Турсуни Фароизӣ
Зоҳир
Турсуни Фароизӣ (қарни XVII, Бухоро) — донишманд ваа адиби форс-тоҷик.
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Дар Самарқанд таваллуд ёфтааст. Пас аз хатми таҳсили улуми замона ба Бухоро омад ва дар ҳамон ҷо вафот кард.
Асарҳои зиёд дорад. Малеҳои Самарқандӣ чанд номгӯй таълифоти Турсуни Фарозиро зикр кардааст. Ба ин номгӯй боз «Шарҳи Фароизи Ҳуҷам», «Шарҳи „Шабистони хаёл“»-и Фаттоҳии Нишопурӣ ва «Шамъи шабистон»-ро илова мекунанд. Ду асари охирин аз таълифоти адабии Турсуни Фарозӣ буда, яке шарҳ ва дигаре дар ҷавоби асари Фаттоҳии Нишопурӣ «Шабистони хаёл» навишта шудааст.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Турсуни Фароизӣ / С. Саъдиев // Сақофӣ — Ховалинг. — Д. : СИЭСТ, 1987. — (Энциклопедияи Советии Тоҷик : [дар 8 ҷ.] / сармуҳаррир М. Д. Диноршоев ; 1978—1988, ҷ. 7).