Тоҷи Ҳаловӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Тоҷи Ҳаловӣ

Тоҷи Ҳаловӣ Алӣ ибни Муҳаммад (форсӣ: تاج حلاوی‎; ? — қарни XIV) — шоир ва адабиётшиноси маъруфи форс-тоҷик, муаллифи «Дақоиқу-ш-шеър».

Зиндагинома[вироиш | вироиши манбаъ]

Дар осори адабиётшиносӣ ба номҳои Тоҷи Румӣ ва Тоҷи Ҳаловӣ ёд шудааст. Аз осораш рисолае бо номи «Дақоиқу-ш-шеър» боқист. Тоҷи Ҳаловӣ дар рисолааш, ки бо забони соддаву равони форсӣ навишта шудааст, аз санъатҳои бадеӣ мухтасар маълумот оварда, бисёр истилоҳоти адабиётшиносӣ — тарҷума, балоғат, фасоҳат, байтулқасида ва жанрҳои адабӣ — ғазал, рубоӣ, маснавӣ, мусаммат, тарҷеъбандро шарҳ додааст. Фасли «Дар уюби шеър»-и он тафсири ақво, ақфо, айто, мавқуф барин нуқсонҳои шеърро дар бар гирифтааст. Мисолҳо аз шоирони асрҳои 12—13 оварда шудаанд. Дар «Дақоиқу-ш-шеър» аз эҷодиёти бадеии Тоҷи Ҳаловӣ низ як миқдор дубайтӣ, ғазал, қитъа ва чанд порча шеъри дигар — ҷамъ 60 байт мавҷуд аст. Рисолаи Тоҷи Ҳаловӣ бо тасҳеҳу ҳавошии Сайидмуҳаммади Козими Имом соли 1963 дар Теҳрон ба табъ расида, аст. Тоҷи Ҳаловӣ бо хаттотӣ, наққошӣ ва саҳҳофӣ ҳам машғул будааст.

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

Адабиёт[вироиш | вироиши манбаъ]

  • Тоҷи Ҳаловӣ / Р. Мусулмонқулов // Сақофӣ — Ховалинг. — Д. : СИЭСТ, 1987. — (Энциклопедияи Советии Тоҷик : [дар 8 ҷ.] / сармуҳаррир М. Д. Диноршоев ; 1978—1988, ҷ. 7).