Jump to content

Тағийри хат дар Тоҷикистон

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Тоҷикистон кишвари форсизабон аст, ки мардуми он ба гӯиши тоҷикӣ сухан мегӯянд. Акнун дар ин кишвар аз хати стандардшудаи сириллик барои нигориши забони форсӣ истифода мекунанд дар ҳоле ки ду кишвари дигари форсизабон яъне Эрон ва Афғонистон аз хатти форсӣ истифода мекунанд аз ҳазор сол аст барои нигориши забони форсӣ истифода мешавад. Аммо бо ин ҳол хатти сириллик ва ҳамчунин хатти лотинӣ ба нисбат хатти форсӣ-арабӣ, тавоноии бештаре дар намоиши саҳеҳи забони форсӣ доранд. Бахше аз ин масала ба намоиши комилтар ва бенуқстар масвитҳо (ҳуруфи садодор) тавасути ҳаттҳои сирилик ва лотинӣ бармегардад, чаро ки хатти мусум ба форсӣ дар ин маврид бисёр ноқис ва нотавон буда ва ҳатто манҷур ба тағийри ногузири бархе вожаҳо дар тӯли таърих гашта аст. Ин маворид ва бисёре дигар муҷуб баргузидан хатҳост дигар (тавасути ҳокимони Болшевик) барои форсӣ тоҷикӣ буд.

Тағийри хат аз форсӣ ба лотинӣ

[вироиш | вироиши манбаъ]

Аз соли 1302 талошҳо барои тағийри хат дар ҶШС Тоҷикистон тавасути СССР оғоз шуд ва ниҳоят дар фарвардини 1305 (апрели соли 1925 мелодӣ) хати стандартшудаи лотинӣ барои забонҳои туркӣ дар Тоҷикистон хати расмӣ шуд дар ҳоле ки форсӣ шохаи аз забонҳои туркӣ нест. Ин тағийри хат иҷборӣ ба баҳонаи заиф ва мушкил будани хати арабӣ ва талош дар ҷиҳати иртиқои саводнокӣ анҷом шуд.

Тағийри хат аз лотинӣ ба русӣ

[вироиш | вироиши манбаъ]

Дар ҳудуди соли 1319 ва ҳангоми ҷанги ҷаҳонии дуюм, сарони Шӯравӣ тасмим ба тағийри хати кишварҳои таҳти салтанаи худ - аз ҷумла хатти лотинӣ ба хатти сириллик ё русӣ гирифтанд ва дар Тоҷикистон ҳам хатти сириллик ҷойгузини хатти лотинӣ шуд.

Муҳаммадҷон Шакурӣ адиби Тоҷикистон ва узви фарҳангистони забон ва адаби форсӣ дар бораи тағийри хат аз форсӣ ба лотинӣ ва сириллик мегӯяд: "Дар шӯравӣ халқҳое буданд, ки хаташонро аз арабӣ баргардонанд. Халқҳои осори таърихии зиёде надоштанд, бо шодмонӣ тамоми, тағийри хатро пазируфтанд. Лекин халқҳое дигар мисли тоҷикон ки таърихи тӯлонӣ доштанд ва осори адабӣ ва илмӣ ва таърихӣ доштанд бар асари тағйири хат аз ҳама онҳо маҳрум шуданд.

Нигаред низ

[вироиш | вироиши манбаъ]

Аз Википедиаи форсӣ