Jump to content

Тағойназари Бақо

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Тағойназари Бақо
Тағойназари Бақо
Таърихи таваллуд: 17 феврал 1955(1955-02-17) (69 сол)
Зодгоҳ: ноҳияи Данғара
Навъи фаъолият: шоир

Тағойназари Бақошоир, узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон (2009)

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Тағойназари Бақо 17 феврали соли 1955 дар деҳаи Олучадараи ноҳияи Данғара таваллуд ёфтааст. Соли 1971 мактаби миёнаи деҳаи Пушингро ба поён расондааст. Соли 1976 факултаи филологияи Донишкадаи давлатии омузгории Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳ Рӯдакиро хатм кардааст. Баъди хатми донишкада машғули фаъолияти омӯзгорӣ будааст. Аз соли 2007 дар ШҲСК «Барқи тоҷик» кор мекунад.

Ашъораш дар маҷмӯаҳои «Чашмаи сангӣ» (1999), «Суруди сапедадам» (2002) ва «Шабдизи ғурур» (2005) ба чоп расидаанд. Аз соли 2009 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон аст.[1]

  1. Адибони Тоҷикистон (маълумотномаи мухтасари шарҳиҳолӣ)./Таҳия ва танзими Асрори Сомонӣ ва Маҷид Салим. – Душанбе, «Адиб», 2014, – с. 53 ISBN 978-99947-2-379-9