Jump to content

Толибҷон Ҳобилов

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Толибҷон Ҳобилов
Толибҷон Қодирович Ҳобилов
Таърихи таваллуд 9 май 1953(1953-05-09) (71 сол)
Зодгоҳ Конибодом, ҶШС Тоҷикистон ИҶШС
Кишвар  Тоҷикистон
Фазои илмӣ биология
Дараҷаи илмӣ: доктори илмҳои биология
Унвонҳои илмӣ профессор
Алма-матер Университети давлатии шаҳри Ленинград

Толибҷон Қодирович Ҳобилов (09.05.1953, шаҳри Конибодом), доктори илмҳои биологӣ (1993), профессор (1994).

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Толибҷон Қодирович Ҳобилов факултаи биологияи Университети давлатии шаҳри Ленинградро (ҳоло шаҳри Санкт-Петербург) соли 1975 хатм карда, фаъолияти кориаш пурра дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров гузаштааст. Дар ин боргоҳи илму маърифат вазифаҳои сарлаборант, муаллим, сармуаллим, дотсенти кафедраи зоология (1975-1983), мудири ҳамин кафедра (1984-1995), ноиби ректор оид ба илм (1995-2001), ноиби ректор оид ба таълим (2001-2010) иҷро кардааст. Аз соли 2010 директори Пажӯҳишгоҳи илмҳои табиатшиносии ҳамин донишгоҳ мебошад. Муаллифи беш аз сад кори илмӣ, илмӣ-методӣ ва илмӣ-оммавӣ оид ба масоили мухталифи биология ва экология, рустанӣ ва ҳайвоноти нодиру нестшудаистодаи ҳудуди вилояти Суғд, олами набототу ҳайвоноти Тоҷикистон аст. Қариб чил мақолаи илмиаш дар хориҷи ҷумҳурӣ нашр шудаанд. Дар беш аз бист ҳамоишу конфаронси байналмилалии табиатшиносон (Русия, ИМА, Англия, Бразилия, Мексика, Люксембург, Олмон, Фаронса, Полша, Малайзия, Эрон, Маҷористон, Таиланд, Нидерланд ва дигар давлатҳо) иштироку суханронӣ кардааст.

  • Фауна Республики Таджикистан. т. ХХ, часть VII. Млекопитающие. Рукокрылые. – Д., 1992;
  • Фауна Республики Таджикистан. т. ХХ, часть VIII. Рукокрылые. – Д., 2003;
  • Аз Қурама то Искандаркӯл. – Х., 2011;
  • Редкие и исчезающие виды растений и животных Согдийской области. – Х., 2012.[1]
  1. Арбобони илми тоҷик (асри ХХ-аввали асри ХХI) / Муаллиф-мураттиб Ёрмуҳаммади Сучонӣ. – Душанбе, 2017. – 728 с.