаи манчжурии Тсин дар соли 1912 Юан Шикай бо диктатураи ҳарбӣ ба сари қудрат омад. Ӯ бо такя ба зердастонаш ҳокимияти шахсияшро тақвият дод. Вақте ки ҳизби Гоминдан мардумро бар «инқилоби дуввум» бапо мехезонад, ибтидои моҳи август Юан Шикай бо дастгирии зердастони инглис, ҳангоми намоиш дар сохили дарёи Янтсзи мухолифини сиёсии худро торумор кард. Поягузори Гоминдана Сун Ятсен ба Ҷопон муҳоҷир шуд. Бо баҳра аз дастгирии қудратҳои хориҷӣ, Юан Шикай порлумонро маҷбур карт то ӯро ба муддати 5 сол президенти Чин интихоб кунанд. 4 ноябри 1913, 438 намояндаи порлумони шомил ба ҳизби Гоминдан,аз мандати холӣ ва худи хизб ғайриқонунӣ дониста шуд. 12 январи 1914 Юан Шикай пурра парлумони нотобеъро озод кард ва ба чои сарқонуни 11 марта 1912, сарқонуни наверо 1-май кабул кард ки ба ӯ хуқуқи диктатори медод. Юань Шикай , омода ба барқарорсозии сохти императори ва монархии Чин дар буткадаи Храме Неба, бо ҳамаи русуму анъанаҳои дарбори императории пешин курбони кард. Унвонҳои олимақоми замони шоҳаншохи бахшида мешуд. Бо ташаббуси Юань Шикая мушовири сиёсии ӯ Фрэнк Гудноуи амрикои соли 1914 баён дошт ки дар шароити Чин сохти шоҳаншохи-монархи нисбати ҷумҳуриҳои бехтар аст Хучуми Юань Шикая баишголи демократии инкилоби Синьхайскойбадшавии сатҳи иктисод дар мамлакат мавчи норозигихоро ба миён овард.Калонтарини онҳо уришҳои Хэнань, Хубэй, Аньхой ва Шаньси бо сарварии дехкон Бай Лана буд ки аз соли 1912 то тирамоҳи 1914 давом кард. Дар артишги озодихохи Бай Лана дехконону накбканон мечангиданд. Барои пахши шуриш Юань Шикай артиши 200ҳазора фиристод. Якчоя бо ин ӯ фишор ба қувваҳои десокротиро афзуд. Марти 1914 қонуни махдудии иттилоот ба имзо расид ва ноябри 1914 саркубии аҳоли. Амалиёти Чопон Баъди огози чанги 1-юми ҷаҳони августи соли 1914 хокимияти Чин ба кудратҳои чанганда аз бетарафии худ эълон кард ва хост ки дар дохили Чин ва заминҳои ичоравии кудратхо дар Чин амалиётҳои чанги нагузаронанд. Аммо 22 августи соли 1914 Ҷопон ба Олмон чанг эълон кард ва артиши 30-ҳазораи худро дар шимоли Циндао — маркази колонияи Германия дар Шаньдун ворид кард. Баъди харбузарби 2-моҳа Чопон заминҳои дар Шандун будаи Олмонро забт кард ,тамоми музофотро тахти назорат гирифт. Юань Шикай ба Чопон муковимат нишон надод балки аз Чопон дастгирии нақшаҳои монархиашро мехост. 18 январи соли 1915 Ҷопон ба Чин «21 талабот»-ро пешниход кард ки аз руи он, Шаньдуне, Южной Маньчжурии, Внутренней Монголии ва маркази асосии металлургии Чин — комбинати Ханьепинском , ҳамчунин артиш, полис, сиёсати дохили ва молиявии Чин ба итоати Чопон медаромаданд. Ин талабот боиси норозигихо дар Чин гардид. Дар ҳама ҷо баромадҳои зидди чопони дар ташкилотҳои тахти тасаруфи Чопон корпартоихо эълон карда шуданд. 7 май Чопон, панч талаботи охиринашро бекор кард ва ба Чин шарт гузошт. Юань Шикай ба дастгирии ИМА, Англии ва Франция, умед баст, аммоонҳо маслихат доданд, ки барои гурехтан аз чанчол бо Чопон ба ин талаботхо рози шавад. Рузи кабул кардани талаботҳои Чопон аз тарафи Юань Шикаем 9 майи соли 1915 рузи «шармандагии Чин» эълон шуд..
Кӯшиши барқарорсозии шоҳигарии Юан Шикай
[вироиш | вироиши манбаъ]Кӯшиши барқароркунии монархии Юань Шикай Бо такя ба корҳои Гудноу, дар чин маъракаи ташвик ба ипературхонии Юань Шикаем ва даст бардоштан аз сохти идоракунии ҷумҳурияви шурӯъ кард. Барои хунсокардани пайравони сулолаи Чин, Юань Шикай бо дарбор роҳи созиш чуст. Даъвогари тахту точ ба шохзодагони манчжур барои риояи Имтиёзхо ба дарбори цин мактуби расми дод ва гуфт ки ин амр дар сарқонуни оянда хифз хоха шуд. Барои боз хам наздикшави ба дарбори цин Юань Шикай хост духтарашро ба Пуи дихад. Шохзодагни Маньчжур алорагми нафраташон ба Юань Шикая боиси хоинияш алайхи императори пешин Цзайтяня дар соли 1898 ва ба даст гирифтани сулола дар соли 1912 ба ин азми хешованди рози шуданд. Шохзода Пулунь — амузодаи Пуи — аз номи сулолаи Цин ва хайати 8 номдорони Манчжури тахтро ба Юань Шикаю супорид. Тобистони соли 1915 Юань Шикай маъракаи таъйини салтанат ва точу тахт огоз шуд. Дар музофотхо райъпурси шуда гузашт ки мардум барои барқарории монархия ҷонибдори карданд. Дар моҳи декабри соли 1915 шурои мачлиси маркази қарор барои таъсиси монархияи конститутсиониро ба Шикай пешниход кард. Юан Шикай дар авал истисно ба адами тамоюли худ нисбати содик буданаш ба сохти президенти ва эҳтироми Пуи ин хохиши мачлисро рад кард ва баъдан 12 декабр барои кабули унвони имперотури розиги дод. Хануз охири соли 1915 мамолики Антанты бо Юань Шикаем мусохибахо барои ба чанг зиди Олмон ҳамроҳ шудани Чин барпо шуда буд. Юань Шикай нигоҳдории сохти монархи ва унвони имперотуриашро бар ивази огози чанг бо Олмон ба кудратхо шарт гузошт. Аммо норозиги аз тарафи Чопон ва инкишофи харакатҳои зиддиипмеериалистидар мамлакат таваҷҷухи Юань Шикайро ҷалб карданд ва суоли пайвастан ба чанг дар замони ҳаёти ӯ хал нашуд. Юань Шикай пеш аз таъсиси шоҳаншохии нав ба назар нагирифт ки дар сохтори республикави хокимият аз бюрократия берун нарафт ва ин сохтор кафолати нигахдории артишро дошт. Аз ин сабаб артиш пурра дар тарафи ҷумҳурихохон буд. 25 декабри соли 1915 дар музофоти Юньнань тахти сарварии генерал Цай Э «инкилоби сеюм» огоз шуд. Дар харакати «Хифзи ҷумҳури» гурӯҳҳои ҷумҳурихохи буржуазии Чин ва қисми либерально-помещиконив Чини маркази ва ҷануби шомил буданд. Милитаристони Шимол хам зидди шоҳаншохи буданд. Кудратҳои аврупоии дар доми Чанги авали ҷаҳонибуда ба нақшаҳои Юань Шикая нигоҳи манфи доштанд. Чопон хам бобати дастгири ба уро рад кард. Юань Шикай окибнишини кард. 22 марти соли 1916 поёни шоҳаншохи ва ибтидои сохти ҷумҳуриявиро эълон кард. Императори нохонда кушиш кард то курсии президентиро ишгол кунад аммо генералҳои ҷумҳурихохистоъфои хатмии уро хостанд, артиш хам аз ӯ руй тофт. 6 июн Юань Шикай ногоҳ вафот кард.
Заъфи Чин дар масъалаи иштирок ба ҷанг
[вироиш | вироиши манбаъ]Баъди марги дар Пекине собик муовини президент Ли Юаньхун президент интихоб шуд ва сарқонуни, 10 марта соли 1912ба кор даровард ва парлумони рондаи Шикай ро фаро хонд. Аммо дар хукумат ҷонибдорони Шикай гурӯҳҳои харби-помешикии шимол боки монданд, сарвари хукумат Дуань Цижуй шуд. 1 августи соли 1916 дар сессияи якуми парлумон байни гоминьданчиён, ҷонибдорони буржуазияи милли, помещикони Чини шарқи ҷануби ва маркази Китая, ва милитаристони шимоли (чонибдорони пешини Юань Шикая), нофаҳмихо рух дод. Тирамоҳи соли 1916 милитаристони музофотхо расман ба Пекин нигоҳ мекарданд аммо дар амал худашонро хокимони мутлаки музофотхояшон медонистанд. Охирҳои соли 1916 вазъи сиёсии шимоли Чин тезутунд шуд. Парлумон пешниходи Цао Жулиня барои карз аз Чопон ба маблаги 5млн доллар дастгири накард. Кудратҳои империалист барои ёрии молияви ба Чин шарт гузоштанд бо Олмон чанг эълон кунад. Аз ин ру, Великобритания ва Франция Япониюро бовар кунонданд заминҳои Олмони дар Чинробаргардонанд. Тахти фишори муштараки Великобритании, США, Франции и Японии Дуань Цижуй 14 марта солти 1917 муносибатҳои дипломатии худро бо Олмон баст. 25 апрели соли 1917 Дуань Цижуй милитаристон ва губернаторони харбии 9 музофот ва дигар фаъолонро ба Пекин ба конфронси низоми хонд. Дар кори конфронс намояндагони ИМА ширкат доштанд ва харчи зудтар эълони чанг бо Олмонро такозо кардан. Дар натича 28 апрели соли 1917 конференцияи губернаторони харби эълони чанг бо Олмонро кабул ва ба палатаи поёнии парламента, 10 мая соли 1917 пешниход кард. Парлумон яквакт бо эълони чанг истеъфои Дуань Цижуй-ро талаб кард. Раиси хукумати нав У Тинфан шуд. Кисми музофотҳои милитаристони шимоли истиклолият эълон карданд. Ли Юаньхун генерал Чжан Сюня –ро бо артишаш аз музофоти Цзянсу ба Тяньцзинь хонд, ки артишаш ба сулолаи Цин содик буданд. 8 июн генерал аз президент «шартҳои имтиёзи» дар сарқонун, шинохтани конфуци ҳамчун дини милли ва зиёд кардани шумори харбиёнро хонд. 9 июн армияи Чжан Сюня ба Пекин даромад. 1 июл барқарории сулолаи Цин бо сарварии Пуи эълон шуд. Дуань Цижуй бо артишаш ба суи Пекин омад ва ба сохтори шоҳаншохи зарба зад. Дуань Цижуй бо истифода аз фурсат Ли Юаньхуна-ро ба истеъфо ва парлумонро озод кард. Вазифаҳои президенти ба души Фэн Гочжан гузошта шуд. Бо тахкими чойгоҳи худ Дуань Цижуя 14 августи соли 1917 бо Олмон расман чанг эълон кард. Бо дастгирии молиявии Чопон милитаристони шимоли ба гурӯҳҳои ҷануб муборизаро давом доданд.
Тақсимёбии Чин
[вироиш | вироиши манбаъ]Баъди торумори порлумон дар ибюни соли 1917 зиёда аз 100 депутат аз Пекина ба Гуанчжоу омада ба сафи гурӯҳҳои мухолияи милитаристони шисоли пайвастанд. Дар сесияи авалини худ дар Гуанчжоу порлумон коркарди Дуань Цижуй дар эъломи чанг бо Олмонро ғайриқонуни донистанд ва Сунь Ятсен дар бораи барқарорсозии бетарафии Чин нисбати чанг сухан кард, ки аз ҷониби порлумон ба иттифок дастгири ёфт. Хамчунин Дуан Цижуй худхонда ва ба Пекин артиш фиристода шуд. Тахти фишори Британияи Кабир, ИМА ва Ҷопон хукумати ҷануб 26 сентября соли 1917 бо олмон чанг эълон кард ва умед дошт ки аз тарафи кудратҳои хориҷи расман шинохта шавад. 3 октябр Сунь Ятсен дар Гуанчжоу «генералиссимусом Чини ҷануби» хонда шуд ва фармондехи Куваҳои мусаллахи федеротсиони ҷануби шуд. 7 октябри соли 1917 Сунь Ятсеназ номи Федератсияи музофотҳои ҷануби бо шиори ҳимоя аз сарқонун ба шимол чанг эълон кард. Дар қисми хукумати харбии Чини ҷануби намояндаҳои юньнаньских, гуансийских и сычуаньских милитаристов шомил буданд. Сунь Ятсен, ва хизбаш Гоминьдан, баъди марги Юань Шикая, на дар байни мардум ва на дар байни артиш такягоҳ надоштанд. Хукумат ба гуансийского милитариста Лу Жунтина такя мекард. Сун Ятсен истеъфо дод ва ба Шанхай рафт. Хукумати Гуанчжоуское ичрогари кури Лу Жунтина, барои таквияти нуфузи худаш табдил ёфт ва чанг бо шимолро идома миедод. Лу Жунтин президенти навинтихоби Пекин Сюй Шичанаро эътироф накард.
Иқтисодиёти Чин дар солҳои Ҷанги Ҷаҳонии Якум
[вироиш | вироиши манбаъ]Дар солҳои чанги Аврупо ширкатҳои хориҷи фаъолияти худро дар Чин васеъ гардониданд. То чанг дар Чин зиёда аз 20 бонкҳои калони хориҷи бо зиёда аз 100 шуъба фаъолият доштанд. Бо огози чанг Британия, Фаронса, Олмон ва Русия пешниходи маблаг ба Чинро катъ карданд ва ин боис шуд то Чопон таъсири худашро ба хукумати шимолии Чин зиёд кунад. Охирҳои чинги якуми ҷаҳони Чопон 85 % истеҳсоли металурги ва то 25% истеҳсоли ангиштсангро тахти назорат гирифтанд. Хамаги таи солҳои 1914 -1921 сармоядорони чопони дар Чин бо истифода аз қувваи кории арзон ва ашёи хоми дастрас зиёда аз 222 корхонаҳои саноати таъсис доданд ва то 6000 ташкилот расонданд. Ба мавкеъи устувори сармояи хориҷи дар Чин нигоҳ накарда буржуазияи миллии Чин хам сатҳи иктисодии худро боло бурд. Афзоиши арзиши нукра, ки асоси пули Чин буд, ба афзоиши воридот мусоидат кард. Савдои хориҷи бошад аз 213 миллион лян серебра соли 1914 ба 20 миллион дар соли 1919 поин фаромад. Дар ин солҳо адади корхонаҳои сармоядорони чини 2,5 маротиба афзуд(аз 698 то 1759). Дар соли 1919 дар мамлакат 1202 ширкатҳои саноати ва савдо фаъолият мекарданд. Шумораи бонкхо аз 44адади соли 1913 то 60адад дар соли 1918 расид. Аз соли 1912 то 1920 17 ширкатҳои баҳри, 244 марказҳои бофандаги, 65 фабрикаҳои коркарди абрешим таъсис ёфтанд. Дар саноати хуроквори бошад, аз соли 1914 то 1920 содироти орд аз Чин баб мамлакатҳои чанганда то 40 маротиба афзуд. Тули солҳои 1914 - 1919 дар мамлакат зиёда аз 13 миллион коргар кор мекард. Кариб 175 ҳазор коргари чини ба шарқи наздик, франсия, англия, Россия барои корҳои накбкани муҳофизати рафта буданд.
Ҳаракати 4-май
[вироиш | вироиши манбаъ]Баъди анчоми чанг дар Аврупо дар Чин масъалаи баргардонидани заминҳои Шандун ва ҳамчун мамлакати комилхуқуқ шинохтани Чин баҳсхо сар заданд. Хукумату ҷамъияти Чин умед дошт дар хамоиши сулҳи Париж масъалаҳои зерин барраси шаванд: 1. Кудратҳои бузург аз таъсири худ ба Чин даст кашанд; 2. Қӯшунҳои хориҷии дар Чин буда берун шаванд; 3. Кудратхо дар Чин набояд сохиби почта ва телеграфи шахси бошанд; 4. хуқуқи маслихатдихии консулон бекор карда шавад; 5. Каламрави заминҳои ичорагирифтаи хориҷи баргардонда шаванд; 6. Шаҳракҳои хориҷинишин ба Чин баргардонда шаванд; 7. Ба Чин истиклолияти гумруки диханд. Аммо рузи 18 январи соли 1919 дар хамоиши сулҳи Порис сарварони шурои Чахоргона Чинро аъзои комилкхуқуқи хамоиш нашинохтанд. Аз 30 апрели соли 1919 заминҳои Олмон дар Шандун бо розигии ИМА ва дастгирии Британияву фаронса ба Чопон дода шуд ва хайати Чин хатто барои гуфтушунид даъват хам нашуд. Ин хабари пастзанандаи шаъни Чин дар чомеъаи Чин нофаҳмихо овард. 4-майи соли 1919 донишчуён ва толибилмони макотиби Пекин дар майдони Тяньаньмэнь ба эътироз баромаданд. Онҳо талаб доштанд шартномаи сулҳ аз тарафи хукумати чин ба имзо нарасад, Шаньдун ба Чин баргардонда шавад, 21 талаботи Чопон беасос хонда шавад, ва хукумати феъли истеъфо кунад ва чазо дода шавад. Хокимияти Дуань Цижуй харакати донишчуёнро берахмона пахш кард. Бо эътироз ба ин рузи дигар ҳамаи таълимгоҳҳои шаҳр, профессорон ва иттиходияҳои ҷамъияти ба майдон баромаданд. Дуан Цижй аз имзои созишномаи сулҳи Версал худдори кард.
Манобеъ
[вироиш | вироиши манбаъ]- О. Е. Непомнин «История Китая. Эпоха Цин. XVII — начало XX вв.» — Москва: издательская фирма «Восточная литература» РАН, 2005. ISBN 5-02-018400-4
- С. Л. Тихвинский «Избранные произведения» в 5 т. Т.2 «История Китая первой четверти XX века: Доктор Сунь Ятсен. Свержение маньчжурской монархии и борьба за республику» — Москва: «Наука», 2006. ISBN 5-02-034997-6.
- С. Л. Тихвинский «Избранные произведения» в 5 т. Т.3 «История Китая. 1919-1949: Борьба за объединение и независимость Китая. Чжоу Эньлай» — Москва: «Наука», 2006. ISBN 5-02-035015-X.
- «История Востока» в 6 томах. Том V «Восток в новейшее время (1914—1945 гг.)» — Москва, «Восточная литература», 1995. ISBN 5-02-018102-1