Jump to content

Театри Аҳорун

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Театри Аҳорун (Театри давлатии тамошобини ҷавон «Аҳорун») — театри давлатии таҷрибавии тамошобини ҷавон, ҳайати эҷодӣ, ки 1 январи 1990 дар назди ҳукумати шаҳри Душанбе таъсис ёфтааст.

Аввал чун студия ба вуҷуд омад, роҳбари бадеии он ҳунарпеша ва коргардон Ф. Қосимов буд. Аз соли 2010 ин вазифаро ҳунарпеша С. Қосимова ба уҳда дорад. Ҳайати эҷодии «Аҳорун»-ро як гурӯҳ ҳунарпешагони Театри давлатии ҷавонони Тоҷикистон ба номи М. Воҳидов ташкил доданд. Он аз аввал бо навҷӯию навоварӣ ба фаъолият пардохт ва ҳамчун театри коргардонӣ симо пайдо намуд. Роҳбари бадеии «Аҳорун», муаллиф, таҳиягар ва аксаран ороишдиҳандаи саҳна Фаррух Қосимов буд, ғоя, мазмун ва сохту услуби намоишҳоро худи ӯ эҷод менамуд.

Нахустин намоиши «Аҳорун» «Юсуфи гумгашта боз ояд ба Канъон» аз рӯйи ашъори Ҷалолуддини Балхӣ, Шайх Аттор, Ҳофизи Шерозӣ ва Абдурраҳмони Ҷомӣ соли 1991 таҳия шуд, ки аз ҳар лиҳоз навгонӣ дар театри тоҷик буд. Намоишҳои дигари «Аҳорун» — «Исфандиёр», «Шоҳ Фаридун» (ҳар ду аз рӯйи «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ, 1992, 1997) — «Даҷҷол» (1994) — «Шайх Санъон» (1996) — «Қиссаи ишқ» (2000) «Шоҳ Лир» (2003) — «Зардушт» (2006) — «Раъно» (2007) — «Дило, назди касе биншин …» (2008) низ аз ҷониби Ф. Қосимов дар асоси назми классикии форс-тоҷик эҷод шудаанд. Ӯ дар ин намоишҳо сабки театри маишӣ, айнан ҳаётиро рад намуда, ҳалли шартӣ, образнокию рамзӣ, шаклҳои кушоду равшани театриро афзалтар шуморид ва тамошогарро бо бозёфтҳои ҷасуронаи эҷодии хеш дар ҳайрат гузошт. Фаррух Қосимов дар театри бунёдсохтаи хеш классикаи миллиро аз нав зинда намуд, дар он мавзӯъҳои хеле муҳимми умумиинсонӣ, ғоя ва эҳсосро дарёфт. Роҳбари соҳибистеъдод ва навҷӯй дар ашъори Фирдавсӣ, Аттор, Румӣ, Ҷомӣ, Ҳофиз ва дигар адибони классикӣ унсурҳои драмаро эҷодкорона истифода бурд ва равнақ бахшид. Намоишҳои навоваронаи «Аҳорун» дар ҳаёти театри тоҷик ва умуман фарҳанги Тоҷикистон саҳифаи нав кушоданд.

«Аҳорун» дар Фестивали театрҳои тамошобини навраси Осиёи Марказӣ (Тошканд, 1990) — фестивалҳои театрии ҷумҳуриявии «Парасту — 90», «Наврӯз — 90», «Парасту — 95» сазовори шоҳҷоиза (Гран При) ва ҳамчунин ба ҷоизаи «Оскар»-и маҷ. «Театральная жизнь» ва медали тилои фестивали ҳарсо­лаи байналмилалии «Даҳаи Фаҷр» (Теҳрон, 1992) гардидааст. Роҳбари театр Ф. Қосимов барои намоишномаҳои «Шоҳ Фаридун», «Шайх Санъон» ва «Қиссаи ишқ» дар фестивалҳои ҷумҳуриявии «Парасту» соҳиби ҷоизаи беҳтарин коргардони театр шудааст. Дар «Аҳорун» як зумра ҳунарпешагон, аз ҷумла Ҳунарманди халқии Тоҷикистон С. Азизова, Ҳунарпешагони шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Қ. Собир, С. Қосимова, Д. Убайдуллоев, А. Шарифов, ҳунарпешагон Ҳ. Солеҳов, К. Мирзоев, Х. Мустафоев, Ҳ. Чиллаев ва дигарон ба камол расидаанд. «Аҳорун» ба Эрон, Россия, Ӯзбекистон, Белгия, Полша, Фаронса ва ғайра сафарҳои эҷодӣ намуда, сазовори обрӯю эътибори баланд гардидааст[1].

  1. Нурҷонов Н. Театри давлатии таҷрибавии тамошобини ҷавон «Аҳорун», (маълумотномаи таърихӣ) //Энсиклопедияи адабиёт ва санъати тоҷик. — Душанбе, 2004. — ҷ. 3. — С. 201.