Тилло

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Ҷаҳиш ба: новбари, Ҷустуҷӯи


Тилло  Au
Тилло
Рақами атомӣ: 79
Массаи атомӣ: 196.966569(4)
Давр, Гурӯҳ: 6, 11
Тилло (Зар)

Тилло (Зар) (Au) — элементи гуруҳи 11 (аз рӯи таснифоти кӯҳнашуда — дар зергурӯҳи иловагии гурӯҳи якум), даври шашуми системаи даврии элементҳои кимиёвии Д.И. Менделеев, бо рақами тартибии 79 мебошад. Бо аломати Au (лот. Aurum) ифода карда мешавад. Моддаи соддаи тилло - метали асили рангаш зард аст. Рақами бақайдгириаш CAS: 7440-57-5 мебошад.

Тилло яке аз металҳое аст, ки инсон онро 8 ҳазор сол муқаддам аввалин бор шинохт ва дар асри биринҷӣ (ё мезолит) занҳои Африқо худро бо мӯҳра, шадда ва нишонаҳои сарисинагии тиллоӣ ороиш медоданд. Истеҳсоли аввалини тилло, аз рӯи маълумотҳои археологӣ, дар Миср оғоз ёфта буд ва тиллоро Офтоб «қурси калону дурахшони тилло» меномиданд. Дар қадим ороиш бо тилло рамзи Офтоб, бойгарӣ ва чун пул хизмат мекард. Парастиши тилло чун инъикоси парастиши Офтоб дар рӯйи Замин, тавоногӣ ва бузургии он на танҳо дар Миср, балки ба тамаддуни дигар мамолик паҳн шуд. Дар он замонҳо дар Миср дар як сол 50 тонн тилло истеҳсол мекарданд, ки ин рақам ба рақами истеҳсоли тилло дар Русия (с. 1913), ё дар асри гузашта ИМА ва Канада ва ҳоло дар Ӯзбекистон, ки ҳамин миқдор тиллоро ҳосил мекунанд, рост меояд. Ҳол он ки миқдори (кларки) тилло дар қишри замин ҳамагӣ 5•10-7%-ро ташкил мекунад. Археологҳо дар водии Шоҳони Фив, соҳили чапи рӯди Нил, аз оромгоҳи Фиръавни номаълум маснуотҳои аз тилло сохташударо дарёфт намуданд. Соли 1922 археологи инглис Г.Картер аз тобути тиллогини мумиёкардашудаи Фиръавн Тутанхамон, ки зиёда аз 3400 сол қабл ба хок супорида шуда будаст, 110 кг тилло ва маргниқоби тиллоӣ ҳафриёт кард. Дар бораи тилло ривоят аст, ки фидоёни Миср бовар мекунонданд, ки гӯё Офтоб тиллоро офарида, ба Замин чун борон мерезад, аз он ёдгориҳои сутуну девормонанд бино мекарданд. Фиръавни Миср Эхнатон, ки тарафдори ситоиши Офтоб буд, бо фидоён муносибаташро канда, Фивро тарк намуд. Ӯ маркази ситоишгарони нав - ибодатхонаи Ахет-Атони берӯпӯшро, ки дар болои деворҳояш курсиҳои сайқалдода офтобро инъикос мекарданд, сохт. Ситоиши Офтоб дар байни дигар қабилаҳо низ паҳн шуда буд. Дар давраи кашфиётҳои географӣ (с. 1519) сайёҳи испанӣ Эрнан Кортесу ба Америка роҳ пеша кард, ҳиндуҳо ӯро бо табъи хуш пешвоз гирифта, дар қатори дигар тӯҳфаҳо ду курсии доираашон 1 м (яктоаш аз тилло, дигараш аз нуқра), чун рамзи ситоиши Офтобу Моҳтоб пешкаш карданд. «Ба некӣ – бадӣ» гуфтаанд. Ва Эрнан Кортес, Франсиско Писарро (а. XVI) ва дигар забткунандагони мамолики Америкаи Ҷанубӣ (Перу, Чилӣ, Аргентина, Эквадор, Боливия) тамоми бойгарии ин мамлакатҳоро тороҷ намуда, сиққа сохта ба Аврупо бурданд. Ҳоло дар пойтахти Колумбия ш. Богото дар Осорхонаи тилло 8000 номгӯйи маснуотҳои ситоишии ҳиндуҳои қадим маҳфуз аст. Саволе ба миён меояд, ки тилло дар осорхона аз куҷо пайдо шуд? Посух. Мардуми таҳҷоӣ як қисми маснуоти тиллоро аз испанҳо дар ҷангалҳои тропикӣ андаруни решаҳо пинҳон карданд. Қисми дигари онҳо садсолаҳо дар қаъри кӯли Гаутовита, ки аз рӯи расму оини муқаддаси атстекамҳо, инкиҳо ва халқиятҳои дигари Америкаи Ҷанубӣ ба кӯл партофта шуда буданд, онҳоро ба даст оварданд. Аз рӯи урфу одати ин халқият дар қадим доҳиро меҳрубонӣ мекарданд ва ба танаи вай хокаи тиллоӣ мемолиданд. Пас аз он ӯ бо ашхоси муқаддас дар сал нишаста, дар кӯл ба самти шарқ шино мекарданд. Ҳангоми шӯъла задани Офтоб дар соҳили шарқии кӯл доҳиро муборакбод, меҳрубонӣ намуда, ангуштарӣ, шадда, мӯҳра, тасбеҳ, гарданбанд, чанголи ҳайвонҳои аз тилло сохташударо ба болояш мепошиданд. Ҳоло қисми кӯлро хушк карда, маснуотҳои тиллоиро гирифта ба осорхона супориданд. Дар асрҳои баъдина муайян шуд, ки Миср аз тилло бой будаст ва онро ба бозори ҷаҳонӣ мебароварданд. Ҳазорсолаҳо сипарӣ шуда (2500 сол қабл), давлати Лидия (дар Осиёи Хурд) барои ба низом даровардани муносибатҳои иқтисодӣ бо Юнон ва Шарқ тангаи тиллоиро ба савдо баровард. Аз ин иқдоми нек шоҳи форсҳо Кир огоҳ шуда, Лидиоро ба итоати худ мегирад ва сиққакунии тангаи тиллоиро дар дигар мамолик паҳн мекунад. Дар асри XVII тангаҳои тиллоӣ дар Русия пайдо шуда, 10 руб. арзиш доштанд ва ба шарафи императори Русия Елизавета Петровна ин тангаҳо «империал» ногузорӣ мешуданд. Тилло металли асил, зардранг, ёзанда, кашолёбанда, вазнин (зичиаш 15,6 - 19,2 г/см3), мулоим (сахтиаш - 2,5-3), дар ҳарорати 10630С об мешавад, ба тунукаҳои нозук ва то 3-15 км сим дароз кашида мешавад. Аз рӯи ин хусусиятҳояш тиллоро дар ҷавоҳирот ва саноат истифода мебаранд. Дар ҷавоҳирот 75-76% тилло, электроника 9%, стоматология 3%, сиқкакунии тангаҳо 4% ва дигар соҳаҳои 8%, ва препаратҳои тиббӣ, хӯла, таҳқиқотҳои илмӣ, оптика, зарфҳои кимиёвӣ, симсозӣ ва расмтайёркунӣ истифода мешавад. Дар солҳои охир тиллоро бисёртар дар саноат барои тайёр кардани хӯлаҳое, ки барои кафшери маводи двигателҳои реактивӣ, мушакҳо, реакторҳои ядроӣ, самолётҳои суръаташон аз суръати овоз зиёдтар аст ва дигар таҷҳизотҳо истифода мебаранд. Бо тилло мушакҳо, киштиҳои кайҳониро мепӯшонанд. Масалан, дар киштии «Колумбия» америкоиҳо зиёда аз 40 кг тиллоро истифода карданд. Дар сатҳи қоғаз ё чӯб ширеши махсус молида, хокаи тиллоиро медавонанд, бо тилло рӯпӯш мешавад. Дар 1 м2 сатҳи ҷисм 3 гр. тилло сарф мешавад.

Адабиёт[вироиш]

Паддефет, Р. Золото Химия. М. : Мир, 1982. – 259 с.

Инҷоро ҳам бингаред[вироиш]

Commons-logo.svg
Викианбор has media related to: