Тоҳир Умаров
Тоҳир Умаров | |
Таърихи таваллуд | 25 феврал 1929 |
Зодгоҳ | Конибодом, ҶШС Тоҷикистон, ИҶШС |
Таърихи даргузашт | 9 июл 1975 (46 сол) |
Маҳалли даргузашт | Душанбе, Тоҷикистон |
Кишвар | Тоҷикистон |
Фазои илмӣ | таърих |
Ҷойҳои кор | Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ |
Дараҷаи илмӣ: | номзади илмҳои таърих |
Унвонҳои илмӣ | дотсент |
Алма-матер | Донишкадаи давлатии омӯзгории шаҳри Душанбе ба номи Т. Г. Шевченко |
Тоҳир Умаров (тав. 25.02.1929, шаҳри Конибодом – ваф. 9.07.1975, шаҳри Душанбе), муаррих, номзади илмҳои таърих (1961), дотсент (1965).
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Соли 1951 факултети таърихи Донишгоҳи давлатии Осиёи Миёнаро (ш. Тошкент) хатм кардааст. Солҳои 1951–1961 муаллими калони кафедраи ҲКИШ, 1961–1963 декани факултети таъриху филологияи Донишкадаи давлатии омӯзгории шаҳри Душанбе ба номи Т.Г. Шевченко, 1961–1962 аспиранти назди кафедраи таърихи ҲКИШ-и Донишгоҳи давлатии Осиёи Миёна, 1962–1971 ректори Донишкадаи давлатии омӯзгории шаҳри Кӯлоб, 1971–1975 ректори Донишкадаи давлатии тарбияи ҷисмонии шаҳри Душанбе ба номи М.И. Калинин буд. Дар анҷуманҳои 15 ва 16 Ҳизби Коммунистии Тоҷикистон номзад ба аъзогии КМ ҲК ҶШС Тоҷикистон интихоб шуда буд. Муаллифи 6 асар ва 60 мақолаҳои илмӣ ва илмию методӣ аст. Мавзӯи тадқиқотҳои ӯро масъалаҳои сохтмони маданӣ дар Тоҷикистон ва инкишофи маорифи халқи Тоҷикистон дар панҷсолаи панҷум дар бар гирифтаанд. Барои хидматҳояш бо медали «Меҳнати шоён» ва ифтихорномаи Президиуми Шӯрои Олии ҶШС Тоҷикистон мукофотонида шудааст.
Осор
[вироиш | вироиши манбаъ]- Инкишофи маорифи халқи Тоҷикистон, Д., 1968;
- Аз таърихи сохтмони маданӣ дар Тоҷикистон, Д., 1959;
- Оид ба таърихи муборизаи Ҳизби Коммунистии Тоҷикистон барои инкишофи маорифи халқи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар солҳои панҷсолаи панҷум, Д., 1960.
Пайвандҳо
[вироиш | вироиши манбаъ]- Pages using the JsonConfig extension
- Pages which use a template in place of a magic word
- Зодагони 25 феврал
- Зодагони соли 1929
- Шахсиятҳо аз рӯи алифбо
- Зодагони шаҳри Конибодом
- Даргузаштагони 9 июл
- Даргузаштагони соли 1975
- Даргузаштагони шаҳри Душанбе
- Номзадҳои улуми таърих
- Олимон аз рӯи алифбо
- Таърихшиносони Тоҷикистон
- Омӯзгорон аз рӯи алифбо
- Омӯзгорони Тоҷикистон
- Олимони Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ
- Дорандагони нишони Аълочии маорифи Тоҷикистон