Jump to content

Тутпист

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Тутпист — навъи хӯроки мева, ки аз тут тайёр карда мешавад.

Тутҳои хушкро дар санги ҷувозак ё осиёб орд карда, талқон омода месозанд, ки он «тутпист» ном дорад. Тутпист ё орди тутро дар охурҳои махсус – хамба ё кулӣ нигаҳ медоранд. Он дар намӣ зуд сахт мешавад ва шахшудаашро бо табару теша пора мекунанд.

Аз тутпист ширинӣ ва ҳалво тайёр мекунанд, ба баъзе таомҳо ҳамроҳ менамоянд ва инчунин дар ҳамон шакли кӯбидааш бо чой истеъмол мекунанд. [1]

Нигаред низ

[вироиш | вироиши манбаъ]
Анбори Википедиа дар бораи ин мавзӯъ гурӯҳ дорад:
  1. Д. Раҳимов. Касбу ҳунарҳои анъанавии тоҷикон. – Душанбе, 2014. – С. 18 - 19.