Тошбибӣ Ашӯрова

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Jump to navigation Jump to search
Ашӯрова Тошбибӣ
Зодгоҳ ноҳияи Регар
Ҷоизаҳо
Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ — 1947
Ордени Ленин Ордени Байрақи Сурхи Меҳнат Ордени «Нишони Фахрӣ»

Тошбибӣ Ашӯрова (1925, деҳаи Оқмачит, ноҳияи Регар) — пахтакор, Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ (1947).

Зиндагинома[вироиш | вироиши манбаъ]

Сол­ҳои 1938-53 колхозчӣ, сардори звенои колхози ба номи Карл Маркс ва аз соли 1954 то 1976 колхозчии колхози «Съезди 20 -уми партия»-и ноҳияи Регар (ҳоло Турсунзода). Нафақагири шахсӣ аз соли 1976. Звенои Т. Ашӯрова дар рӯёндани ҳосили баланди пахта (1947) муваффақ шудааст. Депутати Шӯрои Олии ҶШС Тоҷикистон (даъвати 2-4).

Ордену медалҳо[вироиш | вироиши манбаъ]

Бо орденҳои Ленин, Байрақи Сур­хи Меҳнат, «Нишони Фахрӣ», медалҳо ва Грамотаҳои Фахрии Президиуми Шӯрои Олии ҶШС Тоҷикистон сарфароз гардидааст.

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

Адабиёт[вироиш | вироиши манбаъ]