Тоҷу-л-масодир
Зоҳир
«Тоҷу-л-масодир» (ар. تاجالمصادر) — луғати масдарҳои арабӣ бо тарҷумаи форсӣ, таълифи Бӯҷаъфараки Байҳақӣ.
Тақрибан 5000 калимаро дар бар мегирад. «Тоҷ-ул-масодир» дар асоси «Китобу-л-масодир»-и Абуабдуллоҳ Ҳусайн ибни Аҳмади Зӯзанӣ, ки якумин луғати арабӣ-форсист (таълифаш миёнаҳои асри 11) тартиб ёфтааст. Муаллиф луғати Зӯзаниро таҳриру такмил кардааст. Дар «Тоҷу-л-масодир» масдарҳо мувофиқи сохт ва ҳаракоти реша дар бобҳои алоҳида бо тартиби алифбо омадаанд. Дар «Тоҷу-л-масодир» бисёр калимаҳои форсӣ маҳфуз мондаанд. Аз ин ҷиҳат «Тоҷу-л-масодир» барои муайян намудани баъзе хусусиятҳои забони он давра аҳамият дорад. Чопҳои сангии «Тоҷу-л-масодир» мавҷуданд (Бамбай, 1884; Лакҳнав, 1893).
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Тоҷ-ул-масодир / В. Капранов // Сақофӣ — Ховалинг. — Д. : СИЭСТ, 1987. — (Энциклопедияи Советии Тоҷик : [дар 8 ҷ.] / сармуҳаррир М. Д. Диноршоев ; 1978—1988, ҷ. 7).