Jump to content

Тути балхӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Балхӣ, тути балхӣ — навъе аз тутҳои бедонаи маҳаллӣ.

Баргаш калони байзашакл (дарозиаш 8–22, бараш 6–13 см), яклухт ё дандонадор, нӯгтез, сабзи баланд, думчааш дароз (4,5 см). Ғуҷуммевааш калон (17–26 мм, бараш 10–13 мм), камоншакл (хосси ин навъ аст). Мевааш бетухм, рангаш сафеди шаффоф, серобу ширин, хуштаъму хушбӯй. Ҳангоми пурра пухтан (май–июн) 11–13%, баъди мавизак шудан 24–25% қанд дорад. Меваашро тар мехӯранд, тутмавиз мехушконанд ва ширинӣ мепазанд.

Тутмавизу тутписташ хеле ширину серғизост (дар таркибаш 58–63% қанд дорад). 1 кг тутписти балхӣ ба қувваи ғизоии 2,4 кг нони гандум баробар аст. Дарахташ зудсабзи дарозумр (дар ш. Хуҷанд дарахти 1100-солаашро пайдо кардаанд), сершохубарг, навдаҳояш кӯтоҳбуғуми дароз (то 1,5 м), фосилаи байни буғумҳояш 45 мм. Дар ҳар гуна хок месабзад. Дар ноҳияҳои Панҷакент, Конибодом, Хуҷанд, Ашт, Айнӣ ва ғайра, инчунин, Ӯзбекистону Қирғизистону Туркманистон мепарваранд. Дарахташ ба сармо, камобӣ ва касалию ҳашароти зараррасон тобовар аст.

  • Смальский Н. В. Культура тутового дерева в Зеравшанской долине// Дар кит. Плодовые Среднего Таджикистана. Л., 1935.