Турб

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Ҷаҳиш ба: новбари, Ҷустуҷӯи
Турб
Raphanus sativus convar lobo20100405 19.jpg
Турб
Таснифоти илмӣ
Номи байналмиллалии илмӣ

Raphanus sativus L., 1753

Wikispecies-logo.svg
Систематика
дар Викинамуд
Commons-logo.svg
Акс
дар Викианбор
ITIS   23290
NCBI   3726
EOL   583801

Турб (лотинӣ: Raphanus sativus) — як навъ сабзавоти бехмева. Соли аввал бехмева ва соли дуюм гул карда, тухм мебандад. Бехмевааш гуногуншакл (лӯнда, дарозрӯя, махрутшакл ва ғайра), сафед, гулобӣ, зард, сиёҳ ва сурх, сермағзу сероб; вазни яктоаш то 5 кг мешавад. Баргаш чокдор, гулаш 4-баргаи дуҷинса, сафед, гулобӣ, бунафш ё зарди паст, мевааш ғилофаки дукшакл ё махрутшакл, тухмаш майдаи лӯнда ё дарозрӯя, дорчинранг.

Турб растании сармобардор аст. Тухмаш дар ҳарор. 4 – 5°С баъди 3 – 4 рӯз неш зада мебарояд. Барои нашъунамои хуби Турб ҳарор. 16 – 18°С мусоид асТурб Ҳарор. баланд ба Турб таъсири бад мерасонад; тез пухта, зуд пӯк мешавад. Аз норасоии намӣ суст сабзида, бехмевааш чӯб мегардад. Турб дар хоки марғзории серғизо, регхок ё гилхоки регомези хокистарранги серпору хуб месабзад. Дар Тоҷикистон ду навъи тезпазаки Турб – марғелонӣ (даври нашваш 85 – 90 рӯз) ва ашқободиро мепарваранд. Турб-ро дар шароити Тоҷикистон асосан тобистон (ох. июн – авв. июл) мекоранд. Ҳангоми баҳорон коштан қисми зиёди растанӣ гулпоя мебандад. Турб зироати паскишт асТурб Онро дар замини сабзавоти барвақтӣ мекоранд. Картошка, нешпиёз, бодиринг ва ғ. барои Турб пешкишти хубанд. Турб сабзавоти дӯстдоштаи тоҷикон асТурб Таъми хуш ва каме тунд дорад. Онро тару тоза мехӯранд, ба бисёр таъомҳои миллӣ меандозанд. Турб сабзавоти парҳезӣ ва табобатӣ низ мебошад. Онро аз замонҳои қадим чун растании доруӣ истифода мебаранд. Буқрот (а-ҳои 5 – 4 то м.) хусусиятҳои шифоии онро таъриф кардаасТурб Дисқуридус ва Ҷолинус иштиҳоовар будани Турб-ро қайд намуданд. Абӯалӣ Сино бо тухми Турб иллати ҷигар ва бо шираи бехаш обхӯраро табобат мекард. Табабони халқӣ онро бештар барои табобати иллати испурч, инчунин сурфакабудак истифода мебаранд. Турб-и дар асал хобондаро ҳангоми илтиҳоби роҳи нафас, сил ва сурфа истеъмол мекунанд. Маълум кардаанд, ки оби Турб ҷудошавии шираи меъдаро метезонад ва ҳазми хӯрокро беҳтар мегардонад, кори рӯдаро тақвият медиҳад, ба хориҷ шудани холестерин аз организм мусоидат мекунад. Вале ҳангоми захми меъда, илтиҳоби рӯда, иллати ҷигар ва бемориҳои вазнини дил аз истеъмоли Турб худдорӣ бояд кард. Бино ба ақидаи табибони халқӣ агар Турб-ро бихӯранд, ахлоти ғафсгаштаи баданро рақиқ (суюқ) менамояд, варам ва моддаҳои ғализро дар бадан таҳлил медиҳад, бод пайдо мекунад, оруғ меоварад агар беҳад бихӯранд (вале тухмаш несткунандаи оруғ аст), барои баъзе одамон ҳазмкунандаи таомҳои ҳазмнопазир, хусусан барги он, вале дар баъзеҳо, ки меъдаашон рутубати бисёр дошта бошад, ҳазмро манъ мекунад, ҳатто ба дараҷае зарарнок аст, ки феъли меъдаи онҳоро вайрон месозад (хусусан худи турбро бихӯранд), зеро ки дар Турб моддаҳои сабуки зуд бадбӯшаванда мавҷуданд ва пешобро меронад. Агар барги баҳории онро бо равғани зайтун пухта бихӯранд, ғизоияташ аз худи турб зиёдтар мегардад. Дар Турб се хосият мавҷуд аст: баргаш парокандакунандаи бодҳои дарун мебошад, тухмаш пешобро меронад ва худи турб балғамро қатъ мекунад. Даруни Турб-ро холӣ карда, равғани гулисурх дар он рехта, ба рӯи оташ гузоранд, то равған биҷӯшад, баъд он равғанро нимгарм чанд қатра дар гӯш чаконанд, барои нест кардани боди даруни он, дарди гӯш зуд ва хуб таъсир мекунад. Агар оби Турб-ро бо равғани гулисурх якҷо карда, дар оташ биҷӯшонанд, то он ки обаш бухор шуда раваду равған бимонад, ин равғанро низ бичаконанд, ҳамон таъсирро дорад. Хӯрдани Турб ба чашм зарар дорад, вале оби онро дар чашм чаконанд, доғи таги гӯшаи чашмро аз тарафи бинӣ дафъ мекунад. Ва агар оби баргашро дар чашм чаконанд, қуввати бинишро тез мегардонад.

Барги Турб-ро кӯфта, ба зери чашм гузошта банданд, хунеро, ки дар таги чашм мурда ва аз он доғи кабуд зоҳир гашта бошад, онро дафъ мекунад. Ва баргашро кӯфта, бо асал хамир карда, ба чашм гузошта банданд, оби бегонаи дар гавҳарак фуромадаро, ки соҳибашро кӯр мегардонад, пароканда сохта, чашмро аз нав равшан месозад. Турб-ро дар об ҷӯшонида, он обро бинӯшанд, сурфаи кӯҳнаи чандвақтаро шифо мебахшад, моддаҳои дар даруни сина пайдошударо суюқ гардонида, берун меронад ва дарди гулӯро, ки аз хӯрдани занбӯруғи заҳрнок ба амал омада бошад, сиҳат мекунад. Турб-ро дар об ҷӯшонида, он обро бо асале, ки дар он сирко андохта турш карда бошанд, омехта, бо он ғарғара кунанд, дарди гулӯи шадидро дафъ мекунад.

Турб барои меъда бо як хислаташ зарарнок аст: оруғ меоварад. Таом хӯрда, аз болояш Турб истеъмол намоянд, шикамро мулоим мекунад ва барои ғизоро ба узвҳои бадан фиристодан кӯмак медиҳад.

Хӯрдани Турб барои узвҳои даруни сина, паҳлу ва сипурз мувофиқ аст, инчунин тухмашро агар ҳар рӯз бихӯранд, ба узвҳои мазкур фоида мебахшад. Табиби машҳур Ибни Мосавия гуфтааст: «Оби турбро бинӯшанд, таомро ҳазм мекунад, гиреҳҳои рагҳоро дар ҷигар ва сипурз мекушояд; истисқо, иллатҳои сипурз ва зардпарвинро фоида дорад; тилфаш феъли меъдаро вайрон мекунад; тухмаш бодҳои дарунро пароканда менамояд, иштиҳо меоварад, пасмондаи ғизоро ба зудӣ аз рӯдаҳо берун меронад ва барои дарди ҷигар нафъ дорад». Агар хӯроки вазнин тановул карда, аз болояш 2,5 г тухми Турб-ро хоида бихӯранд, онро зуд ҳазм мекунад. Ҳар рӯз аз тухмаш як маҳал 2 – 3 г бихӯранд, луққос зада дард кардани пайвандҳо (буғумҳо)-ро ба ислоҳ меоварад, ирқуннасоро сиҳат мебахшад, дарди суринҳоро дафъ мекунад ва хориши баданро, ки сабабаш бисёр ҷамъ шудани балғам бошад, нест мекунад. Худи Турб-ро низ бихӯранд, бемориҳои мазкурро дафъ месозад, балки аз тухмаш зӯртар аст.

Турбро кӯфта, бо асал даромехта, ба захмҳои хабиса, решҳои бадтарини фасодашон ширмонанд ва асалранг гузошта банданд, шифо мебахшад. Ва агар тухмашро кӯфта, бо сирко сиришта, ба доғи гангрена ва ба шукуфаи пӯст гузошта банданд, онҳоро нест мекунад. Худи Турб-ро кӯфта, бо орди гандуми девона хамир карда, ба рихинакҳои рухсора гузошта банданд, чеҳраро аз онҳо пок менамояд.

Турб-ро дар об ҷӯшонида, он обро занҳо бинӯшанд, ҳаёзи бастаи онҳоро равон мекунад. Бандҳои барги Турб-ро кӯфта, фишурда обашро гирифта, 25 г аз он бинӯшанд, санги хичакро майда карда мерезонад, вале агар инро бо сиканҷабин даромехта бинӯшанд, таъсираш зудтар ва зиёдтар мегардад дар ин амал. Оби барг ва банди барги онро ба миқдори 75 г гирифта, бо шакар ширин карда бинӯшанд, тамоми зардобро аз бадан дур мекунад ва бо ин восита иллати истисқоро ҳам шифо мебахшад; агар инро бо намак бинӯшанд, иллатҳои сипурзро ба ибро меоварад, гиреҳҳои даруни ҷигарро мекушояд ва зардпарвинро нафъ мебахшад. Даруни Турб-ро кофта гирифта, дар он ковокӣ тухми шалғам пур кунанду даҳани онро бо порчаи турб маҳкам намуда, баъд онро ба миёни хамир гирифта, дар қӯри оташ пухта, бо асал бихӯранд, ҳамин тариқ се рӯз пай дар ҳам амал кунанд, санги хичакро майда карда мерезонад. Ва агар як худи тухми Турб-ро бихӯранд, ҳайз ва шири занонро ҷорӣ мекунад, қуввати боҳро ба ҳаракат меоварад, инчунин қайовар низ мебошад; барои дарди ҷигар, ки аз хунукӣ бошад, шифо мебахшад ва барои варами сипурз фоида дорад. Хӯрдани Турб ранги рухсорро неку мегардонад. Турб-ро кӯфта, бо орди гандуми девона хамир сохта, ба ҷоҳои гирдак-гирдак мӯйрехтаи сар ва риш гузошта банданд, мӯй мерӯёнад; ва агар инро бо асал хамир карда, ба доғҳои зери чашм гузошта банданд, онҳоро дур мекунад. Оби Турб-ро ба шукуфаи пӯст бимоланд, фоида дорад. Тухмашро кӯфта, бо асал хамир карда, ба доғҳои нуқтамонанди сиёҳ ва сафеди дар рӯи пӯст пайдошуда ва инчунин ба дигар доғҳои бегонаи пӯст гузошта банданд, пӯстро аз он доғҳо пок мекунад, аз он ҷумла доғҳои кунҷидакро ҳам дафъ ва ранги рӯйро тоза месозад, шукуфаи пӯстро шифо мебахшад. Турб-ро як шабонарӯз дар сиркои тунди ангурӣ тар карда, баъд ба дили наҳор бихӯранд, сипурзи сахтшударо мулоим мекунад, инчунин онро бо таом бихӯранд ҳам, чунин фоидаро дорад.

Аз турб равған ҳам тайёр мекунанд ба ин тариқ. Тухм ва оби барги онро дар ибтидои тухм бастан кӯфта, фишурда, обашро гирифта, дар зарфе аз болои он об ду баробари вазни он равғани зайтун ё равғани кунҷид дохил карда, бо оташи мулоим меҷӯшонанд. Ҷӯшида-ҷӯшида, об бухор гашта меравад ва равған боқӣ мемонад. Ҳамин равған равғани турб ҳисоб меёбад. Аз ин равған ҳар рӯз як ё ду қошуқ бихӯранд, фолиҷ ва каҷ шудани рӯйро сиҳат мекунад, азияти заҳри каждум ва ҷонварони дигарро низ дафъ месозад. Агар ин равғанро нимгарм дар гӯш чаконанд, бодҳои даруни гӯшро, ки дар даруни гӯш садоҳои гуногунро ба амал меоваранд, дафъ месозад ва дардашро ҳам таскин медиҳад. Агар аз рӯ бимоланд, низ иллати фолиҷ, каҷ шудани рӯ ва нотавон гаштани аъзоро шифо мебахшад, шахшӯлии пӯстро ислоҳ мекунад, ранги рӯйро соф мегардонад.

Нигаред[вироиш]

Адабиёт[вироиш]

  • Ҳикмати асрҳо (мураттибон В.А. Капранов, Р. Ҳошим), Д., 1975; Нуралиев Ю., Лекарственные растения, Д., 1988; Зоҳидов Ҳ., Канзи шифо, Д., 1998.