Абдулло Абдурауфов
Абдулло Абдулғафурович Абдурауфов | |
Таърихи таваллуд | 27 декабр 1928 |
Зодгоҳ | Самарқанд |
Таърихи даргузашт | 3 сентябр 1975 (46 сол) |
Маҳалли даргузашт | Самарқанд, ҶШС Ӯзбекистон, ИҶШС |
Солҳои фаъолият | аз 1957 |
Кишвар | |
Пеша(ҳо) | сароянда |
Навъи садо | тенор |
Ҷоизаҳо |
Абдулло Абдурауфов (1928—1975) — сарояндаи операи тоҷик, Ҳунарпешаи хизматнишондодаи ҶШС Тоҷикистон (1964),
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Абдулло Абдулғафурович Абдурауфов 27 декабри соли 1928 дар гузари Қӯшҳавзи шаҳри Самарқанд ба дунё омадааст. Факултети филологии ИДП Самарқанд (1949), шуъбаи миллии Консерваторияи давлатии Москва ба номи П. И. Чайковский (1953) ва Консерваторияи давлатии Тошканд ба номи Мухтор Ашрафӣро хатм намудааст (1958). Сарояндаи яккахони Филармонияи давлатии Тошканд ба номи Қорӣ Ёқубов, сарояндаи Театри опера ва балети ба номи А. Навоии Ӯзбекистон (1957—1958), Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ (1958—1968), ФДТ (1968—1970) ва Театри операи шаҳри Самарқанд (1970—1975). Ба шаҳрҳои гуногуни собиқ Иттифоқи Шӯравӣ ва мамлакатҳои хориҷӣ, аз ҷумла Ироқ, Афғонистон, Финляндия, Олмон, Дания сафари ҳунарӣ кардааст.
Образҳои саҳнавӣ
[вироиш | вироиши манбаъ]Дар саҳнаи театрҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон дар операҳо бештар аз 20 партияро иҷро кардааст. Дар саҳнаи Театри опера ва балети ба номи А.Навоии Ӯзбекистон:
- Ҳоҷӣ («Дилором»-и Мухтор Ашрафӣ),
- Тоҳир («Тоҳир ва Зӯҳро»-и Т.Ҷалилов ва Б.Бровсин),
- Ҳамза («Ҳамза»-и С.Бобоев);
дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ:
- Мадан («Комде ва Мадан»-и Зиёдулло Шаҳидӣ),
- Зоҳир («Бозгашт»-и Ёқуб Сабзанов),
- Собир («Домоди номдор»-и С.Урбах),
- Ленский («Евгений Онегин»-и П. И. Чайковский),
- Гертсог («Риголетто»-и Ҷ.Верди),
- Люченсо («Ромкунии зани қайсар»-и В.Шебалин) ва ғайраро рӯи саҳна овардааст.
Суруд ва романсҳои оҳангсозони тоҷик, сурудҳои халқҳои Шарқ, рус ва Ғарб, ҳамчунин мусиқии классмкии вокалӣ ва ғайра дар репертуари ӯ мавқеи хос доштанд. Дар театрҳои Самарқанд ва Тошканд, низ дар чанд опера ба саҳна баромадааст.[1]
Мукофот ва ҷоизаҳо
[вироиш | вироиши манбаъ]Ҷоизадори Фестивали VI умумиҷаҳонии ҷавонон ва донишҷӯён (Москва, 1957), Озмуни умумииттифоқии вокалистон (Москва, 1957) ва Озмуни умумииттифоқии вокалистон ба номи М. И. Глинка (Москва, 1964).[2]
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- Зодагони 27 декабр
- Зодагони соли 1928
- Шахсиятҳо аз рӯи алифбо
- Зодагони Самарқанд
- Даргузаштагони 3 сентябр
- Даргузаштагони соли 1975
- Даргузаштагони Самарқанд
- Ҳунарпешагони хизматнишондодаи ҶШС Тоҷикистон
- Мусиқидонон аз рӯи алифбо
- Википедиа:Мақолаҳои бесурат дар бораи мусиқидонон
- Ҳунарпешаи театр
- Ҳунарпешаҳои Тоҷикистон
- Ҳунарпешаи театри давлатии академӣ-драмавии ба номи Абулқосим Лоҳутӣ
- Ҳунарпешаи театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ
- Сарояндаҳои Ӯзбекистон