Толиби Омулӣ
Толиби Омулӣ طالب آملی | |
Номи пурра | محمد طالب آملی |
Таърихи таваллуд: | 1585 |
Зодгоҳ: | |
Таърихи даргузашт: | 1627 |
Маҳалли даргузашт: | |
Шаҳрвандӣ: | Эрон |
Навъи фаъолият: | шоир |
Забони осор: | порсӣ |
Парвандаҳо дар Викианбор |
Толиби Омулӣ (форсӣ: محمد طالب آملی; 1585, Омул, Устони Мозандарон — 1627, Лоҳур) — шоири форсизабони Ҳиндустон
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Толиби Омулӣ аз сухангустарони қарни ёдзаҳуми ҳиҷрист, ки дар диёри Ҳинд шуҳрати тамом ёфта, дар сафи аввалин шоирони аҳди худ қарор гирифта буд. Таваллудаш соли 989-и ҳиҷрӣ дар Омул иттифоқ афтодааст ва ҳамон ҷо ба таҳсили донишу адаб пардохта, дар айёми ҷавонӣ ба шеъргӯӣ оғоз мекунад. Ҳудуди соли 1010-и ҳиҷрӣ аз Омул ба Исфаҳон ва аз он ҷо ба Кошон сафар кардааст. Шоир пас аз Кошон ба Машҳад ва аз он ҷо ба Марв ба хидмати Бектошхон меравад. Хокими мазкур Толибро бо эҳтиром қабул мекунад. Вале шоир ҳамвора дар дил орзуи ба Ҳиндустон рафтанро мепарварид. Ҳамин тавр баъди ду соли хидмати дарбори Бектошхон соли 1017 ҳ ба Ҳиндустон ҳиҷрат намуда, пас аз саргардониҳои зиёд ба Қандаҳор меояд. Ҳокими Қандаҳор Мирзо Ғозихони Тархон, ки шахси илмдӯсту бомаърифат буд ва худ ҳам шеър менавишт, Толибро ба дарбори худ даъват мекунад. Шоир чанд қасидаи машҳури худро дар васфи ин ҳоким сурудааст. Баъд аз марги Мирзо Тархон соли 1021 Толиб ноилоҷ бори дувум ба Ҳинд сафар мекунад. Муддате дар дарбори ҳокими Гуҷарот хидмат намуда, сипас ба Агра ва аз он ҷо ба Лоҳур меояд. Дар Лоҳур ба суҳбати шоири машҳур Шопури Теҳронӣ мушарраф мегардад. Бо кумаки ӯ ба дарбори Ҷаҳонгиршоҳ роҳ ёфта, соҳиби мақому манзалат шудааст. Соли 1028 ба Ҷаҳогиршоҳ мартабаи маликушшуароиро ба ӯ Толиб сазовор донистааст. Поёни умри шоир ба ранҷурию бекасӣ гузашта, вафоти ӯ ба соли 1035 ё 1036- и ҳиҷрӣ рост меояд.
Мероси адабӣ
[вироиш | вироиши манбаъ]Девони Толиби Омулиро тазкиранависон аз 9 ҳазор то 15 ҳазор байт нишон додаанд, вале нусхаи чопии он (Теҳрон, 1346), ки бо кӯшиши Тоҳирӣ Шаҳоб ба табъ расида, шомили 22968 байт аст. Девони шоирро қасида, таркиббанду тарҷеъбанд, маснавӣ , ғазал, рубоӣ ва муфрадот ташкил медиҳанд. Қасида ва таркиббанду тарҷеъбандҳояш дар ситоиши ҳокимон, шоҳ Ҷаҳонгир ва ба муносибатҳои гуногун навишта шудаанд. Се маснавии кӯтоҳ бо номҳои «Қазову қадар», «Сӯзу гудоз», «Ҷаҳонгирнома» эҷод намудааст. Бахши аслии девони шоирро ғазал ташкил медиҳад ва гузашта аз он 755 рубоӣ дар мавзӯъҳои гуногун сурудааст.
Намунаи ашъор
[вироиш | вироиши манбаъ]- Сӯхтам дар оташи савдои хеш,
- Сохтам бо сӯзи ҷонфарсои хеш.
- Болу пар дарбохтам парвонавор,
- Дар ҳавои ёри бепарвои хеш.
- Ман ба роҳи ишқ расвои дилам,
- Дил ба расвоӣ ту шуд расвоӣ хеш.
- Дар фироқи ӯ таровишҳои доғ,
- Дорадам шарманда аз аъзои хеш.
- Баски дасту по занам дар роҳи дӯст,
- Гоҳ бӯсам дасту худ гаҳ пои хеш.
- Толиб осоиш намебинам ба хоб,
- Дар зиёни чашми тӯфонзои хеш.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]1. Балёнӣ , Авҳадӣ Тақиуддин Муҳамад ибни Муҳаммад. Арафот-ул-ошиқин. Нусхаи хаттӣ. 2. Ғуломалихони Орзу. Хизонаи омира. Чопи Лакҳнав. с. 224. 3. Дуктур Сафо. Ганҷи сухан. Ҷ. 3, с.85-91. 4. Забеуллоҳ Сафо. Таърихи адабиёт дар Эрон. Ҷ. 5. Бахши 2.-Теҳрон, 1369. 5. Лутфалибеки озар. Оташкада. с. 870. 6. Тазкираи «Майхона». с. 545—570. 7. Толиби Омулӣ. Куллиёти ашъор.\Бо тасҳеҳ ва муқаддимаи Тоҳирӣ Шаҳоб. — Теҳрон, 1346.